Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо як сафари дурӯза аз Туркманистон дидан кард. Табъан дар меҳвари дидору гуфтугӯҳои ӯ бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар шаҳри бандарии Туркманбошӣ, Красноводски собиқ масоили энержӣ қарор дошт.

Ҷузъи калидии ҳамкориҳои Туркманистону Русия мавзӯъи газест, ки Русия аз манобеъи саршори Туркманистон барои фурӯши баъдӣ дар Аврупо харидорӣ мекард. Вале тайи якуним соли охир равобити Маскаву Ишқобод дар ин бахш дучори мушкил шуда, содироти гази Туркманистон ба Русия ҳамвора рӯ ба коҳиш овардааст.

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар шаҳри бандарии Туркманбошӣ, Красноводски собиқ ва бузургтарин бандари Туркманистон дар соҳили баҳри Хазар, дар пайи музокирот бо ҳамтои туркманаш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, мавзӯъи энержӣ ҷузъи калидии ҳамкориҳои ин ду кишвар боқӣ мемонад ва ҳарду ҷониб омодаанд, ҳамкориҳои худро дар ин бахш ва ҳам дар риштаи нирӯи барқ идома диҳанд.

Дмитрий Медведев дар ҷараёни мулоқоташ бо Бердимуҳаммадов дар Туркманбошӣ аз ҷумла гуфт: “Баҳри Хазар сарвати мост ва мо худ қодирем тамоми мушкилот ва масоили рушди ҳамкориҳои ҳошияи баҳри Хазарро ҳалл кунем. Маҳз 5 кишвари ҳошияи ин баҳр масъули он низоми ҳуқуқианд, ки дар робита ба сарватҳои табии ин қаламрав амал мекунад ва ё дар оянда таҳия хоҳад шуд.”

Омодагиҳо барои азнавгирии содироти газ

Оқои Медведев гуфт, аммо набояд аз пешрафтҳои дунёи муосир ҳам фаромӯш кард ва вақт аст, ки Маскаву Ишқобод рӯи ҳамкорӣ дар соҳоти фанновариҳои навин ҳам фикр кунанд. Дар ин мулоқот қарор шуд, ки нахустин ҳамоиши Русияву Туркманистон дар масоили фанновариҳои навин ва навовариҳо дар соли ояндаи 2011 дар Ишқобод барпо карда шавад. Аммо боз ҳам тавофуқи асосии ин дидор рӯи масъалаи газ буд ва Туркманистон гуфтааст, барои афзоиши содироти газаш ба Русия омода ҳаст.

Туркманистон дар собиқ солона ба Русия то 40 миллиард метри мукааб газ содир мекард. Ширкати “Газпром”-и Русия гази Туркманистонро сипас тавассути лӯлаҳояш ба Аврупо бурда, ҳамчун моли худ бо қиматҳои болотар ба фурӯш мезад.

Вале ба дунболи коҳиши қиматҳо дар бозори энержии ҷаҳон, ки мунҷар ба уфти башиддати нархи газ ҳам шуд, фоидаи ин муомила бо Туркманистонро барои “Газпром” ночиз ва ҳатто зиёновар кард. Ба ин далел, сар аз моҳи апрели соли 2009 ин ширкат ба баҳонаи садама дар лӯлаи газе, ки чоҳҳои гази Туркманистонро тавассути Узбакистону Қазоқистон ба лӯлаҳои гази Русия мепайвандад, “Газпром” воридоти ин навъи маводи сӯхт аз Туркманистонро башиддат коҳиш дод. Ин амал боиси таниши ҷиддие дар равобити Маскаву Ишқобод шуд. Ишқобод сароҳатан садамаи фаннӣ дар лӯлаи газро баҳонасозӣ номид ва ҷониби Русияро дар нақзи қарордоди имзошуда ва сарпечӣ аз иҷрои тааҳҳудот айбдор кард.

Ҷонатан Штерн, мудири барномаҳои газ дар Пажӯҳишгоҳи мутолиоти энержии Оксфорд мегӯяд: “Тайи 8 моҳ мо шоҳиди аз кор мондани ин лӯлаи газ будем ва аз моҳи апрел то декабр гази Туркманистон ба Русия нарафт. Ин Туркманистонро маҷбур кард, рӯи бозорҳои дигар фикр кунад, чунки онҳо наметавонистанд ба “Газпром” эътимод кунанд.”

Зарари қатъи содироти газ ба Ишқобод

Ба дунболи уфти қимати газ, Русия бо Узбакистону Қазоқистон, ду кишвари дигари содиркунандаи газ дар Осиёи Марказӣ пиромуни бозбинии қиматҳо вориди музокира шуд. Вале Туркманистон, ки 90 дарсади содироти газаш ба Русия дуруст меомад, ба ҳифзи “нархҳои бозори Аврупо” дар муомилаҳояш бо Русия исрор меварзид.

Чунин ҳол, албатта, ба сӯди “Газпром” набуд ва садамаи фаннии моҳи апрели соли гузашта дар бузургтарин лӯлаи гази Туркманистон боис ба қатъи содироти газ аз ин масир шуд. Ишқобод мегуфт, аз кор бозмондани ин лӯла ҳар моҳ ба ҷайбаш то 1 миллиард доллар хисорот ворид мекунад.

Аз ин рӯ, Дмитрий Медведев вақте дар моҳи декабри соли гузашта бори аввал ба Туркманистон омад, фазои равобити ду кишвар бар сари ин қазия хеле абролуда буд. Ба дунболи он сафар Русия воридоти газ аз Туркманистонро аз сар гирифт, вале дар ҳаҷми ҳамагӣ 11 миллиард метри мукааб дар сол, ки чизе дар ҳудуди 30 дарсад аз он 40 миллиард метри қаблӣ ва танҳо шашяки он 65 миллиард метри мукааб гази табиист, ки дар айёми ба осмон расидани нархи газ ширкати “Газпром” солона аз Туркманистон мехост.

Аммо тайи ин камтар аз як соле ки аз он сафари қаблии Медведев сипарӣ шудааст, Туркманистон тавонист хутути содироти газашро хеле тақвият кунад ва акнун ду лӯлаи наву бузурги интиқоли гази табиӣ ба Чину Эронро дар ихтиёр дорад, ки албатта, забони Ишқободро дар баҳси масоили газ бо Маскав хеле дарозтар мекунад.

Фишангҳои Ишқобод дар қиболи Маскав

Лӯлае, ки ба Чин меравад, қодир аст, дар сол то 65 миллиард метри мукааб гази табииро интиқол диҳад. Гунҷоиши солонаи лӯлаи нави ба сӯи Эрон 12 миллиард метри мукааб баровард шуда, ба иловаи он 8 миллиард метри мукааб газест, ки Туркманистон то кунун ба ин ҳамсояи ҷанубиаш мефурӯхт.

Туркманистон ҳамин тавр бо таваҷҷӯҳ ба тарҳи пурсарусадои лӯлаи гази Nabuco нигоҳ мекунад, ки таҳти ҳимояти ИА қарор дошта, ба бозорҳои Аврупо пайвастани манобеъи гази Осиёи Марказиро ба ҳадаф дорад.

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳамин гуна тарафдори гарми бунёди лӯлаи аз лиҳози стротежӣ хеле муҳими мавсум ба TAPI аст, ки бояд аз манобеъи гази Туркманистон тавассути Афғонистону Покистон то ба Ҳинд кашида шавад. Он ҳам бо вуҷуди нигарониҳо дар бораи вазъи амниятӣ дар масири ин лӯла, ба хусус дар Афғонистони ҷангзада ва ҳам дар Покистон, ки низ пояш ба хушунат кашонида мешавад.

