Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҳигирии президентҳои Тоҷикистон ва Русия


Медведев Раҳмонро ба яке аз кӯлҳои мамнӯъгоҳи Завидово ба моҳигирӣ бурд

Медведев Раҳмонро ба яке аз кӯлҳои мамнӯъгоҳи Завидово ба моҳигирӣ бурд

Президентҳои Русия ва Тоҷикистон гуфтанд, ҳамаи мушкилиҳоро пушти сар гузоштанд ва хостори густариши ҳамкориҳоянд.

Пас аз гуфтушунид Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбати худро ҳангоми моҳигирӣ дар яке аз кӯлҳои мамнӯъгоҳи Завидовои канораи Маскав идома доданд. Маҷозан ин боздидро метавон "қаҳргардон" ва ё бозгашт ба равобити пешина номид. Вале метавон гуфт, ҳамаи қазия ба ояндаи робитаҳои Русияву Тоҷикистон таъсире нагузоштааст? Оё Тоҷикистон ҳанӯз ҳам метавонад, ба Русия бовар кунад?

Ҳанӯз қабл аз мулоқоти сарони Русия ва Тоҷикистон дар Маскав бархе аз коршиносон онро як "гуфтушуниди ғайримуқаррарӣ" номиданд. Шояд ба он сабаб, ки ин мулоқот на дар фурсати таъиншудааш, яъне 2-вуми феврал, балки бо сабаби эътирози дипломатии Эмомалӣ Раҳмон зимни як изҳороти президент Медведев бо таъхири беш аз 20-рӯза ба вуқӯъ пайваст.

ТАЪХИРИ БИСТРӮЗА

Дар ин муддат шарҳу тафсири зиёде дар бораи муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Русия ба нашр расид ва ҳам президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Иттиҳоди Аврупо ва НАТО дидору гуфтушунид дошт. Як ҳайати низомии Иёлоти Муттаҳида ба Душанбе сафар кард. Дар ин пасманзар коршиносони сиёсии Русия аз эҳтимоли интиқоли пойгоҳи ҳарбии Амрико аз "Манас"-и Қирғизистон ба Тоҷикистон, рӯ овардани Душанбе ба Ғарб ва наздикии бештари он бо Теҳрон ҳарф заданд.

Дар Тоҷикистон низ матбуот бознигарии сиёсати берунаи кишвар ва тафсири ибораи "коршарикии стратегӣ"-ро тақозо кард. Матбуоти Русия масъалаи муҳоҷирони тоҷик ва эҳтимоли афзоиши мушкилоти онҳо ба думболи сардии байни Маскаву Душанберо ҳадс зад. Ин пасманзар таваҷҷӯҳро ба мулоқоти Раҳмон ва Медведев ба маротиб афзоиш дод, ки оё дар сатҳи "реал-политик" ё сиёсати воқеъӣ байни ду кишвар чӣ ҳолате иттифоқ афтодааст ва он чӣ дурнамо хоҳад дошт?

БОЗАНДЕШИИ СИЁСАТИ БЕРУНА?

Дидори президентҳои Русия ва Тоҷикистон, Дмитирий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав, қатъи назар аз натиҷаҳояш пеш аз
ҳама баёнгари таҳаввулоте дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон номида мешавад. Аксари таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, нахустин бор дар ин сиёсат талошҳои ҷиддии дифоъ аз манофеъи миллӣ ба назар мерасад ва яке аз онҳо, журналист ва сиёсатмадор Раҷаби Мирзо ҳатто аз "стратегияи нав дар сиёсати хориҷӣ" ёд мекунад. Ҳамкасби маскавии ӯ, Аркадий Дубнов, баракс мегӯяд, Тоҷикистон назарияи устувори сиёсати беруна надорад ва рӯйдодҳои ахири миёни Душанбеву Маскав фақат як озурдагӣ ва кӯшиши кам наовардан аз Қирғизистони ҳамсоя аст, ки тавонистааст, аз тиҷорат бо абарқудратон суд бардорад. Ақидаи профессори Донишгоҳи Ҳумболдт дар Олмон, Лутс Жехак дар моварои ин ду қутб аст. Вай мегӯяд, сиёсати имрӯзаи берунаи Тоҷикистонро вазъи сангини иқтисодии ин кишвар муайян кардааст.

ФИШОРИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ?

Коршиноси равобити байнулмилалӣ дар Маскав, Владимир Мухин мегӯяд, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳеҷ гуна тағйире рух надодааст ва ин ҷо як чизи одӣ ҳаст, ки Тоҷикистон барҳақ аз Русия иҷрои ваъдаҳои гузаштаро талаб мекунад: "Тоҷикистон сармоягузорӣ мехоҳад. На дар сухан, балки дар амал. Барои намуна, мехоҳад, ки нерӯгоҳи Роғун сохта шавад ва нерӯи кори Тоҷикистон дар он истифода гардад ва ин ҳама рушд ёбад."

Дигар коршиносон, аз ҷумла профессори олмонӣ, Жехак низ вазъи иқтисодиро муҳаррики таҳаввулот дар сиёсати берунаи Тоҷикистон меноманд. Сомонаи интернетии "Мавҷи Олмон" дар идомаи чунин суханон гузориши ахири Созмони ҷаҳонии бӯҳроншиносон ё ICG (International Crisis Group)-ро далел меорад, ки ҳафтае пеш зери унвони "Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи нокомӣ ва суқут" ба нашр расид. Таҳлилгари маскавӣ, Аркадий Дубнов, мегӯяд, коҳиши нархи алюмин ва пахта дар бозори ҷаҳонӣ хазинаи давлатро холӣ кард ва торафт хушкидани маҷрои ёронаҳои муҳоҷирони тоҷик аз Русия якҷо бо бӯҳрони энержӣ сабаби душвориҳои тоқатфарсои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон гардид.

ИЗҲОРОТИ АНГЕЗАНДА?

Бархилофи хориҷиён, таҳлилгарони тоҷик таҳаввулот дар сиёсати берунаи Тоҷикистонро ба рӯйдодҳои дигар бастагӣ медиҳанд. Онҳо мегӯянд, вазъи бӯҳронӣ дар Тоҷикистон ҳамеша дар ин ё он сатҳ вуҷуд дошт, аммо сабаби талошу таконҳо дар сиёсати хориҷии Душанбе намегашт. Ба ақидаи онҳо, бозандешии ин сиёсат аз изҳороти президенти Русия, Дмитирий Медведев, дар моҳи январ дар Узбакистон сар шуд. Медведев гуфт, кишвараш ба барномаҳои обу барқи давлатҳои ҳамсоя, бе ризоият ва қаноати ҳамсоягони дигар сармоягузорӣ нахоҳад кард.

Дар Тоҷикистон рамуз гирифтанд, ки ишора ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун дахл дорад, зеро аллакай маълум буд, ки Русия омодааст дар сохтмони нерӯгоҳи Қамбаротаи Қирғизистон ширкат кунад. Эълони сармоягузорӣ ва кӯмакҳои зиёда аз 2 миллиарддолларии Русия ба Қирғизистон, бигзор ҳатто ба тавре ки гуфта мешавад, дар муқобили "рондани амрикоиҳо аз "Манас" дар Душанбе ваъдаҳои пешинаи Русия ба Тоҷикистонро хотиррасон кард. Ваъдаҳои ҳамсони соли 2004-ро.

САБАҚИ ҚИРҒИЗИСТОН?

Марат Мамадшоев, коршиноси сиёсӣ дар Душанбе мегӯяд, қазияи Қирғизистон барои мақомоти Тоҷикистон сабақе гардид:
"Тоҷикистон мехоҳад, ақаллан чунин пуштибониеро пайдо кунад, ки Русия барои Қирғизистон салоҳ донист. Мумкин ҳатто пуштибонии бештареро бо назардошти онки Дар Душанбе фикр мекунанд, кишварашон аз Қирғизистон дида муҳимтар аст ва имкониятҳои бештаре дорад."

ПОЙГОҲ ВА "ОКНО"

Шореҳи умури Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ, Холидаи Қодир, мегӯяд, Тоҷикистон барои пеш гузоштани чунин тақозои худ далелҳо низ дорад. Русия барои иҷораи пойгоҳи ҳарбияш дар Тоҷикистон кироя намепардозад ва Душанбе яке аз расадхонаҳои нодири мушоҳидаи кайҳониро бо номи "Окно" ба ихтиёри Маскав додааст. Дар иваз Русия мебоист, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва се нерӯгоҳи барқи обии хурдтар саҳм мегирифт. Аз ин барномаҳо танҳо бунёди нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" амалӣ гашт, дар ҳоле ки ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебоист 2 миллиард долларро ташкил медод.

Далели тарафи Русия ин аст, ки бахши муҳиме аз созишномаҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "РусАЛ" имзо шудаанд. Ба навиштаи матбуоти тоҷик, тарҳи сармоягузорӣ ба Роғун пас аз мулоқоти раиси "РусАЛ", Олег Дерипаска ва президенти Узбакистон, Ислом Каримов, дар моҳи ноябри соли 2005 рӯ ба кашолкорӣ овард ва дар ниҳоят лағв шуд. Тарафи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи ин созишномаҳо дар як баста буданд ва мебоист ҳамзамон ба иҷро мерасиданд. Вале ҳоло чунин ба назар мерасад, ки Душанбе ӯҳдадориҳои худро иҷро кард, ваъдаҳои Русия иҷроношуда боқӣ монданд. Қартаи дигар ин аст, ки гуфтушуниди тарафҳо дар мавриди фурудгоҳи "Айнӣ" идома дорад. Русия онро низ мехоҳад бидуни пардохте ба даст орад, вале Душанбе хостори истифодаи муштарак аз он аст.

БА ҲАР ҲОЛ -- ТАҲАВВУЛ?

Бо вуҷуди он ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқоташ бо президенти Русия, Дмитрий Медведев дар Завидовои Маскав ба 1 миллиард доллар расидани табодули мол миёни ду кишварро нишондиҳандаи хуб номид, ҳаҷм ва таъсири сармоягузориҳои Чину Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон то рафт намоёнтар мешаванд. Иттиҳоди Аврупо дар сафари ахири Раҳмон ба Бруссел 34 миллион доллар ваъда кард ва Бонки Рушди Осиё дирӯз гуфт, барои коҳиши пайомадҳои бӯҳрон ба Тоҷикистон 102 миллион доллар хоҳад дод.

Боз кардани роҳи икмоли нерӯҳои Амрико ва НАТО аз тариқи Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои Душанбе бо Ғарб низ самари худро хоҳад овард. Дар ин пасманзар Душанбе метавонад, ҳайрон шавад, ки барои чӣ бояд ба Русия ин қадар имтиёзҳо бидиҳад. Ба ақидаи аксари коршиносон, Тоҷикистон хостори эҳтиром ва баробарии тарафайн бо Русия буда, акнун ба самти прагматизм ва ҳамкориҳои чандҷонибаи раҳбурдӣ рӯ меорад ва таҳаввуле, ки дар сиёсати берунаи он ба вуҷуд омадааст, муваққатӣ ё кӯтоҳмуддат нахоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG