Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзномаи «Время новостей», чопи Маскав, дар шумораи ахири худ, ба нақл аз мақомоти бозрасии Маскав, хабар дод, ду тан аз шарикони Артур Рино, қотили шаҳрванди Тоҷикистон Хайрулло Содиқов, ахиран боздошт шуданд.

Бино ба хабар, як тан аз боздоштшудагон Роман Кузин, маъруф ба Кирпич, яъне Хишт, дар куштори 20 шаҳрванди хориҷӣ муттаҳам дониста мешавад. Рӯзнома менависад, бино ба тафтишҳои анҷомшуда, Кирпич дар ин 20 куштор ҳамроҳ бо донишҷӯи омузишгоҳи наққошии Маскав Артур Рино ширкат кардааст.

Ҳамзамон дар гузориш гуфта шудааст, Артур Рино ҳамроҳ бо Павел Скачевск, донишҷӯи донишгоҳи варзиши Маскав, шаби 16-уми апрел бо иттиҳоми куштори як тоҷик ва як арманӣ боздошт шудаанд. Бозрасӣ муқаррар кардааст, ки онҳо бо задани 35 зарби корд шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон Хайрулло Содиқовро, ки дар яке аз сохтмонҳои Маскав ба ҳайси муҳандис кор мекард, куштанд. Амалиёти онҳоро навори видеоӣ сабт кардааст.

Артур Рино дар ҷараёни тафтиш иқрор кардааст, ки бо Сергей Климук ва Николай Королев, ки 21 августи соли 2006 дар бозори Черкизи Маскав таркиш анҷом доданд, ошноӣ дорад ва рӯзи таркиш ҳам он ҷо буд. Бино ба бозрасиҳои анҷомшуда, дар таркиши бозори Черкиз 11 нафар кушта шудаанд. 6 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Дар робита ба афзоиши бегонаситезӣ маркази иттилоотиву таҳлилии «Сова» гузориши вижа интишор кард. Ба гуфтаи муаллифи гузориш Галина Кожевникова, то рӯзи 16 октябр тайи соли равон дар Русия аз дасти гуруҳҳои миллатгаро 445 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, 49 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Вале дар қиболи гурӯҳҳои миллатгарои ҷинояткор танҳо 15 ҳукми додгоҳӣ содир шудааст. Маркази аслии хушунат дар заминаи миллӣ дар Русия чун пештара Маскав ва Санкт-Петербург мебошанд, омадааст дар гузориши вижаи муҳофизони ҳуқуқи башар.

XS
SM
MD
LG