Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи душанбеи 26-уми январ дар Бруссел мулоқоти ғайрирасмии сафирони НАТО ва Русия баргузор мешавад, ки қарор аст, фаъолияти Шӯрои дуҷониба ва ояндаи муносибатҳои ду тарафро рӯшан кунад. Кори ин шӯро пас аз ҳамлаи Русия ба Гурҷистон дар мояи августи соли гузашта ба ҳолати таълиқ даромада буд.

ИЗҲОРОТИ РОГОЗИН

Сафири Русия дар НАТО, Дмитрий Рогозин гуфтааст, кишвараш дар ҳоле ба транзити амволи НАТО ва Амрико аз қаламрави кишварҳои шӯравии пешин иҷоза медиҳад, ки фаъолияти Шӯрои НАТО ва Русия аз сар гирифта шавад. Вай ҳамчунин гуфт, бархилофи гуфтаҳои генерали амрикоӣ Дейвид Петреус Маскав ба убури амволи низомии Амрико ва НАТО ба воситаи ин қаламрав ризоият надодааст. Тоҷикистон низ қарор аст, яке аз гузаргоҳҳои ин амвол гардад. Оё ризоияти Душанбе ба ҳамкорӣ ба хотири ояндаи авзоъ дар Афғонистон гаравгони муносибатҳои Маскаву НАТО мешавад?

ВОКУНИШИ НАТО

Мақомоти Паймони Атлантики Шимолӣ аз шарҳи изҳороти ахири Сафири Русия дар НАТО, Дмитрий Рогозин худдорӣ карданд, аммо нохушнудии онҳо аз гиреҳ додани ояндаи равобити ду тараф бо транзити амволи ғайриҳарбии НАТО ва Амрико аз қаламрави кишварҳои шӯравии пешин пинҳон набуд. Роберт Пшел, яке аз масъулони равобити НАТО ва Русия дар ситоди Паймони Атлантики Шимолӣ дар Бруссел дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ чунин гуфт: "Вазирони НАТО ба Дабири кулли созмон салоҳият доданд, ки бо музокиракунандагони Русия вориди гуфтугӯ шавад ва ҳамчунин имконияти як мулоқоти ғайрирасмии Шӯрои НАТО ва Русияро биёзмояд. Ва албатта, ин як имконият аст, ки ду ҷониб мавзеъгириҳои худро матраҳ кунанд ва ҳарчанд дар он ягон тасмим гирифта нахоҳад шуд, вазъи феълии ва ояндаи муносибатҳоро баррасӣ намоянд."

НИШАСТИ САФИРОН

Ҷаноби Пшел аз шаҳри изҳороти ахири сафири Русия дар НАТО Дмитрий Рогозин худдорӣ кард, вале афзуд, агар ҷаноби Рогозин ин шарти худро дар миён гузорад, он ҳам баррасӣ хоҳад шуд. Намояндаи сафорати Русия дар НАТО ба мо гуфт, Рогозин феълан дар Маскав аст ва ба нишасти рӯзи душанбе бо сафирони НАТО омодагӣ мегирад. Изҳороти ӯ, ки эҳтимоли транзити амволи НАТО ва Амрикоро ба воситаи Русия ва дигар кишварҳои муштаракулманофеъ ба оғози пурраи кори Шӯрои НАТО ва Русия бастагӣ дод, низ аз Маскав пахш гардид. Рогозин гуфт, НАТО ва амрикоиҳо ҳоло дар роҳҳои интиқоли бор аз тариқи Покистон ба мушкил рӯбарӯянд ва мехоҳанд, роҳҳои наверо аз Осиёи Марказӣ боз кунанд.

МУШКИЛИ МИНТАҚАӢ?

Аммо рӯзи панҷшанбе Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яап де Ҳуп Схеффер дар Исломобод ба пешрафтҳое дар боз кардани ин роҳҳо даст ёфт, вале низ таъкид кард, ки масъалаи Афғонистон як мушкили минтақаист ва бояд ҳалли минтақаӣ дошта бошад. Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба масъалаи Афғонистон, президенти нави Иёлоти Муттаҳида Барак Обама низ мехоҳад, нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русияро дар ҳалли минтақаии мушкили Афғонистон густариш диҳад. Пас изҳороти намояндаи аршади Русия бо радди ин ҳамкориҳо чӣ маънӣ дошта метавонад? Коршиноси мустақили низомӣ дар Маскав, Павел Фелгенҳауер мегӯяд, "изҳороти Рогозин бештар сиёсист ва як хоҳиш аст, ки Русия омодааст, кӯмак кунад, вале дар иваз Ғарб бояд ҳамла ба Гурҷистонро ба Маскав бибахшад. Тақрибан ҳамин чизро имрӯз президент Медведев дар Тошканд изҳор дошт ва гуфт мехоҳад дар ин бора бо Обама гуфтушунид кунад."

СОЛҲОИ 2001 ВА 2009

Ҳам ин коршинос ва ҳам таҳлилгарони дигар бар инанд, ки иҷозаи Русия дар соли 2001 ба истифодаи қаламрави кишварҳои шӯравии собиқ дар ҷанги амрикоии зидди ваҳшатафканӣ бо он чӣ имрӯз аз Маскав дархост мешавад, фарқ дорад. Дар ҳоле ки он вақт аввал иҷозаи Русия гирифта шуда, сипас Вошингтон рӯ ба ин кишварҳо овард, акнун раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, генерал Петреус ба Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар карда, эълом дошт, ки ҳамаи онҳо ба транзити амволи НАТО ва Амрико ризоият додаанд. Аммо акнун намояндаи Русия дар НАТО мегӯяд, ҳанӯз ҳеҷ гуна қарордоде омода нашудааст ва танҳо пешниҳоде ба Русия шудааст, ки бояд баррасӣ гардад.

ТРАНЗИТ КАЙҲО САР ШУДААСТ

Ҳама гуна эҳтимоли транзити амволи ҳарбиро аз ин масир, ҷаноби Рогозин комилан рад кард. Бархилофи ӯ, коршиноси мустақили низомӣ дар Маскав, Павел Фелгенҳауер гуфт, чанд моҳ аст, ки тибқи созишномаи Русия ва Олмон амволи нерӯҳои олмонии НАТО ба воситаи Русия ба Афғонистон интиқол дода мешавад. Ва Роберт Пшел, яке аз масъулони равобити НАТО ва Русия дар ситоди Паймони Атлантики Шимолӣ дар Бруссел мегӯяд, ҳамкориҳои тарафайн дар мавриди Афғонистон ҳамеша идома доштаанд: "Ҳарчанд мо дар муносибатҳои Русия ва НАТО давраҳои мушкиле доштаем, тамосҳо ҳамеша идома доштанд ва ҳамкориҳои мушаххас дар риштаҳои марбут ба Афғонистон ё ҷанги зидди терроризм ҳамеша идома доштаанд."

ПАС?

Ба ин тартиб, коршиносон хулоса мекунанд, ки изҳороти Рогозин як навъ тиҷорати сиёсист, ки гузашти Русия ба НАТО набояд беҷавоб бошад. Даргумон аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дастури ӯ амал кунанд.
XS
SM
MD
LG