Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саркозӣ: "Эрон таҳдиди мушакии имрӯз аст"


Николас Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса

Николас Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса

Раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 20-уми ноябр гуфт, сипари дифои мушакии муштараки Амрико ва Аврупо барои таҳдидҳое чун Эрон аст. Николас Саркозӣ дар ҳошияи нишасти раҳбарони НАТО дар Лиссабон гуфт: «Дар асноди ошкоршудаи НАТО ба ҳеҷ номе ишорат нашуда аст, аммо бояд ошкор гуфт, ки таҳдиди мушакии имрӯз, Эрон аст.

Рӯзи ҷумъа раҳбарони кишварҳои узви НАТО бо эҷоди сипари мушакии муштараки Амрико ва Аврупо барои муҳофизат аз мушакҳои дурпарвоз мувофиқат карданд.

Мухолифати Туркия аз ном бурдани Эрон дар санадҳо

Бо ин ҳол, дар асноди марбута ба ин тарҳ, ба ҳеҷ кишваре ба унвони таҳдиди хос, ишора нашудааст.

Пеш аз ин Фок Расмуссен, дабири кулли паймоин НАТО гуфта буд ниёзе нест, ки дар ин тарҳ ба номи кишвари хосе ишора шавад.
Фог Расмуссен гуфт: «Беш аз 30 кишвар фановарии мушакӣ доранд ё хоҳони дастёбӣ ба он ҳастанд. Далели вуҷуд надоранд, ки аз кишвари мушаххасе ном бурда шавад, зеро ин кишварҳо бисёр ҳастанд.»

Туркия, ки як узви НАТО аст ва дар ин сипари мушакӣ мушорикат карда дар мавридҳои мухталиф баён кардааст, бо ном бурдан аз Эрон ба унвони як «таҳдид» дар асноди НАТО мухолиф аст.

Абдулло Гул, раиси ҷумҳури Туркия дар сафари ахири худ ба Британия гуфта буд, ки ин сипари мушакӣ барои кишвари хосе нест, балки барои ҳама кишварҳое аст, ки аз мушакҳои дурпарвоз бархӯрдоранд.

Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи ҷумъа низ пеш аз сафар ба Лиссабон бори дигар бар хостаи Туркия таъкид кард ва ба хабарнигорон гуфт: «Мо ба қатъномаи ном бурдан аз як кишвари хос ба унвони таҳдид, мухолифем.»

Эрон "таҳдид"-и мушакӣ барои НАТО

Бо ин ҳол ИМА низ ҳамчун Фаронса ба таври мушаххас аз Эрон ба унвони « таҳдид»-и мушакӣ ном бурда аст ва ин сипари мушакиро барои аъзои НАТО зарурӣ донистааст.

Аз сӯи дигар, паймони НАТО барои ин, ки аз нигарониҳои Русия дар мавриди ин сипари мушакӣ бикоҳад, аз ин кишвар барои ҳамкорӣ дар ин тарҳ даъват кардааст.

Дар тарҳи сипари мушакии НАТО, мушакҳо ва системаҳои раҳгирии Амрико, ки аз пеш барои кишварҳои Булғористон ва Руминия тарроҳӣ шудааст, бо системаҳои мушакии Аврупо пайванд мехӯрад ва барои ҳама аъзои НАТО чатри муҳофиз дар баробари мушакҳои кишварҳои мутахосим эҷод мекунад.

Рӯзи шанбе Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО ҳамчунин эълом кард, сарони 28 кишвари узви паймони дифоӣ, бар сари «нақшаи роҳ»-и даҳсолаи НАТО ба тавофуқ расиданд.

Дар ин санад омадааст, ки дар ростои дифои дастҷамъӣ, кишварҳои узв тавоноии худро дар баробари ҳамлаҳои мушакӣ боло хоҳанд бурд. Дар ин санад ҳамчунин қайд шудааст, дар сипари дифои мушакӣ, НАТО ба дунболи ҳамкорӣ бо Русия аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG