Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ ва аҳзоби мухолифи Тоҷикистон рӯзи 18-уми октябр дар нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолияти порлумони кишварро камранг ва ба сурати умум порлумонро як органи ғайримустақил ва тобеъ ба ҳукумат арзёбӣ карданд.

Онҳо тақозо намуданд, то нақши ночизи порлумон дар роҳи татбиқу амалисозии қонунҳо ҷоннок гардад. Аз ҷумла, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров гуфт, аксар лоиҳаҳои қонун аз сӯйи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод ва бидуни баҳсу баррасии он дар муқоиса бо лоиҳаи қонунҳои алтернативӣ қабул мешавад.

Оқои Зоиров афзуд, ин қонунҳо, ки аксаран аз ҳуқуқи мансабдорон ҳимоят мекунад, ба нафъи мардуми оддӣ нахоҳад буд. Раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон ҳамзамон таъсиргузории ҳукумат дар кори порлумонро назаррас ва ба ин далел ин ниҳоди қонунгузорро дигарбора ғайримустақил хонд.

Вале Убайдулло Давлатов, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳамоно аз мавқеи ҳозираи Маҷилси намояндагон дифоъ намуда, таъкид кард, ки назорат аз рӯи иҷроиши қонунҳо на масъулияти порлумон, балки бар ӯҳдаи додситонӣ аст.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили порлумон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ мегӯяд, намояндаҳои мардумӣ вобаста ба завқи мардум ва ба нафъи мардум қонунҳоро таҳия мекунанд, зеро нав дарк намудаанд, ки раъйдиҳандагон низ фаъолияти онҳоро назорат мекунанд.

Аммо оқои Кабирӣ афзуд, тӯли тақрибан ду соли фаъолияташ дар порлумон телевизионҳои давлатӣ аз пахши суханрониҳои ӯ дар парлумон худдорӣ варзидаанд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки намояндаҳои мардумии Тоҷикистон фурсати ками дидорбинӣ ва мулоқот бо мардумро доранд ва ин имкон намедиҳад, то даъвою пешниҳодоти онҳо низ дар ҷараёни таҳияи қонунҳо таъсиргузор бошад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи раҳбари созмони ғайриҳукуматии «Ҷомеъа ва ҳуқуқ» Муаттар Ҳайдарова, порлумон зоҳиран кореро анҷом медиҳад, ки бар ӯҳда дорад. Аммо дар асл, ба гуфтаи ӯ, иртиботи ҳайъати порлумон бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ сарду хушк аст, ки андешаҳои алтернативиро сарфи назар мекунад.

Бо ин ҳама коршиносон мегӯянд, аз 63 курсии порлумон 46 курсӣ марбут ба аъзои ҳизби ҳокими халқӣ - демократии Тоҷикистон аст, ки ҳангоми раъй додан аз мавқеи ҳукумат ва аслан аз мавқеи шахси президент дифоъ карда мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG