Пайвандҳои дастрасӣ

То интихоботи порлумони Тоҷикистон 5 моҳ фурсат мондааст, аммо раҳбарони аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, аз ҳоло омодагиро ба ин маърака шурӯъ кардаанд.

Ҳар кадом аз ин гурӯҳҳои сиёсӣ умедвори баргузории як интихоботи озоду демократӣ ва ҳам умедвори ба даст овардани курсиҳои бештар дар ҳайъати ояндаи Маҷлиси намояндагон аст. Он ҳам дар ҳоле ки дар порлумонӣ феълӣ аксарияти кулли курсиҳоро ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар даст дорад, ки мегӯяд, дар интихоботи моҳи феврал ба хотири таҳкими бештари нуфуз ва ҳузури худ дар порлумон вориди мубориза хоҳад шуд.

Аммо аҳзоби сиёсии Тоҷикистон чӣ ҳавое дар сар ба интихоби моҳи феврал мераванд ва ин маърака харитаи сиёсиии кишвар ва парлумонро то куҷо тағйир хоҳад дод?

Ба фарқ аз боқӣ соҳоти зиндагии Тоҷикистон, ки мунтазири боз як зимистони сарду тору бебарқанд, ҳадди ақал саҳнаи сиёсии ин кишварро имсол як зимистони доғе бояд дар пеш бошад. Албатта, ба далели интихоботи парлумонии моҳи феврал.

Аҳзоби сиёсӣ, ки мегӯянд, омодагиро ба ин маърака барвақт оғоз кардаанд, ҳар кадом ба интихоботи дарпешистода бо умедвории зиёд нигоҳ мекунанд. Ва аммо дар ҳоле ки ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба озоду демократӣ гузаштани ин маърака ва ҳамин тавр, ба курсиҳои боз ҳам бештар дар маҷлиси оянда умед мебандад, аҳзоби мухолиф тарс доранд, ки мақомот бо истифода аз манобеъи маъмурӣ натиҷаҳои ин маъракаро ҳам аз пеш ба нафъи ҳизби ҳоким ҳалл хоҳанд кард.

7000 нозири ҲХДТ

Давлаталӣ Давлатзода, муовини раиси ҲХДТ, мегӯяд, ҳизбаш аллакай барои интихобот 7000 нозир омода кардааст
Давлаталӣ Давлатзода, муовини раиси ҳизби ҳалқӣ-демократӣ, мегӯяд, ҳизбаш аллакай барои интихобот тақрибан 7000 нозир омода кардааст ва барномаи миниумуми ҳизб дар интихоб ҳифзи фоизи кунунии ҳузураш дар порлумон ва барномаи максимум гузаштан аз ҳаддест, ки ин ташаккули сиёсӣ дар интихоботи соли 2006 ба даст оварда буд.

Аммо оё тавсеаи ҳузури бе ин ҳам густардаи ҳизби ҳоким дар ҳайъати ояндаи Маҷлиси намояндагон маънии танг ва ҳатто буғӣ шудани демократияро нахоҳад дошт? Оқои Давлатзода дар посух ба ин суол гуфт, майдон аз далер аст ва ҳар кӣ дар майдони интихобот бохт, бояд аз худ бубинад, на аз онҳову аз мақомот.

Як рақиби умдаи ҳизби ҳоким дар интихоботи моҳи феврал боз ҳам ҳизби наҳзати ислом хоҳад шуд, ки феълан дар Маҷлиси намояндагон 2 курсӣ дорад, ки аз он ҳам якеаш баъд аз истеъфои Муҳамадшарифи Ҳимматзода холист. Раиси ҳизб Муҳиддини Кабирӣ, ки феълан бо сафаре дар Лаҳистон ба сар мебарад, мегӯяд, ки ҳадафи онҳо ин бор аз ҳадди танҳо ин ду курсӣ фаротар меравад ва даст ёфтан ба чунин як теъдоди курсиҳост, ки таъсиси фраксияи алоҳидаи парлумониро ба ҳизби наҳзат иҷозат диҳад.

Аммо оқои Кабирӣ мегӯяд, иҷрои ин вазифа танҳо дар сурати озоду одилона барпо шудани интихобот мумкин хоҳад шуд, ки баъид ба назар мерасад. Муҳиддини Кабирӣ гуфт, ки онҳо аз ҳоло ба як интихоботе омодагӣ мегиранд, ки такрори интихоботи гузашта ва моломоли дасткориву тақаллуб хоҳад буд.

Такрори интихоботи қаблӣ?

Хуршеди Атовулло, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, радд шудани тарҳи нави қонуни интихобот ҳокист, ки интихобот ин дафъа ҳам такрори ҳамон интихоботи қаблӣ хоҳад шуд
Хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик Хуршеди Атовуллоҳ мегӯяд, радд шудани тарҳи қонуни интихоботе, ки ҳизби коммунист таҳия карда буд, ҳокист, ки интихобот ин дафъа ҳам такрори ҳамон интихоботи қаблӣ хоҳад шуд ва кадом тағйири умдае дар таносуби нирӯҳо дар парлумон нахоҳад овард. Хуршеди Атовуллоҳ мегӯяд, дар интихоботи моҳи феврал низ нақши асосиро манобеъи маъмурӣ ва дасткории мақомот бозӣ хоҳанд кард, на аҳзоб ё интихобкунанда.

Коршиноси дигари масоили сиёсӣ Қосими Бекмуҳаммад низ бо таваҷҷӯҳ ба манобеъи фаровони маъмурӣ, ки дар ихтиёри ҳизби ҳоким қарор дорад, мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ, ки тақрибан саросар аъзо ва ҳаводорони ҳизби халқӣ-демократианд, ҳатман ба хотири боз ҳам тақвият додани ҷойгоҳи ин ҳизб дар интихобот аз худ дареғ нахоҳанд дошт.

Оқои Бекмуҳаммад мегӯяд, ҳизби ҳоким дар пешорӯи интихобот шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ ва рӯҳонии муттанаффизро дар вилоёт низ ба пуштибонии худ басиҷ хоҳад кард. Вале як омиле, ки метавонад пирӯзии бидуни чунун чарои ҳизби ҳокимро хадшадор кунад, ба эътиқоди Қосими Бекмуҳаммад, дар айни ҷӯши бӯҳрони бебарқӣ доир шудани интихобот аст, ки муҳаббати мардумро ба ҳизби ҳоким нахоҳад афзуд.

Заифӣ ва нотавонмандии аҳзоби мухолиф

Масъалаи дигар, ба назари коршиносон, заифии худи аҳзоб аст, ки дар марҳалаи кунунӣ тавонмандӣ ва ҳам аҳроми лозим барои муқобила ба фишори маъмурӣ ва тақаллуби натоиҷи интихоботро надоранд ва дар ниҳояти амр, ҳар натиҷаеро, ки эълон шавад, хомӯшона хоҳанд пазируфт.

Аксари курсиҳои порлумони Тоҷикистон ба намояндагони ҳизби ҳоким тааллуқ доранд
Қосими Бекмуҳаммад боз ба як омили дигари дар амри таъйини ҷавви ҳоким бар интихоботи моҳи феврал муҳим ишора мекунад, ки бехабарии мардум аз вуҷуди ин аҳзоб ва аз фарқи байни барномаҳои онҳост.

Бархе коршиносон эҳтимоли ба сӯди ду ҳизби дигари ҳампаймони ҳизби ҳоким – ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳизби кишоварзӣ - кам кардани курсиҳои ҳизби наҳзати ислом ва ҳизби коммунистро дар парлумони оянда баъид намедонанд. Аммо Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати ислом бар ин бовар аст, ки мақомот бо дарназардошти вазъи мавҷуда ҷиҳати тағйири таносуби нирӯҳо чунин риск ё таваккул нахоҳад кард.

Феълан дар Тоҷикистон 8 ҳизби расмии сиёсӣ фаъолият мекунад. Ихтилофоти дохилӣ ду ҳизби собиқадори сотсиалист ва демократро дар ҷиноҳҳои мухталиф пароканда ва ҳузури онҳоро дар саҳна хеле ночиз кардааст. Аҳзоби ислоҳоти иқтисодӣ ва кишоварзиро аксар ҳампаймонҳои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мешиносанд ва мегӯянд, ин ду ҳизб ба хотири танг кардани майдони ҳимояти аҳзоби дигар ва одатан дар арафаи маъракаҳои интихоботӣ аз худ садо баланд мекунанд.

Аммо аз се ҳизби дигари фаъол – коммунист, наҳзати ислом ва сотсиал-демократ – оё кадоме бо ҳизби халқӣ-демократӣ дар моҳи феврал бештар сари панҷа хоҳад гирифт ва оё аз ин рақобатҳо бо чанд курсии парлумонӣ берун хоҳад омад? Ин суолест, ки ҷустуҷӯи посухаш маҳфилҳоро дар Тоҷикистон дастикам 5 моҳи дигар саргарм нигоҳ хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG