Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Эмомалӣ Раҳмон ба Ислом Каримов


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, гуфт, кишвараш дар баҳси истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба гуфтушуниди ошкоро ва бидуни миёнарав омодааст.

Дар суханроние дар бар баробари ширкаткунандагони мулоқоти минтақаии Сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ, президенти Тоҷикистон гуфт, бе татбиқи барномаҳои обу энержӣ кишвараш наметавонад, аз бӯҳрон раҳоӣ ёбад, вале дар ин самт Тоҷикистон ба мувозанати манофеъи минтақаӣ ва миллӣ арҷ мегузорад.

Аз ин дидгоҳ, гуфт ҷаноби Раҳмон, барномаҳои энержии Тоҷикистон ба муқобили давлатҳои ҳамсоя нигаронида нашудааст. Вай инчунин ишора кард, ки истифодаи об дар тавлиди энержӣ ба маънии истеъмол ё сарфи бебозгашти об нест ва дар ин сурат об фақат аз турбинаҳои тавлиди барқ мегузарад, аммо талаф намеёбад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон сарфи беназорати обро дар зироаткорӣ ва обшор кардани заминҳои нав соҳаи бузурги масрафи бебозгашти об ва ё бозгашти он бо сифати паст номид.

Ҷаноби Раҳмон бори дигар изҳор дошт, ки кишвараш тарафдори пажӯҳиши мустақилона ва бетарафонаи байнулмилалии масъала, гуфтушуниди ошкоро ва бе миёнарав дар ҳалли он аст.

Мақомоти олии Узбакистон борҳо мухолифати худро ба тарҳи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун изҳор дошта, гуфтаанд, агар ин нерӯгоҳ сохта шавад, маҷрои об ба кишварҳои поёноб коҳиш хоҳад ёфт. Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, гуфтааст, бунёди чунин нерӯгоҳ набояд бе машварат бо ҳамсоягон ҷараён бигирад.

Аксари коршиносон мухолифати раҳбари Узбакистонро талоши сиёсӣ кардани масъалаи об дар минтақа меноманд ва мегӯянд, Тошканд танҳо аз он ҳарос дорад, ки обанбор дар оянда ба фишанги фишори сиёсии Тоҷикистон бар Узбакистон табдил хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG