Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарси ҳукумати Эрон аз духтарон


Солҳои охир шумори духтарони эронӣ, ки ба таҳсил дар донишгоҳ ва донишкадаҳо мепардозанд ба таври назаррас афзоиш меёбад.

Барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон чунин фароянд мояи ифтихор буда метавонад, аммо на барои Эрон. Дар гузорише ба ҳукумати ҷумҳурии исломӣ, маркази мутолеъоти Маҷлиси Эрон ин равандҳои нигаронкунанда номид ва аз ҳукумат даъват кард, пеши роҳи онро бигирад.

Кист ки аз духтарон метарсад? Ҳукумати Эрон, зоҳиран.

Дар гузориши ахираш ба ҳукумати президент Маҳмуди Аҳмадинажод Маркази мутолеъоти Маҷлиси Эрон афзоиши шумораи бонувонро дар донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои дигари таълимӣ як ҳодисаи ташвишовар номидааст.

Афзоиш духтарони хоҳишманди маълумоти олӣ дар ду даҳаи ахир дар Эрон 23 дарсадро ташкил дода, шумораи бонувоне, ки имтиҳонҳоро супурда, донишомӯз мешаванд, дар ҳамин давра 65 дарсад бештар шудааст. Муаллифони гузориш аз ҳукумат даъват кардаанд, роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин равандро пайдо кунад.

Маркази мутолеъоти Маҷлиси Эрон, як муассисаи тасмимгиранда ва муъассир ба порлумону ҳукуматҳамчунин ҳушдор додааст, афзоиши бонувони донишҷӯ тадриҷан ба "нобаробарии иқтисодӣ ва фарҳангии байни занону мардон" табдил хоҳад ёфт.

Бону Илоҳии Ҳиҷозӣ, устоди Донишгоҳи Теҳрон, мегӯяд, гузориши Маркази мутолеъоти Маҷлис баёнгари ҳам фарқгузории ҷомеаи суннатист ва ҳам ноумедии мардони ҷавон аз ояндаи хеш. Вай ин падидаро "мушкили фарҳангӣ" меномад.

Дар гузориши Маркази мутолеъоти Маҷлиси Эрон инчунин гуфта мешавад, ки зиёд шудани шумори бонувони донишҷӯ нигарониҳои дигареро низ ба миён овардааст. Аз ҷумла "ҳифзи амнияти ҷисмонии духтарон дар хобгоҳҳо дар муқобили хатарҳои эҳтимолии иҷтимоӣ."

Мушкили дигарро муаллифони гузориш дар он дидаанд, ки ин афзоиш метавонад, аз як су сабаби "беамал мондани мутахассисон" ва аз суи дигар "тағйири таносуби ҷинсӣ дар муассисаҳо" гардад. Онҳо инчунин аз таъсири зиёновари раванд ба оила ва оиладорӣ ҳушдор дода, аз ҳукумат хостаанд, фавран роҳи расидан ба баробарии ҷинсҳо дар донишгоҳҳои Эронро пайдо кунад.

Шаҳлои Шафиқ, ҳомии ҳуқуқи инсон, ки дар Порис ба сар ембарад, зодаи Эрон аст. Вай мегӯяд, мутмаъин аст, ки мухолифат ба донишҷӯии духтарон заминаҳои идеологӣ дорад.

Вокуниши ҳукумат ба вазъият норушан аст. Соли гузашта, пас аз хабарҳои эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудият дар таҳсили духтарон, ҳомиёни ҳуқуқ изҳори нигаронӣ карданд. Дертар ҳукумат мавҷудияти чунин нақшаҳоро рад намуд. Вале нишонаҳое падид омадааст, ки ҳукумат майл дорад, дар масъалаи зану мард даст ба амал занад.

Ахиран матбуъот батакрор пешниҳод мекунад, ки дар китобҳои дарсӣ тағйироте зимни тафовути ҷинсҳо ба амал ояд. Ҳафтаи гузашта, Зӯҳро Табибзодаи Нурӣ, раиси созмони давлатии мушоракати занон дар Теҳрон ба хабарнигор гуфт, "табъизи ҷинсӣ" дар бахшҳои муайяни кор ҷорӣ хоҳад шуд. Вай афзуд, ҳукумат бояд ба занон кумак кунад, то таҳсилотеро анҷом диҳанд, ки барояшон муносиб бошад.
XS
SM
MD
LG