Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти бенатиҷаи Медведев ва Бердимуҳаммадов


Руасои ҷумҳуриҳои Туркманистону Русия дар мулоқоти рӯзи якшанбе натавонистанд дар мавриди шурӯъи содироти газ ба Русия ба тавофуқ бирасанд.

Содироти гази Туркманистон ҳанӯз моҳи апрел баъд аз як садама дар лӯлаи газ, ки Ишқобод масъулияташро ба ширкати русии “Газпром” бор кард, қатъ шуд.

Интизор мерафт, ки дидори рӯзи якшанбеи раҳбарони Туркманистону Русия Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Дмитрий Медведев дар шаҳри бандарии Туркманбошӣ, Красноводски собиқ, дар соҳили баҳри Хазар бо имзои қарордоди фавқулодда муҳиме, ки равобити ду кишварро ба ҳолати оддӣ баргардонда ва содироти гази Туркманистонро ба Русия аз сар бигирад, анҷом шавад.

Аммо ду раҳбар натавонистанд таърихи мушаххаси рӯзи азсаргирии содироти гази табиӣ аз ин кишвари Осиёи Марказиро таъйин кунанд. Садамаи моҳи апрел, ки боиси қатъ шудани интиқоли газ аз Туркманистон ба Русия шуд, Ишқободро аз як манбаъи умдаи даромадаш маҳрум кардааст.

Мушовири Кремл дар умури сиёсати хориҷӣ Сергей Приходко, ки Медведевро дар сафараш ба Туркманистон ҳамроҳӣ мекард, гуфт, намояндагони ширкатҳои гази ду кишвар ба хотири таъйини таърихи ниҳоии шурӯъи дубораи содироти гази Туркманистон ба Русия ва ҳалли баҳсҳои мавҷуда бар сари нархи ин газ ба зудӣ ташкили ҷаласа хоҳанд кард. Аммо вақте аз ӯ пурсиданд, ки оё дар мулоқоти Медведев бо Бердимуҳаммадов таърихи азсаргирии содироти газ баҳс шуд, оқои Приходко гуфт, дар дастури кори ин мулоқот чунин масъала намеистод.

ОҒОЗИ САРДИҲО ДАР МУНОСИБОТИ ИШҚОБОД ВА МАСКАВ

Бо ин ҳол, бино ба хабарҳои расида, Бердимуҳаммадов дар мулоқоти дирӯза ба Медведев гуфтааст, ки ширкати давлатии “Туркменгаз” ба маҳзи таркиши моҳи апрел дар лӯлаи газе, ки Туркманистонро бо Русия мепайваст, тамосҳояш бо ширкати “Газпром”-и Русияро мутаваққиф мекунад.

Медведев ба хабарнигорон аммо гуфт, ки музокирот дар шаҳри Туркманбошӣ роҳро ба сӯи имзои як қарордоди хурди энержӣ боз карда, ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратии Русияву Туркманистон мусоидат хоҳад кард.

Равобити байни Туркманистону Русия баъд аз садамаи моҳи апрел дар лӯлаи газ, ки Ишқобод дар он ширкати монополисти риштаи гази Русия – “Газпром”-ро масъул донист ва гуфт, иллати чунин иқдом ба коҳиши талабот ба гази табиӣ дар Аврупо рӯбарӯ шудани “Газпром” аст, ба сардӣ гароид.

Дар воқеъ, таркиш дар ин лӯлаи газ ва қатъ шудани интиқоли гази Туркманистон ба Русия дуруст дар замоне иттифоқ уфтод, ки “Газпром” ба иллати бӯҳрони саросарии молӣ ба коҳиши қобили мулоҳизаи тақозо ҳам дар бозори Аврупо ва ҳам дар бозори дохилии Русия рӯбарӯ шуда буд.

Ҳарчанд инфиҷор дар лӯлаҳои газ дар паҳнои шӯравии собиқ ба иллати кӯҳнаву фарсуда будани ин лӯлаҳо ҳар сари чанд вақт иттифоқ меуфтад, вале кам шудааст, ки тармими лӯлаҳои таркида ва шурӯъи дубораи интиқоли газ беш аз як ҳафтаро фаро бигирад. Албатта, ба истиснои таркиши моҳи апрел дар лӯлаи газе, ки аз Туркманистон ба Русия мебурд, ки инак 5 моҳ мешавад аз гази Туркманистон холист.

ДАР ҶУСТУҶӮИ РОҲҲОИ НАВ БА БОЗОРИ АВРУПО

Туркманистон мехоҳад содироти газашро ба таври сареъ аз сар бигирад, чунки бахши аъзами қисми дахли буҷаи кишвар аз ҳисоби фурӯши газу нафту пахта ба даст меояд. Бино ба баровардҳо, даромади моҳонаи Туркманистон аз фурӯши фақат гази табиӣ то 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Туркманистон, ки гуфта мешавад, чаҳорумин захираи бузурги гази дунёро дар ихтиёр дорад, аллакай ба хотири коҳиш додани вобастагиаш аз Маскав дар амри фурӯши газ иқдомоти мушаххасе рӯи даст гирифта, гази худро мустақиман ба харидорони бузурге, чун кишварҳои Аврупо ва Чин пешниҳод кардааст. Ишқобод аз ҷумла мехоҳад газашро тавассути лӯлаи гази Набукко, ки таҳти пуштибонии Иттиҳоди Аврупо ва Амрико сохта шуда, як рақиби калидии “Газпром” дар бозори гази минтақа хоҳад шуд, ба бозори Аврупо содир кунад.

Аммо азбаскӣ тарҳи ин лӯлаи газе, ки бояд бидуни убури қаламрави Русия сохта шавад, ҳанӯз дар рӯи қоғаз аст, Туркманистон ҳамчунон вобастаи хутути ҳамлунақлии Русия аст, ки ба умеди биҳишти насяи фардо аз нақди имрӯзаш намонад.
XS
SM
MD
LG