Пайвандҳои дастрасӣ

Исломи русӣ садо пайдо мекунад


Намози иди Қурбон дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Қазони Русия

Намози иди Қурбон дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Қазони Русия

То ҳанӯз истилоҳи "исломи русӣ" пурра ташхис нашудааст, вале шореҳи пажӯҳишгоҳи бритониёии Ҷейнз (Jane's) Марк Галеоттӣ се тамоюлро номбар мекунад, ки барои нуфуз дар миёни мусулмонони Русия талош доранд

Яке ниҳодҳои анъанавии аз нуқтаи назари сиёсӣ хомӯш. Сониян, ҷумбишҳои тундгарои то ҳадде моҷароҷӯй ва сеюм ҷумбиши Евро-Ислом (EuroIslam), ки дар ҷумҳурии Тотористони Русия фаъол буда, саъй дорад, мусулмонони туркзабони Русияро зери парчами мухторият ва ҳатто истиқлол аз Русия муттаҳид кунад.

Дар Русияи имрӯза мусулмон будан чӣ маънӣ дорад? Шореҳи британиявӣ Марк Галеоттӣ аз пажӯҳишгоҳи Ҷейнз (Jane's) таҳқиқоташро бо ҳамин суол шурӯъ намуда, худ посух медиҳад, ки барои аксарият истилоҳи "мусулмони рус" маънои онро дорад, ки фарди ёдшуда на аз қавмҳои славянӣ, балки аз намояндагони ҷамоаҳои Қафқози Шимолӣ ва ё ҷамоҳири Осиёи Марказӣ мебошад.

Тибқи омори расмӣ имрӯз 10% аҳолии Русияро мусулмонон ташкил медиҳанд. Вале калисои православии Русия бо ишора ба ҳузури теъдоди бузурги муҳоҷирони расмиву ғайрирасмӣ таъкид мекунад, ки шумораи мусулмонони Русия 14,5% аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад. Яъне шумораи мусулмонони Русия на ба 14 миллион, балки ба 20 миллион нафар мусовӣ мебошад.

Ба қавли шореҳ Марк Галеоттӣ барои нуфуз дар ин фазои фарҳангӣ се равияи ислом сабқат доранд: Аввалан, пайравони анъанавии ислом. Ин ҷараён аз замони Шӯравӣ маншаъ мегирад. Дар солҳои ҳукми Шӯравӣ мақомот пешвоёни исломиро водор мекарданд, ки бар пояи дастурҳои ҳизби коммунист амал кунанд.

Шореҳи пажӯҳишгоҳи британиявии Ҷейнз (Jane's) муфтии Русия Талъат Тоҷуддинро намунаи пайравони исломи анъанавӣ унвон додааст. Ба қавли Галеоттӣ Талъат Тоҷудддин одатан хатти машйи худро бо бошандагони Кремл мутобиқ мекунад ва дар натиҷа ӯ муваффақ шудааст, ки аз замони Шӯравӣ ба ин тараф раҳбарии Идораи рӯҳонии мусулмонони Русияро дар зери назораташ қарор диҳад. Ҳамчунон муаллифи таҳлил муфтии Тотористон Усмон Исҳоқовро аз муҳофизакорони мазҳаби ҳанафӣ номида, менависад: Ба ақидаи Исҳоқов ислом бояд аз давлат ҷудо бошаду аслан, дини исломро бояд ҳамчун системаи арзишҳои хусусӣ арзёбӣ намоем.

Дар идомаи таҳлил шореҳи пажӯҳишгоҳи Ҷейнз (Jane's) дар бораи ҷумбишҳои тундгарои исломии Русия ҳарф мезанад. Галеоттӣ раҳбари Кумитаи Исломии Русия Ҳайдар Ҷамолро ба ҳайси намояндаи ҷиноҳи дуюм хотирнишон намуда, мегӯяд, ки тундгароҳои исломӣ саъй доранд, исломро ба нерӯи сиёсӣ табдил дода, ҳадди ақалл дар сатҳи маҳаллӣ тағйир ба амал оранд. Муаллифи таҳқиқоти пажӯҳишгоҳи Ҷейнз (Jane's) пайравони афкори салафиро ҳам, ки асосан афкори уламои арабиро талқин менамоянд, ба гурӯҳи мусулмонони тундгарои Русия шомил намудааст. Ба қавли Галеоттӣ салафиҳо зери парчами ҷиҳод масъалаҳои сиёсиву иқтисодиро матраҳ мекунанд.

Билохира Галеоттӣ дар бораи ҷараёни сеюми мусулмонони Русия: Евроислом иттилоъ медиҳад. Ин ҷумбиш ба ваҷҳи умум дар Тотористон пешрафт намуда, ба қавли пешвоии ғоявии он Рафаел Ҳакимов: раиси пажӯҳишгоҳи таърихи Тотористон ва собиқ мушовири умури динии президенти Тотористон Минтемир Шаймиев "ЕВРОИСЛОМ даст кашидан аз анъанаҳои асрҳои миёна ва мутобиқ намудани Ислом ба тақозои даврони муосирро ҳадаф қарор медиҳад". Пайравони ин ҷараёнро ба ҷадидон шабоҳат медиҳанд, ки дар давраи Тсаризми Русия мехостанд арзишҳои ҷамоаи либералии Ғарбро дар миёни мусулмонон роиҷ намоянд.

Ба ақидаи Галеоттӣ маҳз ҷараёни Евроислом ба шароити кишвари сермиллат ба монанди Русия қобили қабул аст. Аммо шореҳи пажӯҳишгоҳи Ҷейнз (Jane's) бо ишора ба изҳороти ахири президенти Русия Дмитрий Медведев ва сарзири ин кишвар Владимир Путин мегӯяд, мақомоти Русия бештар ба пайравони анъанавии ислом такя мекунанд.

XS
SM
MD
LG