Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба як зани тоҷик дар Петербург


Хабаргузории РИА Новости мегӯяд, ин зани 32-сола дар гулгашти Удели шаҳр дар ҳоли мадҳушӣ ва оғушта ба хун дарёфт шуда, таъҷилан ба бемористони Елизаветинская интиқол дода шуд. Пизишкон мегӯянд, косахонаи сари зан шикаста, захми бози хуншор дар сар дошт ва ҳамчунин бинии ӯ шикастааст. Ҳоло зани тоҷик дар бахши эҳёи бемористон буда, вазъаш сангин аст.
Мақомоти Санкт-Петербург гуфтаанд, дар пайи таҳқиқи ҳодиса ва кушодани парвандаи ҷиноӣ ҳастанд, аммо ҷабрдида дар ҳолате нест, ки баёнот диҳад. Андрей Тихомиров, мудири бахши таҳқиқ дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Соҳилибаҳрии Петербург гуфт, ин ҳамла ангезаи миллӣ надорад ва амдан ба амал наомадааст. Вай ин нуктаро дар ҳоле мегӯяд, ки ҳанӯз ҳатто як таҳқиқи аввалияи ҷиноят ҳам ба амал наомадааст. Сониян, зарба бо чизи сангин, аз ҷумла калтаки оҳанин ва ба сар, бо нирӯе ки косахонаи сар бишаканад, асосан ба нажодпарастон хос аст. Онҳо дар сафҳаҳои интернетии худ менависанд, ҳадафро бояд онгуна зад, ки ё бимирад ва ё камаш маъюби якумрӣ гардад. Ва аз он ҷо ки ҳоло худи ҷабрдида изҳороте надодааст, маълум нест, натиҷагирии муфаттиши рус дар чӣ заминае ба миён омадааст.
Ҷинояти нав дар ҳоле ба амал меояд, ки Додгоҳи олии Русия ҳукми додгоҳи Санкт-Петербургро дар робита ба қатли духтарчаи нуҳсолаи тоҷик Хуршеда Султонова бетағйир боқӣ гузошт. Қотилони Хуршеда, ки ба тани кӯчаки ӯ ёздаҳ корд зада буданд, ба авбошӣ айбдор шуданд ва ҷазои сабук гирифтанд.
Бархе аз расонаҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки зани маҷрӯҳшуда на шаҳрванди Тоҷикистон, балки Ӯзбакистон аст. Аммо узви раёсати созмони тоҷикони Петербург Холназар Миров, ки ба бемористон рафт ва аз ҳоли зан огоҳ шуд, ба хабарнигори радиои Озодӣ дар Маскав Муҳаммадраҳими Сайдар гуфт, ин зан аз тоҷикони Самарқанд мебошад ва маълум, ки ҳадафи ҳамлаи нажодпарастон қарор гирифтааст. Зеро ҳамлаварон ба пулу моли зан даст назадаанд. Аз сӯи дигар ҳамаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия метавонанд, ҳадафи чунин ҳамлаҳои ваҳшиёна қарор гиранд, қатъи назар аз он ки тоҷиканд ё ӯзбаку қирғиз. Ба қавли матбуоти Русия Петербург ба яке аз марказҳои фаъолияти озодонаи нажодпарастон ва сартарошидаҳо табдил ёфтааст. Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои Русия гуфтаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар семоҳаи дуввуми имсол танҳо ба воситаи банкҳо аз Русия ба Тоҷикистон 187 миллион доллар интиқол додаанд. Онҳо ин равандро тақрибан ба ҳайси ғорати Русия қаламдод кардаанд. Аммо наменависанд, ки ҳиҷрати зану марди тоҷик ё ӯзбак ба Русия аз ғояти лоилоҷист ва ин пул пулест, ки онҳо бо иҷрои кори сахту сиёҳ, гоҳе ҳамин гуна ба баҳои маъюбӣ ё ҳатто марги онҳо ба даст меояд.
XS
SM
MD
LG