Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемори СПИД бедаво боқӣ мемонад


Дар Амрико озмоиши воксини наве, ки мебоист аз Эйч Ай Ви - ангезандаи бемории ЭЙДЗ, ё худ СПИД, ҷилавгирӣ мекард, қатъ карда шуд.

Анҷоми озмоиши ин воксин умеди онҳоеро, ки аз ин бемории маргбор ранҷ мекашанд ва акнун дидаи умед ба сӯи воксини ҷадид дӯхта буданд, барбод дод. Донишмандони амрикоӣ аммо ин воксинро бесамар хонда, аз идомаи озмоиши он даст кашидаанд.

Проффесори улуми ангезандашиносӣ ё худ вирусология Даниил Голубев мегӯяд, Эйч Ай Ви, ки мустақиман ба низоми масунияти бадани инсон зарба мезанад ва тавлиди ҳар навъ василаи муқовимат ба ин ангезандаро дар бадан низ хунсо мекунад. Профессор Голубев гуфт, донишмандони амрикоӣ мехостанд бо истифода аз қувватҳои ирсӣ ё худ генетикии инсон дар бадан вирусҳои мусбате тавлид кунанд, ки пеши роҳи ангезандаи бемории Эйдзро бигиранд, вале натиҷа баръакс шуд, чунки истифодаи воксини ҷадид ҳассосият ба бемории сироятшударо ҳатто бештар кард.

Оқои Голубев, ки бо бахши русии Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, то кунун ҳама талошҳо ҷиҳати кашфу мавриди истифода қарор додани василаҳои ҷилавгирӣ ё давои бемории Эйдз ва ангезандааш – Эйч Ай Ви ба нокомӣ анҷомидааст ва табибони Созмони ҷаҳонии ҳифзи сиҳҳат дар ҳоли ҳозир ҳамчунон хатнаро, ки дар байни мусалмонон ва яҳудиён роиҷ аст, аз муассиртарин васоили ҷилавгирӣ аз ин беморӣ медонанд:

“Ин ҳама мисли тирандозӣ ба як ҳадафи дар ҳоли ҳаракат аст. Душвор аст гуфтан, ки акнун ихтироъи чунин воксин бо кадом самти нав пеш хоҳад рафт. Тасодуфӣ нест, ки Созмони ҷаҳонии ҳифзи сиҳҳат хатнаро дар қораи Африқо ба як василаи асосӣ ва ё тақрибан асосии табобат табдил додааст. Ва Исроил ба ин хотир ба он ҷо муттахассисони дар ин ришта соҳибтаҷруба ва ҳатто таҷҳизоти вижа мефиристад. “

Даниил Голубев, профессори ангезандашинос зимнан аз натоиҷи як таҳқиқоти дигари дар қораи Африқо анҷомдодаи донишмандони амрикоиву бритониёӣ ёд кард, ки мегӯяд, вуҷуди гени зидди бемории вараҷа дар бадани инсон эҳтимоли ба вируси Эйч ай Ви печидани афродро бештар мекунад. Олимон чунин генро дар сафедаи бадани африқоитаборон кашф кардаанд. Ин гени зидди вараҷа осебпазирии бадани инсон дар муқобили сирояти ангезандаи бемории Эйдзро то 40 дарсад афзуда, вале баъдан дар амри муқовимат ба он мусоидат мекардаанд. Дар натиҷа, баъд аз сирояти Эйч Ай Ви афроде, ки дар бадан чунин ген доранд, дар муқоиса бо онҳое, ки аз ин ген маҳруманд, 2 сол умри бештар мебинанд.

Аз кашфи нахустин мавриди расмии гирифторӣ ба вируси Эйч Ай Ви, ангезандаи Эйдз чаҳоряк аср мегузарад, вале чаро донишмандон то ҳол давои ин беморӣ ва ё воксинеро, ки аз сирояти он ҷилавгирӣ кунад, кашф накардаанд? Даниил Голубев, олими вирусолог мегӯяд, пайдо кардани давои ин ё он беморӣ гоҳо солҳои тӯлонии талошу таҳқиқро фаро мегирад ва гоҳо ҳатто тасодуфан даст медиҳад:

“Пирӯзӣ бар маризии гулафшон гӯё тасодуфан ба даст омад. Эдвард Ҷеннер дар асри 18 посухи ин суоли ҳазорсолаҳо дар пеши инсоният истодаро аз табиат пайдо кард. Ӯ дар дастони говдӯшоне, ки говҳои ба марзии гулафшон дӯшидаанд, изи ин бемориро мушоҳида кард ва фаҳмид, ки гулафшон дигар ба онҳо сироят намекунад. Аз сӯи дигар, бемории полиомелит ва ангезандаҳои он ҳанӯз дар авоили асри 20 ташхис шуда буд, вале воксинашо танҳо дар миёнаҳои солҳои 50-ум кашф шуд. Ва солисан, грипп. Вируси грипп ҳанӯз соли 1933 ташхис шуда, таҳияи воскинҳои мухталиф бар зидди он аз соли 1939 инҷониб идома дорад, вале грипп то ҳол аз байн бурда нашудааст.

Дар мавриди Эйч Ай Ви ин таҷрубаи таърихӣ ба кор намеояд. То ҳол чунин вирусе, ки ба таври вижа ба бофтаҳои масунияти бадан кора кунад, вуҷуд надошт. Ва шояд дар ин маврид бархӯрди комилан дигар лозим бошад. Аммо дар ҳоли ҳозир шарҳи ин масъала хеле душвор аст.”

Дар ҳоли ҳозир, оморҳо шумори гирифторон ба бемории маргбори Эйдз ва ба Эйч Ай Ви, ангезандаи ин беморӣ дар саросари ҷаҳонро аз 38 то 40 миллион нафар ҳисоб мекунанд. Наздики 25 миллиони ин гирифторон дар кишварҳои фаросӯи Саҳрои Кабири қораи Африқо ба сар мебаранд.

Дар Тоҷикистон, то поёни соли гузашта 872 нафари гирифтор ба вируси Эйч Ай Ви сабти ном шуда буд, вале таҳлилгарони умур шумори воқеъии мубталоёнро бамаротиб бештар номида, мегӯянд, дар ин авохир бар иловаи мӯътодони маводи мухаддир ва танфурӯшон мавридҳои сирояти ин ангезанда дар миёни муҳоҷирони тоҷик низ кашф шудааст, ки ин тоифаро ба як қишри дигари осебпазир дар муқобили сирояти Эйч Ай Ви табдил медиҳад.

XS
SM
MD
LG