Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор кишвари Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия қарордоди таърихие имзо карданд, ки тибқи он сохтмони Набукко - лулаи газ аз Осиё ба Аврупо оғоз мешавад.

Ин лула 3 300 километр дарозӣ дорад ва аз шарқи Туркия то Вена - пойтахти Австрия мерасад. Лулаи гази Набукко ҳамчунин имкон хоҳад дод, ки гази Дарёи Хазар, Ироқ ва Ховари Миёна бидуни вуруд ба қаламрави Русия ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо интиқол дода шавад.

Бо вуҷуди пофишориҳои мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо бар сари ин ки ҳадафи онҳо рақобат бо Русия нест, вале онҳо пинҳон намедоранд, ки солҳои ахир эътибори Русия ба унвони сарчашмаи аслии таъминкунандаи гази Аврупо коҳиш ёфтааст ва сабаби он қатъи интиқоли гази Русия тавассути қаламрави Украина будааст.

Бо имзои қарордоди байнидавлатии Набукко аз тарафи кишварҳои транзитӣ, яъне Туркияву Булғористон, Руминияву Маҷористон ва Австрия Иттиҳодияи Аврупо, ба сӯи роҳҳои мухталифи таъмини энержӣ гоми бузург бардошт. Интизор меравад, ки лулаи Набукко сол 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Лулаи гази Набукко имкон хоҳад дод, ки гази Дарёи Хазар, Ироқ ва Ховари Миёна бидуни вуруд ба қаламрави Русия ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо интиқол дода шавад...
Агар ин лула комилан ба истифода дода шавад, дар он сурат метавонад соле 31 миллиард метри муккааб газ интиқол диҳад, ки он то соли 2020 тибқи пешбиниҳо 5-10 дарсади гази мавриди ниёзи Аврупоро ташкил хоҳад дод.

Хосе Мануел Бароссо, раиси Коммиссияи Аврупо, ки рӯзи душанбе дар маросими имзои ин қарордод дар Анкара ҳузур дошт, гуфт, ки лулаи Набукко амнияти энержии Туркия Аврупои Ҷануби Шарқӣ ва Аврупои Марказиро таъмин хоҳад кард ва он воқеан тарҳи аврупоӣ ба шумор меравад.

Бароссо гуфт, "лулаи Набукко барои таъмини энержии Аврупо ва Туркия хеле аҳамият дорад. Ин лула заминаи роҳҳои мухталифи интиқоли энержӣ ва манобеи онро фароҳам меорад. Энержиро ба бозори қобили эътимоди муштарӣ бо таъмини итминонбахш тавассути хатҳои транзитии қобили эътимод интиқол медиҳад".

Лулаи гази Набукко, ки хориҷ аз қаламрави Русия, яъне хориҷ аз кишвари аслии таъминкунандаи гази Аврупо, мегузарад, ҳамеша ба масъалаҳои сиёсӣ иртибот дода мешуд. Русия ба унвони кишвари боэътимоди таъминкунандаи газ солҳои ахир эътибори худро аз даст дод ва бисёре аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба далелҳои Русия бовар надоранд.

Ферран Тарраделлас, сухангӯи Коммиссияи Аврупо дар умури энержӣ, мегӯяд, имзои қарордоди Набукко ба маънии ин нест, ки ҳоло бо пайдоиши имкони роҳҳои мухталифи интиқоли газ ба Аврупо Иттиҳодияи Аврупо аз Русия рӯ гардонад. Вай афзуд, "ин бад-он маънӣ нест, ки мо намехоҳем бо Русия ҳамкорӣ кунем. Баракс Русия зоҳиран таъминкунандаи аслии мо боқӣ хоҳад монд ва гази Набукко ҳеҷ гоҳ тарҳе бар зидди Русия набудааст".

Аммо мақомоти расмии аршади Русия ошкоро мегӯянд, ки Иттиҳодияи Аврупо талош дорад пойбандии энержии худро аз Маскав камтар кунад. Бо вуҷуди ин иддаои Русия, мақомоти расмии Иттиҳодияи Авурпо мегӯянд, ки онҳо бояд роҳҳои амни таъмини энержии худро пайдо кунанд. Онҳо ба бисёре аз кишварҳои узв дар Аврупои Шарқӣ ишора мекунанд, ки комилан пойбанди гази Русия мебошанд.

Мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, аз лулаи Набукко кишварҳо аз Юнону Маҷористон то ғарби Балкан суд хоҳанд бурд. Ин лула то Лаҳистону Олмон ва то ба Фаронса мерасад. Тибқи пешбиниҳо, Озарбойҷон кишвари таъминкунандаи газ дар назар дошта шуда буд. Интизор меравад, ки моҳи сентябр истифодаи муқаддамотии лулаи Набукко бо интиқоли газ аз чоҳи Шоҳденис 2-и Озарбойҷон шуруъ шавад. Вале ин кишвар моҳи гузашта бо "Газпром"-и Русия дар бораи судури 500 миллион метри муккааб газ қарордоде имзо кард.

Ҳоло мақомоти Аврупо мегӯянд, ин ин қарордод онҳоро нигарон намекунад, зеро 500 миллион метри мукааб миқдори чандон зиёд нест. Мақомоти Аврупо мегӯянд, ҳукумати Озарбойҷон бовар дорад, ки дар як сол худи ин кишвар метавонад бештар аз 8 миллиард метри муккааб газ истихроҷ кунад.

Лулаи Набукко метавонад дар як сол то 30 миллиард метри муккааб газро ба Аврупо интиқол диҳад. Дар ин миён кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ироқ низ ҳаст. Масалан, Туркманистон баъд аз Озарбойҷон кишвари дигар дониста мешавад. Мақомоти Аврупо ҳамчунин дар бораи таъмини ин лула бо газ бо Қазоқистону Ӯзбакистон низ иртибот доранд.
XS
SM
MD
LG