Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоб миёни мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ


Дар остонаи соли таҳсили нав дар шаҳру ноҳияҳои Суғд чор мактаби хусусии нав боз шуд ва еавъе рақобати онҳо бо мактабҳои давлатӣ оғоз ёфт.

Инҳо – мактаби «Гулчини маърифат» ва гимназияи ғайридавлатии «Кавсар» дар шаҳри Хуҷанд, мактаби таҳсилаш русии «Амид» дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров ва мактаби хусусии ба номи Ҷӯраев дар ноҳияи Конибодом, ки ҳудуди 850 хонандаро бо таҳсил фаро гирифтаанд.
Аз ҳама хубии кор дар мактабҳои хусусӣ ин аст, ки дар як синф ҳамагӣ 12-15 хонанда имкони таҳсил карданро доранд. Омӯзгорон метавонанд, корҳои фардиро миёни хонандагон хуб ба роҳ монанд...

Идораи маорифи Суғд мегӯяд, ҳоло дар қаламрави вилоят 15 мактаби хусусӣ амал мекунад.

Раҳим як хонандаи синфи 9-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки то имсол се мактабро иваз кард. Раҳим мегӯяд, таҳсилашро дар мактаби миёнаи давлатии ноҳияааш шурӯъ кард, вале зуд дилсард шуд.

Вай мегӯяд, дарсҳо дурусту кофӣ баргузор намешуд, кайфияти таълими забони русӣ ва англисӣ қонеъкунанда набуд ва аз ин хотир волидонаш тасмим мегиранд, ки ӯро ба мактаби хусусии «Нур» бидиҳанд.

Раҳим меафзояд, дар ду соли таҳсилаш дар ин муассиса эҳсос кард ки омӯзиши фанҳои зарурӣ ӯро шавқманд накард ва аз ҳамин лиҳоз лозим донист ки таҳсили минбаъдаашро дар мактаби навтаъсиси «Кавсар»-и Хуҷанд идома диҳад.

Дар мактаби хусусие ки ман таҳсил мекардам баъзан машғулиятҳо доир намешуд, баъзан муаллимон ба дарсҳо ҳозир мешуданд, баъзан ба корҳои худашон овора мешуданд. Барои ҳамин ман аз мактаби “Нур” ба гимназияи “Кавсар” омадам ва мехоҳам бештар сатҳи забондониямро рушд диҳам. Барои он ки дар оянда барои мо надонистани забонҳои хориҷӣ мушкилиҳо меорад."

Хонандагони мактабҳои хусусӣ дар вилояти Суғд барои таҳсили якмоҳа аз 150 то 220 сомони пардохт мекунанд ва ин маблағ барои пардохти заҳмати омӯзгорон равона мешавад.

Нӯъмон Ғаниев, аз масъулини идораи маорифи Суғд мегӯяд, ки мактабҳои хусусӣ шароити комилтари таҳсилро бо истифода аз технологияҳои нав фароҳам меорад.

Ба гуфтаи вай, омӯзгорони инмактабхо маоши бештар мегиранд. Яке аз бартариҳои мактабҳои хусусӣ аз давлатӣ дар он аст, ки таълим бо шумори нисбатан ками хонандаҳо сурат мегирад ва сабки таълим ба хонанда озодии бештари андеша ва баёнро фароҳам меорад.

Вай афзуд: "Мактабҳои хусусӣ, барои ташкили раванди таълиму тарбия шароитҳои бисёр фароҳам овардаанд. Аз ҳама хубии кор дар мактабҳои хусусӣ ин аст, ки дар як синф ҳамагӣ 12-15 хонанда имкони таҳсил карданро доранд. Омӯзгорон метавонанд, корҳои фардиро миёни хонандагон ба роҳ монанд."

Гимназияи хусусии «Кавсар», воқеъ дар Хуҷанд, яке дигар аз мактабҳои хусусист, ки имсол дарҳои худро ба рӯи хонандаҳо боз кард.
Кибриё Аҳмадова, муовини мудири ин гимназия, мегӯяд, ӯ аз ҷараёни таълим қаноатманд аст ва омӯзгорони мактабаш ҳам ба кори худ ҳавасманд.

Бартарии аслӣ ин аст, ки хонандагони мактабҳои хусусӣ умдатан дар як баст таҳсил карда, дарсҳо аксар вақт бо забони русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад. Машғулиятҳо то нимарузӣ доир шуда, пас аз он ба омӯзишҳои иловагӣ машғул мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз волидон аз мактабҳои хусусӣ чандон розӣ нестанд. Солеҳҷон Алиев мегӯяд, ҳеҷ бартарии онҳоро аз мактабҳои дигар эҳсос накардааст.

Яке аз норизоиятҳои ӯ дар ин аст, ки вай дар миёни тарзи таълим дар мактабҳои хусусӣ ва давлатӣ тафовутеро эҳсос накардааст.

Шояд, мегӯяд ӯ, гап дар бетаҷрибагии омӯзгорон аст, ки ба усули кӯҳнаи дарсдиҳӣ одат карда, шеваи тақдими нави дарсро намедонанд. Дигар мушоҳидаи вай ин аст, ки аксар хонандаҳои ин мактабҳо фарзандони хонаводаҳои дорову сарватманд ҳастанд ва ин чиз дар рӯҳияи атфолу тарзи муносибат бо ҳамсолони дигарашон эҳсос мешавад.

Вай гуфт: «Дар мактабҳои хусусӣ малакаи дониш на он қадар баландтар аст. Фарқ танҳо дар маблағи таҳсил аст. Дар ин гуна мактабҳо низ ҳамон дарсе, ки дар мактабҳои давлатӣ медиҳанд, ҳамон, ягон фарқияте надорад, танҳо номи онҳоро бардошта истодаанд. Дар мактаби президентӣ ҳам ҳарҷу марҷ зиёд аст сафархарҷӣ , ҳаққи хӯрок ва харҷҳои дигар ин ҳама ба ҷуз аз нишон додани ном чизи дигар нест.»

Ба ақидаи бархе аз ҷомеашиносон, ки аз фаъолияти баробари мактабҳои хусусӣ дар баробари мактабҳои ройгони давлатӣ пуштибонӣ мекунанд, низоми маорифи Тоҷикистон шароити кор бо мактабҳои хусусиро таҷриба мекунад ва ин қадамҳои аввали татбиқи низоми наву ноошно бо пасту баландиҳои зиёд ҷараён хоҳад гирифт.

Вале бо назардошти ин ки низоми маориф дар давлатҳои пешрафта чун яке аз аз соҳаҳои сердаромаду зарурӣ ба шумор меравад, мегӯяд як коршиноси суғдӣ, дар Тоҷикистони серкӯдак низ он бояд бо пешрафтҳои муайян рӯбарӯ шавад, фақат вақт лозим аст.
XS
SM
MD
LG