Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози кори президент Барак Обама


Пас аз расми бошукӯҳи савганд президенти Иёлоти Муттаҳида Барак Обама дар Кохи Сафед ба кор сар кард.

"Ман Барак Ҳусейн Обама, ботантана савганд мехӯрам, ки вазифаамро ҳамчун президенти Иёлоти Муттаҳида содиқона иҷро мекунам ва бо беҳтарин тавонмандиям Қонуни асосии Иёлоти Муттаҳидаро ҳифз, ҳимоят ва дифоъ мекунам. Худо мададгори ман."

Ҳамин гуна вай бо такрори вожаҳо ба думболи раиси Додгоҳи олӣ Ҷон Робертс савганд ёд кард ва раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаро бар дӯш гирифта, ба ҳокимияти ҳаштсолаи тазодомези Ҷорҷ Буш хотима гузошт.

Сенатори демократ аз Калифорниё, Даяна Фейнштейн бо муроҷиат ба издиҳоми дуниммиллионнафарӣ чунин гуфт: "Наслҳои баъдина ин субҳро ба ҳайси як нуқтаи гардиш ба самти дигаргуниҳои воқеъӣ ва зарурии кишвари мо ёд хоҳанд кард. Онҳо бозпас хоҳанд нигарист ва ба ёд хоҳанд овард, ки лаҳзае орзуи қаъри арсҳо дар зинаҳои Мақбараи Линколн танинандоз шуд ва ниҳоят ба деворҳои Кохи сафед бархӯрд."

Баъд аз чанд лаҳзаи дигар президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама нутқе эрод намуд, ки саршор аз нерӯву ғайрат ва умеду эътимод буд.

Ин рӯзе буд, ки гуфта мешавад, Барак Обама аз кӯдакӣ орзуяшро дошт. Соли гузашта мураббии давраҳои боғчаравии ӯ ба хабарнигорон гуфт, Обамаи хурдсол боре иншое навишта буд, зери унвони "Ман мехоҳам президент шавам."

Расми савганди Обама дар Вошингтон ба маъаракаи бошукӯҳе табдил ёфт, ки ду вижагии тақрибан беназир дошт. Яке -- шодию ҳаяҷони одамон, ки мумкин аст, шумораи онҳо дар National Mall ё Кӯчабоғи Миллӣ, хиёбони байни Кохи Сафед ва бинои Конгресс, наздик ба дуним миллион нафар буд. Дувум -- чораҳои амниятӣ, ки барои онҳо 75 миллион доллар харҷ шуд. Зиёда аз 100 кӯча дар маркази Вошингтон баста шуд ва ҳафт пули байни аёлати Вирҷиниё ва пойтахт низ.

Душанбегиҳо медонанд, ки баста шудани роҳҳо чӣ маъно дорад, аммо ҳодисаи Душанбе дар Вошингтон шояд як ҳазор мартаба бузургтар аст. Дар гушаи боми ҳамаи биноҳо атроф нишонзанҳо ва нозирон нишастаанд ва даҳҳо чархбол дар фазо давр мехӯрад. Садҳо мутахассиси амният, музокиракунандаҳои ҳирфаӣ бо гаравгонгирон, издиҳоми бузурги полис ва Горди миллӣ омодаи вокуниш ба камтарин ҳаракати беҷо буданд.

Дар ҳоле ки Обама бо як ҷаҳон ҳаяҷон ва хушбинӣ пешвоз гирифта мешуд, аз дари дигари Кохи Сафед бору колои президент Ҷорҷ Бушро, ки чанд рӯзи охирашро дар оромӣ ба сар бурд, ба мошинҳо бор карданд. Охирин шанбеву якшанбеашро Буш ҳамроҳи ҳамсараш Лора дар Кемп Дейвид, осоишгоҳи президентии бешазорони берун аз Вошингтон гузаронд. Рӯзи шанбе охирин паёми радиоии президентиашро пахш кард ва ба ҷойнишинаш барори кор хост: "Рӯзи сешанбе Лора ва ман ба ҳамаи амрикоиён ҳамроҳ мешавем, то ба президент Обама, ҳамсари ӯ Мишел ва ду духтари зебояшон беҳтарин орзуҳоро баён кунем. Ва ҳамон рӯз дертар мо ба Тексас, назди хешу табор ва дӯстони азизамон меравем. Ман дар меравам, ки аз кори худ дар ин мақом ифтихор дорам. Ва умри боқимондаи худро ба сипосгузорӣ ба сар мебарам аз он ки имкон доштам ҳамчун презиеднт ба бузургтарин миллати рӯи замин хидмат кунам."

