Пайвандҳои дастрасӣ

Набарди бенабардӣ дар интихоботи Русия


Дмитрий Медведев, номзади баргузидаи Кремл.

Дмитрий Медведев, номзади баргузидаи Кремл.

Ба он андозае, ки рӯзи интихоботи президентии Русия наздиктар мешавад, ба ҳамон андоза рағбату таваҷҷӯҳ ба он камтар мегардад.


Дар як назарсанҷие, ки бо фармоиши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Русия баргузор гашт, аксарияти ширкаткунандагон гуфтаанд, интихобот як сабқати ҳақиқӣ нахоҳад буд, зеро Кремл пешакӣ ғолиби онро таъин кардааст.

Дар айни замон, аксари посухдодагон гуфтаанд, ки дар интихобот ширкат хоҳанд кард ва умедворанд, ҳукумат ба зиндагии онҳо беҳбуд хоҳад овард. Танҳо як бахши хурди мардуми Русия, камтар аз 20%, бовар дорад, ки натиҷаҳои интихобот ба иродаи мардум вобаста хоҳад буд. Яъне бисёриҳо ба сабқати ҳақиқӣ дар интихобот бовар надоранд, аммо ҳамин бисёриҳо, яъне аз чаҳор се ҳиссаи интихобкунандагон бо ҳамин нобоварие, ки доранд, мегӯянд, дар овоздиҳӣ ширкат хоҳанд кард.

Таҳлилгарон бо арзёбии натиҷаҳои назарсанҷие, ки бо фармоиши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз тарафи маркази таҳқиқи афкори умуми Левадаи Маскав ва Пажӯҳишгоҳи паймоиши InterMedia (Вошингтон) дар Русия ҷараён ёфтааст, мегӯянд, ба назар мерасад, дар байни ҳукумати Русия ва аксарияти аҳолии он як созиши иҷтимоӣ баста шудааст. Яъне аҳолӣ коре ба ҳокимон нахоҳад дошт, ба шарте зиндагии он беҳбуд ёбад.

Шореҳи Маркази Карнегии Маскав, Николай Петров низ ҳамин андешаро дар миён мегузорад. Вай мегӯяд, як созишномаи нонавиштае мавҷуд аст, ки тибқи он мардум ба сатҳи муайяни озодиҳои шахсӣ ва некӯҳолӣ даст меёбанд ва ҳукуматдорон дар ивази ин кори дилхоҳи худро анҷом медиҳанд. Бо дараназардошти ин вазъият мардум ба чигунагии интихоботу ҳақиқати он эътино намекунанд."

Тибқи ин назарсанҷӣ, ки аз 11-ум то 21-уми январ сурат гирифт, 64%-и пурсидашудагон бар инанд, ки дар интихобот номзади мавриди пуштибонии Кремл ё дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ пирӯз хоҳад шуд. Вале чаро бо вуҷуди ин аз чаҳор се ҳиссаи онҳо мехоҳад дар раъйдиҳӣ ширкат кунад?

Николай Петров мегӯяд, ин нишон медиҳад, ки интихобот ҳарчи бештар ба як оини ташрифотӣ табдил меёбад ва ба маросими давраи шӯравӣ монанд мешавад. Президенти феълии Русия Владимир Путин гуфтааст, омодааст, дар ҳукумати президенти оянда Дмитрий Медведев вазифаи нахуствазирро иҷро кунад.

Ширкаткунандагони назарсанҷӣ дар мавриди нақши ояндаи Путин мавзеъи гуногун доранд. Наздик ба 46%-и онҳо мегӯянд, вай фақату фақат нахуствазир хоҳад буд. Аммо 35% бар инанд, ки қудрати асосӣ дар дасти ӯ боқӣ хоҳад монд, то, ба фикри 8%-и онҳо, баъдан ба курсии худ баргардад. 18%-и пурсидашудагон мегӯянд, вай аз паси парда Медведевро идора хоҳад кард ва 11% гуфтаанд, Путин ҳамчун "пешвои миллӣ" болотар аз низоми сиёсӣ қарор хоҳад гирифт ва мамлакатро идора хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG