Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як муассисаи пажӯҳиши захираҳои башарӣ таъкид кардааст, ки меъёрҳои маишии шаҳри Минск поинтарин дар Аврупо мебошад.

Ба назар мерасад, ки Беларус гузоштани рекордҳои аҷибу ғарибро дӯст медорад. Боре котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс ин кишварро "охирин диктатураи Аврупо" унвон дода буд. Ин лақаб ба калимаи муродифи режими президенти Беларус Александр Лукашенко табдил ёфт.

Акнун стандартҳои зисти пойтахти Беларусро поинтарин дар Аврупо номидаанд.

Дар як гузорише, ки пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии захираҳои башарӣ бо номи "Мерсер" интишор намуд, зикр гардидааст, ки ҳаёти хориҷиён дар Минск дар муқоиса бо 182 шаҳри аврупоӣ дар поинтарин ҷо қарор дорад.

Пажӯҳишгари "Мерсер" Слагин Паракатил мегӯяд: " Яке аз меъёрҳое, ки Минск баҳои паст гирифт, дастрасӣ ба маводи истеъмолӣ: харидории мева, гӯшт ва моҳӣ мебошад. Мо ҳамчунин меъёри зиндагии хориҷиҳоро таҳқиқ кардем. Агар дар Минск як шаҳрванди хориҷӣ ба амалиёти фаврии ҷарроҳӣ эҳтиёҷ дошта бошад, на дар бемористони хусусӣ ва на дар бемористони давлатӣ интихоби зиёде дар ихтиёр надорад."

Минск аз нуқтаи назари осоишгоҳҳо, муҳити сиёсиву иқтисодӣ, имконоти фурудгоҳ ва нақлиёт баҳои паст гирифтааст.

Дар пажӯҳишҳои муассисаи "Мерсер" ба таври муназзам мавқеи шаҳрҳои Аврупои шарқӣ беҳбуд меёбад, вале Минск бидуни тағйир дар ҷои охирин аст. Сокинони Минск дар ин бора чӣ назар доранд?

Валмен Аладау, меъмор ва профессори Донишгоҳи техникии шаҳри Минск: "Минск яке аз шаҳрҳои ҷолибтарини Аврупост. Ҳар касе, ки ба ин ҷо омадааст, ин ҳарфро рӯшан иброз медорад. Ин хулосаи пажӯҳишгоҳ як иғвои сиёсӣ барои бадном кардани ҳукумати мо буда, ба ҳамаи мардум зарба мезанад. Мо меҳмонсарои кофӣ надорем, вале аз нуқтаи назари ҷаззобӣ, худо кунад, ки дар Аврупо ҳам чунин шаҳрҳои ҷолиб пайдо шавад".

Вале дар кӯчаҳои Минск сокинони дигари ин шаҳр бо натиҷагирии муассисаи «Мерсер» мувофиқ буданд: "Дар тамоми шаҳрҳои аврупоӣ агар нафаре шомгоҳ хона рафтан нахоҳад, тарбахонаву кафеи зиёде ҳаст, ки дар он ҷо вақташро сипарӣ намояд. Дар Минск фақат казино ва вокзал фаъол мебошанд."

Зани дигаре ба сӯҳбат ҳамроҳ мешавад: "Дар ин ҷо барои кӯдакон Қасри ях сохтаанд. Хуб мебуд агар бар иловаи он чизи дигаре ҳам месохтанд. Ҳозир ҳеҷ ҷое нест, ки ҳангоми таътил кӯдаконро бубарем".

Шореҳи фарҳангии Беларус Серҳей Харенский илова мекунад, ки мақомот кореро барои ҳифзи бахши қадимаи пойтахти Беларус ба сомон нарасондаанд: "Ба маркази шаҳр равед, шумо дар он ҷо чиро мебинед? Ду калисо ва тамом. Сохтмони толорҳои намоишӣ ва музейҳое, ки замоне ба нақша гирифта буданд, ҳеҷ гоҳ амалӣ нашуданд. Шумо фақат чанд майхонаро мебинеду халос. Ҳозир мақомот саъй доранд, ҳар метри мураббаъи маркази шаҳрро ба фурӯш бароварда, ҷайбҳояшонро пур кунанд. Ва ҳамчунон имкон диҳанд, ки шумори ҳар чӣ бештари мошинҳо аз марказти таърихӣ убур намояд."

Дар ҳақиқат бисёре аз сайёҳон, ки ахиран аз Минск зиёрат кардаанд, мегӯянд, симои ин шаҳр ва муҳити он аз замони Шӯравӣ то кунун зиёд тағйир наёфтааст.

XS
SM
MD
LG