Русия, қарори маълум, шадидан мухолифи тарҳи Nabuco буда, онро рақиби лӯлаҳои русӣ дар бозори гази Аврупо мешиносад. Аммо дар мавриди самтҳои дигар, Маскав мисле ки мухолифати ошкоре ба тарҳҳои Туркманистон надорад.

Муовини сарвазири Русия Игор Сечин, ки Медведевро дар сафари Туркманистон ҳамроҳӣ мекунад, гуфтааст, Русия рақиби Туркманистон дар бозори Чин нест. Аз сӯи дигар, имкони ширкати “Газпром” дар тарҳи лӯлаи газе, ки тавассути Афғонистон ба Ҳинд кашида хоҳад шуд, низ дар дасти музокироти байни Маскаву Ишқобод қарор гирифтааст.

Аммо пиромуни ин тарҳҳои пурсарусадои марбут ба манобеъи гази Туркманистон, ба истиснои роҳи Чин, то кунун ягон қарордоди амалӣ имзо нашудаааст, ки ин талошҳои Бердимуҳаммадов ҷиҳати бакарат боло бурдани ҳаҷми содироти газашро барбод медиҳад.

Ниёзи Туркманистон ба Русия

Ва агар Туркманистон дар воқеъ бихоҳад, ки ҳаҷми содироти солонаи газашро аз 25-30 миллиард метри мукааби феълӣ то соли 2030, тавре барнома дорад, ба 180 миллиард метр бирасонад, пас хоҳ-нохоҳ бояд бо Русия ҳам як забони муомила биёбад. Вале барои ёфтани чунин забони муомила Ишқобод ночор аст, нархи газашро бозбинӣ кунад.

Бахусус ба таваҷҷӯҳ ба конҳои нави бузурги газ, ки дар бистари хоки Русия кашф шудаанд. Таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи масоили энержии Оксфорд Ҷонатан Штерн мегӯяд, шурӯъи истихроҷи газ аз ин конҳои нав дар шимоли Русия зарурати воридоти газ аз Туркманистонро, бидуни шакк, камтар мекунад.

“Газпром ба харидани газ аз дигарон ниёз надорад. Амалан, як мушкили онҳо ин баста будани онҳо бо қарордодҳои қаблӣ барои газест, ки баъди дастрас кардани гази худӣ ва аз фурӯшандаҳои дигар дар Русия бо нархи арзонтар дигар барои чунин гази қимат пул пардохт карданӣ нестанд. Мушкил инҷост, ки қарордодҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ алакай имзо шудаанд ва дар оянда ба ин қарордодҳо ниёз боқӣ намемонад. Аммо феълан, ки тавлидоти газ беш аз ҳадд буда, вале талабот ба он ҳанӯз барқарор нашудааст, онҳо ба ин газ ниёз надоранд.”

Захираи газ танҳо дар нимҷазираи Ямал ҳудуди 16 триллион метри мукааб рақам зада шуда, соли оянда истихроҷи газ дар Ямал метавонад ба 15 миллиард метр бирасад. Он ҳам дар ҳоле, ки танҳо аз як кони Бованенково дар ин нимҷазира метавон солона то 100 миллиард метри мукааб гази табиӣ истихроҷ кард.

Ин ҳама фаровард барои бозори Аврупост ва бояд тавассути ду лӯлаи нави дар ҳоли сохт – “Nord Stream”, яъне “Маҷрои шимолӣ” ва “South Stream”, ё худ “Маҷрои ҷанубӣ” ба бозори ин қора бирезанд. Чунин сурати ҳол, албатта, вазни қартаҳои Ишқобод дар музокиротҳояш бо Маскав пиромуни ҳаҷму нархи газ камтар мекунад ва сарфи назар аз он ки хушаш меояд ё на, Ишқобод роҳе ба чуз аз гузашти ҷиддӣ ба Русия дар масъалаи нархи газ надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG