Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши адёни ҷаҳонӣ дар Мадрид


Попи Рум Бенедикти 16 ва шоҳи Арабистони Саудӣ Амир Абдуллоҳ

Попи Рум Бенедикти 16 ва шоҳи Арабистони Саудӣ Амир Абдуллоҳ

Рӯзи 16 июл дар Мадрид, пойтахти Испания, ҳамоиши байнулмилалии пайравони бузургтарин адёни дунё оғоз ба кор кард.

Ин ҳамоиши серӯзаи намояндагони се дини ҷаҳон - Ислом ва Масеҳӣ ва Яҳудӣ ба хотири ба роҳ андохтани гуфтугӯи байни адён бо ибтикори Арабистони Саудӣ сурат мегирад. Подшоҳи Саудӣ Амир Абдуллоҳ дар оғози кори ҳамоиши Мадрид диндорони ҷаҳонро ба ҷустуҷӯи роҳи оштӣ даъват кардааст.

Амир Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистони Саудӣ дар ифтитоҳи ҳамоиши байнулмилалии намояндагони динҳои масеҳиву яҳудӣ ва Ислом дар Мадрид, пойтахти Испания, аз пайравони бузургтарин адёни дунё даъват кард, ифротро канор гузошта, роҳи мудоро ва оштиро биҷӯянд.

Ҳамоиши Мадрид бо ширкати тақрибан 300 нафар бо ибтикори Арабистони Саудӣ баргузор шуда, ба ҳам овардани пайравони динҳои масеҳиву яҳудӣ ва Ислом ва аз ин миён таҷзия кардани онҳоеро ба ҳадаф дорад, ки аз дину мазҳаб ба хотири тавҷеҳи хушунат ва сӯъитаҳаммул истифода мебаранд.

Арабистони Саудӣ, ки иҷрои озодонаи фаризаҳои мазҳабӣ барои афроди ғайримусалмон дар қаламраваш манъ аст, барои бори аввал ба чунин ҳамоиш пайравони дини яҳудиро даъват кардааст. Амир Абдуллоҳ, ки дар пайи ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 алайҳи шаҳрҳои Амрико, ки 15 тан аз 19 омилаш атбоъи Саудия буданд, ба далели ҳусни таҳаммулаш нисбат ба мазҳаби Ваҳҳобияи дини Ислом таҳти оташи шадиди интиқод қарор дошт, ба нишасти Мадрид намояндагони динҳои буддоӣ, ҳиндуӣ ва сикҳҳоро низ даъват кардааст.

Амир Абдуллоҳ, ки дар паҳлуи подшоҳи Испания Хуан Карлос дар қасри подшоҳии он кишвар дар ғарби Мадрид сухан меронд, гуфт, ихтилофоти назарҳо дар ҷаҳон набояд моро ба домани низоъ ва мухолифатҳо бикашонанд. Ӯ афзуд, иллати фоҷиъаҳое, ки дар таърих иттифоқ уфтодаанд, дин нест, балки низомҳои сиёсӣ ва ифротгароист, ки пайравони ин ё он мазоҳиб дунболаш рафтаанд. Раҳбарони адёни масеҳиву яҳудӣ мегӯянд, амир Абдуллоҳ бо он ки пайравони адёни мухталифро зери як бом гирди ҳам овард, ба таассуби мазҳабӣ зарбаи сахт мезанад.

Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ин ҳамоиш дар худи Арабистони Саудӣ баргузор шуда наметавонист, чунки рӯҳониёни суннатӣ дар он кишвар аз ҳар навъ тамос бо афроди ғайримусалмон ва ҳатто бо мусалмонони пайрави мазҳаби шиъа парҳез мекунанд. Аммо дар байни 288 ширкаткунандаи ҳамоиши Мадрид исми намояндагони расмии яҳудиёни Исроил ё масеҳиён ва ё мусалмонони фаластиниро наметавон дучор шуд.

Рабби Девид Роузен, аз Кумитаи яҳудиёни Амрико гуфт, агар намояндагони расмии исроилиҳову фаластиниҳо даъват мешуданд ва ҳамоиш ҳам дар Арабистони Саудӣ мегузашт, ин иқдом метавонист оғози як раванди бузурги таърихӣ шавад. Амир Абдуллоҳ дар Мадрид ҳамчунин гуфт, талошҳои қаблии ба роҳ андохтани гуфтугӯи байни динҳо ба нокомӣ дучор шуд, чунки он талошҳо, ба эътиқоди подшоҳи Саудӣ, бештар рӯи тафовути байни адён тамаркуз мекард, на ҳамкорӣ. Вай афзуд, динҳои мухталиф бояд байни тафовутҳои худ пуле бисозанд, ки баҳсҳоро байни адён канор бурда ва пайравони мазоҳиби гуногунро ба ҳам биёрад.

XS
SM
MD
LG