Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Субҳи имрӯз як гурӯҳи хурди иборат аз дастикам 3 ҷангӣ ба сохтмони парлумони Чеченистон ҳамла овард. Бино ба хабарҳо, бар асари ин ҳамла дастикам 6 нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд.

Чеченистон, ки аз соли 1994 ба ин сӯ ду маротиба бо талаби истиқлол бо Русия вориди ҷангҳои дарозмуддат шудааст, дар ин авохир нисбат ба ҷумҳуриҳои дигари минтақаи Қафқози шимолӣ ҳатто як андоза оромтар ба назар мерасид. Вале ҳамлаи навбатӣ ҳокист, ки ин ҷумҳурӣ метавонад бо мавҷи нави ҳамлаҳои ҷудоиталабон рӯбарӯ шавад.



Ҳамлаи субҳи сешанбеи чирикиҳои чеченӣ ба сохтмони парлумони Чеченистон аз пурсарусадотарин ҳамалоти ҷудоиталабон дар ин ҷумҳурии ошӯбзадаи минтақаи Қафқози шимолии Русия дар моҳҳои охир дониста мешавад.

Ҳамла дар ҳошияи сафари вазири дохила

Вазири умури дохилаи Русия Рашид Нургалиев, ки бо амри тасодуф дар рӯзи ҳамла дар пойтахти Чеченистон - шаҳри Грозний ба сар мебурд, гуфт, пеши роҳи ин ҳамла гирифта шуда ва ҳамаи ҳамлагарон кушта шудаанд:

Рашид Нургалиев, вазири умури дохилии Русия
“Имрӯз соати 8:45 ҷангиҳо кӯшиш карданд ба сохтмони парлумон ворид шаванд. Вале мисли ҳамеша онҳо ноком шуданд. Пеши роҳи онҳоро кормандони полис гирифтанд. Дар натиҷа, ҷангиҳо нобуд шуданд”.


Шумори ҳамлагарон 3 нафар рақам зада шуда, гуфта мешавад, ки ҳамла ба парлумон тақрибан 20 дақиқа тӯл кашидааст. Бино ба гузориши расонаҳои Русия, дастикам як маргталаб худро дар ҳавлии парлумон мунфаҷир кард ва ду ҳамлагари дигар дар задухӯрд бо нирӯҳои амниятӣ ҷон бохтанд.

Хабарҳои расида ҳамчунин ҳокии ҳалокати дастикам 2 афсари пулис ва 1 корманди парлумон бар асари ин ҳамла буда, пулис дар бораи ҷароҳат бардоштани 17 тани дигар, бо шумули 11 ғайринизомӣ хабар медиҳад.

Раҳбари рӯ ба Маскави Чеченистон Рамазон Қодиров ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, амалиёти хунсо кардани ҳамлагарон 20 дақиқа тӯл кашид. Ба гуфтаи Қодиров, ҳамаи он вакилони парлумон, ки дар замони ҳамла дар дохили сохтмон буданд, ба макони амн кӯчонида шуданд.

Нақли шоҳидони ҳодиса

Игор Данилов, узви ҳайъати расмии вилояти Свердловски Русия, ки феълан аз Чеченистон боздид мекунад, низ дар соати ҳамла дар дохили бинои парлумон будааст. Игор Данилов дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ ҳодисаро чунин тасвир кард:

“Тирборони парлумон аз мусалсалу норинҷакандозҳо шурӯъ шуд. Муҳофизони парлумон ҳам ба оташи ҷавобӣ шурӯъ карданд. Яъне як ҷанги воқеъӣ сар шуд. Мо зуд аз ҳуҷраҳои худ берун шудем, аз назди тирезаҳо ҳам дур шудем ва дар роҳрав паноҳ бурдем. Сипас моро таҳти ҳифозати нирӯҳои ОМОН аз сохтмони парлумон берун бароварданд.”

Рашид Нургалиев, вазири дохилаи Русия нирӯҳои маҳаллии пулисро барои вокуниши сареъ тавсиф кард ва ҳам ба ин нукта таъкид кард, ки чунин ҳамалот дар Чеченистони, ба таъбири ӯ, “босуботу боамн” ками дар кам иттифоқ меуфтад.

Таҳлилгари чечен Темур Мӯсоев аммо мегӯяд, ҳадафи ҳамла дар асл ба чолиш кашонидани иддаои Рамазон Қодиров ва маъмурияти рӯ ба Маскави ӯст, ки мегуфт, ҷунбишҳои чирикӣ дар Чеченистон аз по уфтодаанд:

“Ин як амали хеле намоишкорона буд, ки бояд қуввату нуфуз ва тавоноии чирикиҳо барои зарба задан ба мақомоти рӯ ба Русия дар Қафқози шимолӣ, аз ҷумла дар Чеченистонро ба намоиш мегузошт.”

Мавҷи афзояндаи чирикиҳо дар Чеченистон

Ба эътиқоди Темур Мӯсоев, ҳадафи чирикиҳо аз ин ҳамла назар ба ончӣ ки ҳосил шуд, хеле фаротар мерафт: “Бино бар гузоришҳои аввали расида аз Грозний, омилони ҳамла қасд доштанд вакилони парлумонро асир ва гаравгон карда, бо мақомоти федеролии Русия ваё бо ҳукумати Қодиров вориди музокироти сиёсӣ шаванд.”

Маскав дар солҳои 90 ду дафъа бо ҷудоиталабон дар Чеченистон вориди ҷангҳои тӯлонӣ шуда, инак чандин сол боз бо мавҷи афзояндаи чирикиҳои исломгаро дар Қафқози шимолӣ, ин борикаи гуногунқавме дар марзҳои ҷанубии Русия вориди набардҳост. Ба бовари нозирони умур, фақри тоқатфарсо, рақобати байни доираҳои мухталиф, фасоди густрада ва шеваи шадиди бархӯрди мақомоти интизомист, ки ин ҳама сол ба суфуфи ҷунбишҳои чирикӣ дар ин минтақа меафзояд.

Ҳарчанд Маскав пирӯзиаш дар ҷанг бо чирикиҳои чеченро эълон кардаву иен ҷумҳуриро Рамазон Қодиров гӯё бо панҷаҳои оҳанинаш таҳти назорати сахт даровардааст, Чеченистон дар моҳҳои охир ҳамчунон шоҳиди мавҷи ҳамлаҳову бомбгузориҳост.
Дар моҳи август дар як даргирӣ миёни чирикиҳо ва нирӯҳои амниятии Рамазон Қодиров дар зодгоҳи ӯ - рустои Сенторой дастикам 12 нафар кушта шуд.

Ошӯбҳо ҳамин тавр ҷумҳуриҳои бо Чеченистон ҳамҷавори Доғистону Ингушистон ва Кабардаву Балқарро фаро гирифтаанд. Гоҳо доманаи ҳамлаҳои чирикиҳои ин минтақа ба хеле фаротар аз марзи Қафқози шимолӣ ҳам буруз мекунад, ки як намунааш бомбгузории моҳи март дар ду истгоҳи метрои шаҳри Маскав аст, ки 40 кушта ва беш аз 100 захмӣ ба ҷо гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG