Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба театри "Демократия"


Сабина Донна, мудири барномаҳои Бунёди Бертелсман.
Сабина Донна, мудири барномаҳои Бунёди Бертелсман.

Бунёди Бертелсман, пас аз созмони Дидбони ҳуқуқи башар дувумин ниҳоди байнулмилалист, ки ба "демократиябозӣ"-и раҳбарони мустабид пай бурд.

Ба сафи гузоришҳои солонаи созмонҳои байнулмилалӣ, ки вазъи ин ё он фароянд дар ҷаҳонро дар давоми сол баррасӣ ва хулоса мекунанд, як пажӯҳиши нав изофа гардид. Бунёди Бертелсмани Олмон гузоришеро бо номи "Шохиси Таҳаввули Ҷаҳон" нашр кард, ки дар он самт, вусъат ва пайомади дигаргуниҳо дар сиёсат ва иқтисодиёти кишварҳои оламро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Ин савумин гузориши солонаи Бунёди Бертелсман мебошад ва сарони пажӯҳишгоҳ гуфтаанд, аз ин ба баъд соле як бор натиҷаҳои тадқиқоти худро мунташир хоҳанд кард.

Пажӯҳишгарони Бунёди Бертелсмани Олмон як ҳақиқатро кашф ва тасбит мекунанд, ки кори ҷаҳон имрӯз ба ду тазод оид шудааст. Аз як сӯ иқтисодиёт дар тамоми дунё рӯ ба рушд дорад, вале фақр зиёд мешавад. Аз сӯи дигар сафи кишварҳои демократӣ меафзояд, аммо иштироки мардум дар тасмимгириҳои сиёсӣ то рафт камтар мешавад.

Ҷозеф Ҷаннин, мутахассиси омилҳои ҷаҳоншумул дар Бунёди Бертелсман, мегӯяд, ҳукуматҳо ба ҷои густариш ва таҳкими иқтисодиёт меваи комёбиҳои иқтисодии худро бо ширинмазагию шитобзадагӣ фурӯ мебаранд. Аз пайомадҳои мусбати ҷаҳонишавӣ аксарияти мардуми олам бенасибанд. Чунин ҳолат наметавонад, давомдор бошад мегӯяд Ҷаннин.

Дар мавриди тазоди дувум, Ҷаннин гуфтааст, шумори аҳолие, ки ҳоло дар кишварҳои демократӣ ба сар мебарад, 4 миллиард нафар мебошад ва танҳо дуним миллиард нафар дар давлатҳои худкома зиндагӣ мекунад.

Шумори кишварҳое, ки интихобот барпо мекунанд, аз 58 дарсади соли гузашта ба 63 дарсад бештар шудааст, аммо аксари кулли кишварҳое, ки демократӣ номида мешаванд, ширкати ҳақиқии мардуми худро дар равандҳои сиёсӣ роҳ намедиҳанд, дар онҳо ҳокимияти қонун мавҷуд нест ва фасоду ришват, истифодаи су аз мавқеъи давлатӣ ботини ин мамоликро худкома ё мустабид кардааст.

Ба гуфтаи вай, ҳоло акнун ин кишварҳо бояд ба демократияҳои ҳақиқӣ ва зоҳирӣ ё демократияҳои расмӣ табақабандӣ шаванд.

Мудири барномаҳои Бунёди Бертелсман, хонуми Сабина Донна мегӯяд: "На танҳо дар минтақаи Осиёи марказӣ, балки дар дигар гушаҳои ҷаҳон мо мебинем, ки ҳокимон то рафт роҳҳои нозуктари ҳуққабозиро ёд мегиранд. Шумо метавонед, интихоботи беш ё кам озод дошта бошед, аммо ин демократия нест."

Хонуми Донна ин кишварҳоро осебпазире медонад, ки метавонанд ба шикаст рӯбарӯ шаванд. Натиҷаи ниҳоии ҳарду тазоди ҷаҳонӣ, ба ақидаи пажӯҳишгарони Бунёди ғайридавлатии Бертелсмани Олмон, дар паст боқӣ мондани сатҳи рифоҳи одамон ва густариши бештари фақру беҳуқуқист.

Намунаҳои бадтаринро ин муҳаққиқон дар Кореяи Шимолӣ, Конго, Судон, Эритреа, Мянмар ва Сомалӣ дидаанд. Вале гузориш фақат дорои рангҳои тира нест ва Ҷумҳурии Чех. Словения, Эстония мисолҳои ибратомӯз номида шудаанд.

Тоҷикистон дар поёни ҷадвал, дар сафи бадон ва осебпазирон, аммо пеш аз Туркманистону Узбакистон ва пас аз Қазоқистону Қирғизистон ҷойгир шуда, як хат болотар аз Конго мебошад.
XS
SM
MD
LG