Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Сербиcтон пароканда гардид


Борис Тадич, раиси ҷумҳури Сербистон, қарори парокандашавии порлумони Сербияро имзо кард, 13 марти 2008

Борис Тадич, раиси ҷумҳури Сербистон, қарори парокандашавии порлумони Сербияро имзо кард, 13 марти 2008

Борис Тадич, раиси ҷумҳури Сербистон, дар бораи пароканда кардани порлумони кишвар ва таъини интихоботи нави порлумонӣ тасмим гирифт.

Қарор аст, ки ин маъракаи сиёсӣ рӯзи 11 май доир шавад. Тасмим дар бораи баргузории интихоботи нави порлумонӣ пас аз шикасти эътилофи ҳукуматии таҳти сарварии нахуствазир Воислав Коштунитса гирифта шуд.

Баъди пазируфтани истиқлоли Косово аз сӯи бархе аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ихтилофи назари аъзои ҳукумат дар мавриди чигунагии равобити минбаъда бо Иттиҳодия жарфтар шуд ва вазиронро дар ду сӯи сангар қарор дод – гурӯҳе барои таҳкими равобит ва пайвастан бо Иттиҳодияи Аврупо пофишорӣ мекарданд, гурӯҳи мухолифи онҳо бошад мутаваққиф кардани музокирот ва қатъи равобит бо Иттиҳодияро тақозо дошт.

Ба гурӯҳи аввал намояндагони Ҳизби демократии раиси ҷумҳур Борис Тадич ва ҳизби либералии «J17 Plus» шомил буданд. Онҳо мутмаинанд, ки Белград фақат тавассути равобити наздиктар бо Иттиҳодияи Аврупо тавони дифоъ аз манофеъи худ дар Косоворо хоҳад дошт. Ва аммо аҳзоби радикалӣ ва миллатгарои Сербистон Иттиҳодияи Аврупоро дар, ба истилоҳ, “хиёнат ба манофеъи Белград” муттаҳам мекарданд ва мегуфтанд, ки ҳамкорӣ бо ҷомеъаи аврупоӣ бояд фақат баъд аз лағви тасмим дар бораи эътирофи истиқлоли Косово аз сӯи кишварҳои узви Иттиҳодия аз сар гирифта шавад.

Сарвазир Воислав Коштунитса иқрор кард, ки бо ин гуна ихтилоф ҳукумат тавони фаъолияти мӯътадилро аз даст раҳо кардааст. “Ин фарҷоми кори ҳукумат аст!” изҳор кард Коштунитса ва дар бораи истеъфо тасмим гирифт.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки дар интихоботи порлумонии рӯзи 11 май низ мубориза асосан миёни ин ду нерӯ -демократҳо ва миллатгароҳо сурат мегирад. Ба гуфтаи онҳо, ин интихобот муҳимтарин маъракаи сиёсӣ аз замони суқути режими Слободан Милошевич дар соли 2000 ум хоҳад буд ва баъд аз он рушан хоҳад шуд, ки Сербистон кадом самт ҳаракат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Иттиҳодияи Аврупо умедворанд, ки интихоботи порлумонии моҳи май бо пирӯзии аҳзоби сиёсии пуштибон аз наздикшавӣ бо Иттиҳодия анҷом меёбад. Ба гуфтаи Димитрий Рупел, вазири хориҷаи Словения, кишвари садри даврии Иттиҳодияи Аврупо, Сербистон ба ҷуз пайвастан бо ҷомеъаи аврупоӣ роҳу интихоби дигар надорад.

Ҳавиер Солана, масъули сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо низ бо ин ақида мувофиқ аст. Ӯ мегӯяд, ки “мо мехоҳем Сербистонро ҳарчӣ наздиктар ба Иттиҳодияи Аврупо бубинем. Ва умедворем, ки интихоботи қарибулвуқуъ ба ин мусоидат мекунад. Ва мо сӯи Сербистон даст дароз мекунем, то ки тавонад бо Иттиҳодияи Аврупо равобити ҳарчӣ амиқтар барқарор кунад.

Минтақаи Косово 17 феврал мустақилияти худ аз Сербистонро эълон кард. Истиқлоли Косоворо Иёлоти Муттаҳида ва аксар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо эътироф намуданд. Белград ҳушдор додааст, ки равобит бо ҳама кишварҳои пуштибон аз истиқлоли Косоворо қатъ мекунад. Ба ҷуз Сербия боз Русия, Чин, Гурҷистон, Испания, Кипр, Руминия ва Словакия эълом доштанд, ки истиқлоли Косоворо эътироф нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG