Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 18-уми ноябр парламенти Украина Қонуни нави андозбандӣ дар ин кишвар ба тасвиб расонд. Арзёбии лоиҳаи қонун ду рӯз идома дошт ва ҳизби ҳокими минтақаҳо сарфи назар аз эътирози соҳибкорони хурду миёна лоиҳаро пазируфт.

Мухолифини қонуни нав мегӯянд, ин санад ҳаёти ширкатҳои бузургро осонтар намуда, соҳибкорони хурду миёнаро таҳти фишори бештар қарор медиҳад.

Сокини шаҳри Ковели Украина Леонид Шеремет тиҷораташро дар соли 2000-ум бо 700 доллар сармоягузорӣ оғоз намуд. Ӯ дар бозори умдафурӯшӣ либос харида, онро дар ҷои дигар ба фурӯш баровард. Имрӯз Шеремет аз ҳисоби даромадаш дӯконеро харидорӣ намуда, ду фурӯшандаро бо маоши хуб ба кор гирифтааст.

Ба қавли ин тоҷир, яке аз сабабҳои асосии рушди тиҷорати ӯ низоми соддаи андозбандии Украина будааст, ки тибқи он ӯ ва дигар соҳибкорони хурду миёна маблағи муайянеро шабеҳи патенти Тоҷикистон ба мақомоти андоз супурда, тӯли моҳ бидуни ташвиш тиҷораташро пеш мебурд. Қимати чунин муҷаввиз ва ё патент вобаста ба навъи соҳибкорӣ аз 200 то 600 ҳривна, яъне аз 20 то 75 доллари амрикоиро ташкил медод.

Зарба ба бахши соҳибкорӣ

Аксари коршиносон мегӯянд, қонуни соли 1999 имкон медод, ки тоҷирони хурду миёна як дафъа дар як моҳ маблағеро супурда, аз чанголи афсарони идораи андозситонӣ раҳо бошанд. Онҳо мегӯянд, маҳз ҳамин қонун боиси рушди соҳаи соҳибкории хурду миёна дар Украина гардида буд.

Вале бар пояи қонуни нави андоз ҳар як соҳибкори украинӣ сарфи назар аз он, ки тиҷораташ хурд аст ва ё бузург, бояд бахш ба бахш эъломияи андозашро пур кунад. Ба ақидаи муаллифони қонун низмои нави андозситонӣ дар давраи мушкили иқтисодӣ даромади иловагӣ меорад.

Вале ҳамсӯҳбатамон Шеремет бар ин назар аст, ки сар аз соли нав вақте қонуни нави андоз ба ҳукми иҷро медарояд, шояд ӯ ду фурӯшандаи дуконашро аз кор ҷавоб диҳад, зеро низоми нав ӯро аз даромад ва имкони пардохти маоши муносиб маҳрум хоҳад кард.

Аз замоне, ки лоиҳаи қонуни нав пешниҳод шуда буд, дар саросари Украина ба таври муназзам гирдомадҳои эътирозии соҳибкорон доир мешуданд. Дар моҳи июл президенти ин кишвар Янукович маҷбур шуд, бознигарии лоиҳаро талаб кунад.

Бо ширкатҳои бузург - сулҳ, бо ширкатҳои хурд - ҷанг

Иқтисодшинос Андерс Аслунд, ки замоне мушовири иқтисодии ҳукуматҳои Украина, Русия ва Қирғизистон будааст ва ҳоло дар Пажӯҳишгоҳи иқтисоди байналмилалии шаҳри Вашингтон ифои вазифа мекунад, дар бораи қонуни нави андозситонии Украина гуфт: "Қонун барои ширкатҳои бузург мусбат ва барои ширкатҳои хурд манфӣ мебошад. 5 дар сад андоз барои даромад пешрафти калон барои ширкатҳои бузург аст ва акнун имкон медиҳад, ки ширкатҳои бузург сармояи худро на дар хориҷа, яъне дар минтақаҳои офшор, балки дар қаламрави Украина нигаҳ доранд. Вале камбудӣ ин аст, ки низоми содаи андозбандӣ аз байн бурда шуду ҳамзамон бо он дар Украина низоми ҳисобу китоби байналмилалӣ ҷорӣ нашуд."

Феълан дар сектори соҳибкории хурду миёнаи Украина се миллион ширкат ба қайд гирифта шудааст, ки шаш миллион нафарро бо кору маоши муносиб таъмин мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Украина 46 миллион аҳолӣ дорад.

Соҳибкорон ба иқтисоди соягӣ рӯ меоранд

Вакили мардумии Украина Ксения Ляпина, ки дар Маҷлиси қонунгузор аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумат намояндагӣ мекунад, таъкид мекунад, ки аз низоми сода маҳрум шудани соҳибкорони хурду миёна роҳро барои фасод боз мекунад.

Ӯ мегӯяд: "Тоҷирон аз низоми нави андозсупорӣ хушҳол нестанд, зеро соддагии он аз байн рафтааст. Акнун онҳо бояд андозро дар шакли комил супоранд. Фикр мекунам, низоми соли 1998 бармегардад. Ва соҳибкор, тавре мегӯянд, ба иқтисоди соягӣ ё худ пасипардагӣ рӯй меорад."

Бар пояи пажӯҳишҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар рӯйхати бадтарин низомҳои саросарии андозситонӣ Украина баъд аз Беларус ва Венесуэла дар ҷои сеюм аст.

Интиқом аз соҳибкорон?

Ба гуфти иқтисодшинос Андерс Аслунд, бо қабули низоми андоз ҳизби ҳокими минтақаҳо мехоҳад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ки ба таври ҷиддӣ дар паи ислоҳи иқтисоди ин кишвар аст.

Вале Владимир Дубровский, шореҳи воломақоми Маркази пажӯҳишҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Киев, мегӯяд, ки эътирози соҳибкорон ҷанбаи сиёсӣ низ дорад. Ба гуфти ин коршинос, маҳви низоми андозсупории содда ҳамлаи мустақими ҳизби ҳоким рӯи соҳибкорону хурду миёна, рӯи ҳамон нерӯе мебошад, ки дар соли 2004-ум муҳаррики инқилоби норанҷӣ будааст.

Зимнан қонуни нави андози Украина аз 503 саҳифа, 19 бахш ва 340 мода иборат аст. Бо тасвиби ин санад дар низоми андози ин кишвар ба ваҷҳи умум 4500 ислоҳу дигаргунӣ ворид мешавад.
XS
SM
MD
LG