Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русия


Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ гуфтааст, Русия аз лиҳози қабули муҳоҷирони корӣ пас аз Амрико дар мақоми дуввум қарор дорад.

Аммо дар нимкураи шарқӣ, яъне дар миёни кишварҳои аврупоӣ Русия ба ҷои якум баромад. Бино ба ин гузориш, ҳар сол ба Русия беш аз 12 миллион муҳоҷири корӣ ворид мешаванд ва аз ин 12 миллион муҳоҷир 11 миллион муҳоҷирони мавсимианд ва дар поёни мавсим ба ватани худ бармегарданд. Вале ҳар сол беш аз 1 миллион муҳоҷир барои кору зиндагӣ дар Русия мемонанд. Елена Тюроканова, коршиноси созмони байнумилалии кор дар умури муҳоҷират, гуфт, аксари муҳоҷирони Русияро муҳоҷирони кори кишварҳои ҳамсуд ташкил медиҳанд.

Хонум Тюроканова дар ин бора гуфт, «80 дар сади муҳоҷират ба Русия аз кишвархои ҳамсуд аст. Дар ин кишварҳо, вазъи иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии мардум хеле поин аст. Ҳамчунин пешрафти ин кишварҳо низ кунд аст. Барои мисол сатҳи пешрафти Русия аз Тоҷикистон хеле фарқ дорад. Ин муҳоҷирати маҷбурӣ аст».

Дар Русия муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои ҳамсуд ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд. Барои мисол, онҳо як чизи одие, ки сабти иқомат ном дорад, ба осонӣ гирифта наметавонанд. Агар ба навиштаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Русия 12 миллион муҳоҷири корӣ фаъолият дошта бошад, танҳо беш аз 1 миллиони ин муҳоҷирон расман дар хадамоти муҳоҷиратии Русия сабти ном шудаанд. Чунин ҳолат бо вазъи муҳоҷирон дар Амрико қобили қиёс нест. Қонунҳо ва шароити кори муҳоҷирон дар кишварҳои аврупоӣ низ нисбат ба Русия ба маротиб беҳтар аст. Владимир Мукомел, доктори илми ҷамъиятшиносӣ, мегуяд, ки раванди муҳоҷират дар кишварҷои Ғарб аз Русия комилан фарқ дорад.

Владимир Мукомел меафзояд, «мушкилоте ки дар Русия аст, наметавон бо мушкилоти Исроил ва Олмон баробар кард. Русия дар мавриди иҷро ва риояти қонун комилан одатҳои дигар дорад. Ҳар вақте ки мо мехоҳем кори нек кунем, корамон баракс мешавад. Агар Исроил ва Олмон дар назди худ ҳадафе бигзоранд аввал онро то охир меомузанд. Аммо дар Русия чунин нест, ва то рӯзе, ки ба ин мушкилот пулиси ин кишвар дастрасӣ дорад, ин мушкилот ҳал нахоҳад шуд. Муҳоҷират мушкилоти иҷтимоист».

Коршинос Елена Тюроканова ба гуфтахои оқои Мукомел мувофиқ аст. Хонум Тюроканова мегуяд, дар Аврупо ва Амрико қонунҳои муҳоҷират ва қабули муҳоҷирон собиқаи тулонӣ идома дорад. Вай меафзояд, «Аврупо ва Амрико таҷрибаи муҳоҷирати садсола доранд, аммо Русия дар раванди муҳоҷират танҳо қадамҳои авалро мегузорад. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия дар охири солҳои 90 шуруъ шуда буд. Аммо дар соли 1990 муҳоҷират аз кишварҳои ҳамсуд ба Русия асосан иҷборӣ буд. Русия танҳо ҳамин 20 соли ахир таҷрибаи қабули муҳоҷиронро дорад».

Раванди муҳоҷират барои кишварҳои рӯ ба инкишоф суди зиёде меорад. Бино ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ муҳоҷирони Ҳиндустон дар соли гузашта беш аз 27 миллиард доллар ба кишварашон фиристодаанд. Дар мақоми дуввум Чин бо 25,7 миллиард доллар ва дар ҷои севвум Мексика қарор гирифтаанд. Соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик ба кишварашон 1 миллиарду 200 миллион доллар фиристоданд, ки бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ он тақрибан 33 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил дод.

XS
SM
MD
LG