Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи Суқрот дар дасти олими тоҷик


Профессор Боқиев бо ҷоиза дар даст

Профессор Боқиев бо ҷоиза дар даст

Донишманди тоҷик – Маҳмуд Боқиев, ректори Донишгоҳи муосири гуманитарии Тоҷикистону Русия дар Хуҷанд ҷоизаи байналмилали ба номи Суқрот дар бахши маорифро ба даст овард.

Ин ҷоиза аз ҷониби Ассамблеяи тиҷоратии Аврупо таъсис ёфта, ҳар сол аз ҷониби ҳокими шаҳри Оксфорди Бритониё ба намояндагони илму маорифи кишварҳои ҷаҳон, ки дар соҳаи худ хидматҳои арзанда ва тозакориҳое кардаанд, супурда мешавад.

Профессор Боқиев мегӯяд, ӯ ва муаллимони Донишгоҳи муосири гуманитарии Хуҷанд барои бори аввал дар Тоҷикистон дар тӯли 9 сол усули нави таълими фосилавиро ҷорӣ карданд ва супорандагони ҷоизаи Суқрот ҳамин хидмати ӯро ба ҳайси сарвари донишгоҳ ба назар гирифтаанд.

Ӯ гуфт, тавассути фанновариҳои техникӣ ва интернет Донишгоҳи муосири гуманитарии Хуҷанд муваффақ бар он шудааст, ки барои муҳассилини худ ба тариқи муназзам дарсҳои фосилавӣ ташкил кунад. Профессор Боқиев гуфт, чун Тоҷикистон як кишвари кӯҳистон аст ва ба сокинони навоҳии дурдаст ба марказҳо омда таҳсил кардан бисёр мушкил аст, ин усули таълим кори илмомӯзиро хеле осон мекунад.

Ҷоизаи байналмилалии Суқрот аз нишон ва ҳайкалчаи тиллоии Суқрот – файласуфи юнонӣ, дипломи Ассамблеяи иқтисодии Аврупо ва номаи сипос аз ин ташкилот иборат аст.

Маҳмуд Боқиев, доктори улуми педагогӣ, профессор, академики Академияи байналмилалии информатиконӣ нахустин нафар аз Тоҷикистон аст, ки ин ҷоизаро дарёфт кард. Чун ӯ саривақт имкони сафари Бритониё ва ширкат дар маросими ҷоизагирӣ надошт, ҳокими шаҳри Оксфорд ҷоизаро ба вай ба тариқи почта фиристод.

XS
SM
MD
LG