Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар намоишгоҳи Tajik-Build, ки дар Душанбе ифтитоҳ гардид, 40 ширкат аз 10 кишвари ҷаҳон масолеҳи сохтмонии аз қабили дару тиреза, шифер, рангҳои мухталиф, қубурхои плостикӣ, таҷҳизоти техникиро пешниҳод намуданд. Аксари ин ширкатҳо кишварҳои Италия, Олмон, Казоқистон, Чин, Русия, Украина ва Туркияро намояндагӣ мекарданд.

Муовини роҳбари Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон Мавҷуда Ёрматова мегӯяд, ҳадафи аслии намоишгоҳи Tajik-Build ин густариш додани ҳамкориҳо бо ширкатҳои хориҷии тавлидкунандаи масолеҳи сохтмонӣ, афзоиш додани маводи воридотӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Дар намоишгоҳи мазкур ширкатҳои истеҳсолкунандаи хориҷӣ ширкатҳо ва соҳибкорони тоҷикро барои фурӯши маҳсулоти худ дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ даъват намуданд.

Хонум Эсмира, намояндаи ширкати «Ҳакам Плостик»-и Туркия, мегӯяд, ширкати онҳо шурӯъ аз соли 1964 ба истеҳсоли қубур ва дигар масолеҳи плостикӣ машғул аст ва то имрӯз дар бозорҳои кишварҳои мухталиф ҳузури фаъол дорад. Вай меафзояд, дар намоишгоҳи имрӯза бо як қатор ширкатҳои тоҷикӣ барои ҳамкорӣ маслиҳат кардаанд ва ӯ умедвор аст, ки ҳамкориҳо дар Тоҷикистон рушд хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, бо густариш ёфтани ҳамкориҳои ширкатҳои хориҷии истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ воридоти махсулоти босифат ба кишвар хоҳад афзуд ва, эҳтимол меравад, нархи маҳсулоти сохтмонӣ низ дар бозори дохили коҳиш ёбад.

XS
SM
MD
LG