Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди тазоҳуроти хунбор дар Эрон


Рӯзи шанбе, 12 июн, аз интихоботи пурбаҳси раёсати ҷуҳурии Эрон, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро ба давраи дуввуми чорсолаи раёсат расонд ва ба мавҷи эътирозҳои бесобиқа оғоз гузошт, як сол пур шуд.

Вале бино ба хабарҳо, дар ин рӯз дар шаҳрҳои Эрон кадом тазоҳуроти эътирозие доир нашуд.

Ду раҳбари умдаи мухолифин Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ, аз рақибони аслии Аҳмадинажод дар интихоботи соли гузашта, ҳанӯз дар остонаи ин солгард хабар доданд, ки гирдиҳамоиҳои барои рӯзи шанбе барномарезишударо ба далели нигаронӣ аз эҳтимоли хушунатҳо лағв кардаанд.

Ҳушдори мақомоти Эрон ба мухолифин

Мақомоти Эрон низ тарафдорони мухолифинро аз ҳар навъ талоши ташкили чунин эътирозҳо ҳушдор дода, гуфтаанд, ки ҳар навъ тазоҳуротро дар ин рӯз саркӯб хоҳанд кард.

Хабаргузории ИСНО аз Аҳмадризо Родон, як мақоми аршади пулиси Эрон нақли қавл кардааст, ки ҳар навъ эътироз дар солгарди интихобот ба бархӯрди “шадид” рӯбарӯ хоҳад шуд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бори дигар тарафдорони мухолифинро аз рехтан ба хиёбонҳо дар солгарди аввали интихоботи пурбаҳси раёсати ин ҷумҳурӣ ҳушдор дод. Ризо Фарзона, як фармондеҳи аршади Сипоҳ гуфт, ҳар навъ эътирози мухолифин бо тамоми нирӯ муқобила хоҳад кард.

Дар ҳар сурат, интихоботи як сол пеши раёсатҷумҳурии Эрон як нуқтаи чархиш дар таърихи сисолаи Ҷумҳурии исломӣ талаққӣ мешавад. Нуқтае ки ба мавҷи эътирозҳои бемисл оғоз гузошт. Эътирозҳое ки дар моҳҳои июл ва декабр ба хушунатҳо ҳам печид ва бо ҳалокати афрод анҷом шуд.

Тазоҳуроте, ки ба оташу хун кашида шуд

Бо ин ҳол, бо гузашти як сол омори қурбониёни ин мухолифатҳо мухталиф боқӣ мемонад. Давлат ҳалокати аз 35 то 40 нафарро таъйид мекунад, вале мегӯяд, нисфе аз онҳо басиҷӣ буданд. Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар аммо шумори кушташудагон дар ҷараёни эътирозҳои пасоинтихоботии Эронро дар ҳудуди 80 нафар баровард мекунанд.

Ҳамин тавр, ин эътирозҳо ба мавҷи нави таъқибу саркӯбии мухолифин ва дигарандешон дар Эрон оғоз гузошт, ки бино ба иддаои мухолифин, дар ҳудуди 4 000 нафар аз тарафдорони неҳзатҳои ислоҳталаб, бо шумули чандин нафар аз шахсиятҳои шинохта ва ҳатто афроди дар гузашта соҳиби мақомҳои калидӣ дар давлати Эрон, бо шумули Муҳаммади Абтаҳӣ, собиқи ноиби раиси ин ҷумҳуриро пушти панҷараи зиндон бурд.

Ин эътирозҳо ҳамчунин боиси рӯи кор омадани як неҳзати густардаи мухолифин таҳти унвони Ҷунбиши сабз дар Эрон шуд, ки як муддат хеле фаъол ва дар миёни мардум хеле маҳбуб шуд.

Iran Election Anniversary - No Narration
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00


Хомӯшии муваққати Ҷунбиши сабз

Вале дар солгарди аввали интихоботи пурбаҳси раёсатҷумҳурии Эрон аксари таҳлилгарон ба чунин натиҷа расидаанд, ки Ҷунбиши сабз дигар ба он сурате, ки як соли гузашта буд, фаъол ва маҳбуб нест.

Аммо раҳбарони мухолифини Эрон дар ин маврид назари дигар доранд. Маҳдии Каррубӣ ва Мирҳусайни Мӯсавӣ, ду рақиби аслии Аҳмадинажод дар интихоботи як соли пеш, дар гуфтугӯи интернетие, ки дар арафаи солгарди ин интихобот бо расонаҳои ислоҳталаб ва тарафдорони худ дар шабакаи саросарии Интернет барпо карданд, изҳори итминон карданд, ки Ҷунбиши сабз дар ниҳоят ба аҳдофи худ хоҳад расид.

Маҳдии Каррубӣ низ ба ояндаи неҳзати мухолифин бо хушбинӣ нигоҳ мекунад, вале мегӯяд, шеваи таъқибу фишоре, ки мақомоти Ҷумҳурии исломӣ дар қиболи тарафдорони мухолифин кор мегиранд, мунҷар ба боз ҳам тундтар шудани шиорҳову талабҳои ин мардум хоҳад шуд.

Дар интизори интихоботи навбатӣ

Бо ин ҳол, бо вуҷуди мухолифат ба мақомоти кунунии Ҷумҳурии исломӣ, ҳеҷ кадоме аз раҳбарони мухолифин садоқат ва пойбандии худ ба асли низоми исломии давлати Эронро инкор намекунад. Маҳдии Каррубӣ, барои мисол, дар гуфтугӯи интернетиаш бо расонаҳои ислоҳталаб гуфт, тақсир дар соҳибони кунунии ин низом аст, ки аз арзишҳои исломӣ ба хотири ҳифзи қудрати худ сӯйистифода мекунанд.

Ҳарду раҳбари Ҷунбиши сабз ва ҳамин тавр, бархе аз таҳлилгарони масоили Эрон мӯътақиданд, ки ин неҳзати мухолифини Эрон аз зарфиятҳои бузурге бархӯрдор аст, ки танҳо дар натиҷаи саркӯбгарии давлат маҳор шудааст. Ба назари коршиносон, бо андаке боз шудани фазо ин Ҷунбиш бо ҳамон дурахше, ки соли гузашта дошт, дигарбора ба майдони мубориза бар хоҳад гашт, ки ҳаққи худро аз ҳокимони феълии Ҷумҳурии исломӣ талаб кунад ва бигирад.

Аммо ба назари таҳлилгарон, имкони расидан ба чунин фазои ҳадди ақал андаке боз дар Эрон дастикам то се соли дигар, ки Маҳмуди Аҳмадинажод давраи дуввум ва ниҳоии раёсаташро тай хоҳад зад, чандон боваркарданӣ нест.
XS
SM
MD
LG