Буш низ дар расми савганд ва дертар дар зиёфати президенти нав якҷо бо чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ширкат кард. Аз аъзои ҳукумати нав танҳо вазири дифоъ Роберт Гейтс дар расми савганд ҳузур надошт. Вай ҷонишини Обама барои ҳолати фалокатомез таъин шудааст. Биноан Гейтс дар макони махфие дур аз ҷои маърака маҳфуз хоҳад буд.

Чораҳои шадиди амниятӣ, ҳарчанд барои ҳама гуна маъракаҳои Амрико акнун хос шудааст, бархе аз тахмину пешгӯиҳоро ба ёд меоранд, ки тибқи онҳо Барак Обама мумкин аст, ҳадафи сӯиқасд қарор бигирад. Аммо изтироби асосии мардум чи дар Кӯчабоғи Миллии Вошингтон ва чи дар саросари Амрико бештар ба вазъи иқтисодии мамлакат рабт дошт. Иқтисодиёти Амрико сахт бемор аст ва ҳарчанд дар чунин мавридҳо аз депрессияи солҳои сиюм ёд мекунанд, ба ақидаи аксари коршиносон ин як пасрафти одӣ нест ва ниҳоят амиқ аст.

Боҳушону бедорон, бо вуҷуди он ки аз Обама ҳамчун нахустин президенти африқоиасл истиқбол карданд, мегӯянд, танҳо бо паёмҳои умедворкунанда мушкил аст, кишварро аз ин ҳол раҳо кард. Обама гуфтааст, ба рагҳои иқтисодиёт хуне аз 825 миллиард доллар хоҳад гузаронд ва 2 то 3 миллион шуғли нав эҷод хоҳад кард. Вале агар ин хун ба рагҳои зарурӣ наравад, фақат боиси таварум мегардад ва доллар метавонад фурӯ бипошад. Мардум таҳтушшуъуран ин тарсро доранд, аммо ба дониш, қатъият ва мӯътамадии Обама дил бохтаанд. Паёмҳои Обама, ки низ баландпарвоз набуда, балки оинаи ростбини вазъи воқеъӣ буданд, акнун боз ҳам заминитар шудаанд:

Вай гуфт: "Вале ман худам ба танҳоӣ наметавонам ин корро кунам, Мишел ҳам танҳо худ ин корро карда наметавонад. Ҳукумат ҳам фақат ҳаминро метавонад. Ва агар мо танҳо интизор бошем, ки касе меояду барои мо ин корро мекунад, касе меояду ҷои холиро пок мекунад ё фарзандони моро тарбия мекунад, хуллас, агар мо интизор мешавем, ки каси дигаре ба ҷои мо кори моро мекунад, ҳаргиз коре ба анҷом нахоҳад расид. Мо бояд ҳама якҷоя масъулиятро бар дӯш бигирем ва ин кори якшаба ҳам нест."

Аз рӯи ҳайате, ки Обама вориди ҳукуматаш кард, низ аз як сӯ эътимоди мардум ангезиш меёбад, ки аксари вазирон соҳибтаҷриба ва воқеъбинанд, аммо ин ҳам гуфта мешавад, ки эҳтимоли рақобат ва дар хеш банд мондан миёни онҳо кам нест. Вале аксарият ба лаёқати фавқулодаи Обама дар муттаҳид кардани одамон бовар доранд ва шояд аслан ҳамин аст сарчашмаи ҳаяҷону хушбинии мардум.

Тақрибан ҳамаи назарсанҷиҳои чӣ марказҳои амрикоӣ ва чӣ хориҷӣ нишон медиҳанд, эътимоди аҳолӣ ба Обама дар миёни панҷ президенти ахири Амрико баландтарин буда ба 80 дарсад наздик мешавад.

Акнун пас аз ёд кардани савганд ва оғози кораш дар Кохи Сафед вай маҷбур ва маҳкум ба он аст, ки арзандагии хешро ба ин эътимод ва ҳам орзуҳои субҳи нави Амрико ҳар рӯз исбот намояд. Дар пасманзари шубҳаҳои таърих, ки ғолибан кори амалии президентҳо ба ваъдаҳои интихоботии номзадҳо камтар шабоҳат доштааст.

Obama Inauguration
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

XS
SM
MD
LG