Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пажвоки истиқлоли Косово дар Думаи Русия


Думаи давлатии Русия

Думаи давлатии Русия

Гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Русия пешниҳод карданд, ки истиқлолияти Абхазистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Приднестров эътироф карда шавад.

Ҳамзамон бо ин пешниҳод, ки дар ҷаласа шоми рӯзи панҷшанбе эълон гардид, гуруҳи дигари вакилон гуфтанд, ки истиқлоли ин ҷумҳуриҳо на имрӯз на фардо набояд эътироф шавад, вале ҳамагон бар он буданд, ки шеваи равобити Русия бо онҳо бояд дигар шавад.

Дар тавзеҳ ба ибораи шеваи равобит ва ё «формат отношения» Алексей Островский, раиси Кумитаи умури кишварҳои Муштаракулманофеъ дар Думаи давлатии Русия, гуфт, шеваи нави равобит рӯзи душанбеи 17 март дар ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи умури кишварҳои Муштаракулманофеъ баррасӣ мешавад ва пас аз як барои натиҷагирӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки намояндаи дигари Думаи давлатӣ, раиси Пажуҳишгоҳи масоили сиёсӣ Сергей Маркао дар бастагӣ ба масъалаи эътирофи истиқлолияти Абхазистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Приднестров гуфт, Русия истиқлоли ин минтақаҳоро ба зудӣ эътироф нахоҳад кард. Сиёсатшинос тавзеҳ кард, бо истифода аз ин мавзуъ Русия бар зидди истиқлоли Косово мубориза хоҳад кард ва метавонад аз қартаи ин минтақаҳои ҷудойталаб суйистифода намояд.

Вай гуфт, яке аз ҳадафҳои ин вокуниш ҷилавгирӣ аз узвияти Гурҷистон ба НАТО аст, вале Гурҷистон бидуни Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҳам метавонад ба НАТО шомил шавад.

Рузи панҷшанбе дар мухолифат ба нишасти Думаи давлатӣ дар назди Сафорати Русия дар пойтахти Гурҷистон, шаҳри Тифлис ҷунбиши «Мардуми Осетия ҷонибдорӣ сулҳ» гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор кард. Раиси ҷунбиш В. Санакоев баррасии масъалаи истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ аз Гурҷистонро тавтеъа номид ва эълом кард, мо хостори дарёфти мақоми хос дар ҳайати Гурҷистон ва ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ҳастем.


Дар гирдиҳамои дар Тифлис оворагони Абхазистон ҳам ширкат кардаанд. Масъалаи эътирофи Абхазистон, Осетияи ҷанубӣ ва Приднестров шоми рӯзи панҷшанбе дар Думаи давлатии Русия бо ширкати раҳбарони ин се ҷумҳурии эътирофнашуда баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG