Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташу об дар байни Маскав ва Тифлис


Темур Якобашвилӣ, вазири ҳамоварии Гурҷистон.
Темур Якобашвилӣ, вазири ҳамоварии Гурҷистон.

Вазири Гурҷистон дар ҳоле ба Русия сафари сулҳомез мекунад, ки мақомоти Маскав аз боздошти як ҷосуси гурҷӣ хабар додаанд.

Сафари вазири ҳамоварӣ ё якпорчасозии Гурҷистон, Темур Якобашвилӣ, ба Маскав, ба хотири ҳалли ихтилофи Маскаву Тифлис рӯйи минтақаҳои ҷудохоҳи Абхазистон ва Осетия Ҷанубӣ, дар бадтарин вазъи муносибатҳои Русия ва Гурҷистон ҷараён гирифт.

Замоне ки ҷаноби Якобашвилӣ дар ҳавопаймо ба сӯи Маскав парвоз мекард, хабаргузориҳои Русия ба нақл аз манобеъи беном дар Хадамоти амнияти ин кишвар аз боздошти як ҷосуси гурҷӣ дар Чеченистон иттилоъ доданд. Бар зидди ин шахс, ки Шота Хизинишвилӣ ном доштааст, иттиҳомоти ҷиддӣ ва густарда гузошта мешавад. Аз ҷумла гӯё вай намояндаи махсуси хадамоти махфии Гурҷистон буда, вазифааш ташкили шабакаи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ҳудуди Русия ва ноором кардани авзоъ дар ин кишвар будааст.

Мақомоти Гурҷистон дафъатан ин хабарро рад карданд ва онро як иғвои содалавҳона номиданд. Ҳодиса қазияи соли 2006, боздошт ва ихроҷи чаҳор афсари хадамоти ҷосусии Русия дар Гурҷистонро аксандоз кард.

Ду хабари дигар низ ба фазои мулоқотҳои вазири Гурҷистон бо мақомоти Маскав сояи сард афканд, ки яке имзои созишномаи ҳамкорҳиои Абхазистон бо кишвари Краснодари Русия ва дигаре иттилоъи таркишҳои террористӣ дар Осетия Ҷанубист.

Фазои мулоқотро инчунин суханони вазири умури берунаи Русия Сергей Лавров пас аз дидораш бо вазирони корҳои хориҷии Бразил, Ҳинд ва Чин дар Екатеринбург пешопеш муайян намуд: "Ба ҷои иҷрои ӯҳдадориҳои худ, ки дар гуфтушунидҳо таъин шудаанд, Гурҷистон, талош дорад, ба низоъҳои Абхазистон ва Осетия Ҷанубӣ ҳолати байнулмилалӣ диҳад. Ба назари ман, ин кӯшиш нишон медиҳад, ки Тифлис дар воқеъ намехоҳад ҳаллеро бар асоси мувозанати манфиатҳо ба даст орад ва манофеъи дигаронро низ эҳтиром кунад."

Сергей Лавров, вазири умури берунаи Русия, дар ин зимн аз Қатъномаи Шӯрои амнияти СММ низ ба таври манфӣ ёдовар шуд. Ин санад, ки ҳаққи бозгашти паноҳандагони гурҷӣ ба Абхазияро тасдиқ мекунад, як пирӯзии дигари президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ ба шумор меравад. Пирӯзии дигари нисбии ӯ, гуфта мешавад, дар мулоқоташ бо президенти Амрико Ҷорҷ Даблю Буш дар Исроил ба даст омад, вақте бори дигар масъалаи Абхазия дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ шуд. Буш дар аввалин гуфтугӯи телефонияш бо президенти нави Русия, Дмитрий Медведев низ нигаронии худро аз масъалаҳои марбут ба Гурҷистон иброз дошта буд.

Вазири ҳамоиш ё якпорчасозии Гурҷистон, Темур Якобашвилӣ дар навбати худ аз Фаронса ситоиш кард, ки дар гуфтушунидҳои хусусӣ бо Маскав мавзӯъи Абхозистонро доғ кардааст. Худи Якобашвилӣ, ба навиштаи рӯзномаи "Коммерсант", чопи Маскав, бо пешниҳоди баргузории як конфаронси ҳалли ихтилофот дар Маскав вориди ин шаҳр шудааст. Ва Вазири умури берунаи Гурҷистон Эка Ткешелашвилӣ гуфтааст, хоҳони тармими равобит бо Русия аст.

Хонуми Ткешелашвилӣ мегӯяд, "иғроқ нест, ки муносибатҳои дуҷониба хеле бад шудаанд ва ин амиқан таассуфангез аст. Мо аз ҷониби худ ҳама корро мекунем, ки равобити мо бо Русия одй шавад."

Вале барои тарими равобити дуҷониба, Маскав на ба ашк бовар мекунад ва на ба ваъдаи ҳамсоягиҳои хуб. Дар Маскав бар инанд, ки Тифлис ҳалли зоҳирии мушкилоти Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро танҳо барои он мехоҳад, ки ба Паймони Атлантики Шимолӣ роҳ ёбад.
XS
SM
MD
LG