Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқрори Горбачёв ба "Миллат", иштибоҳи пулиси Маскав ва оё скинҳедҳои рус террорист муаррифӣ мешаванд?


Ҳафтаномаи «Миллат» дар сафҳаи нахусти худ зери унвони Михаил Горбачёв: «Ман амри парондани намоишгарони ҳодисаҳои фервалии Душанберо надода будам», навиштааст:
Михаил Сергеевич Горбачёв ба суоли «Миллат» дар ин маврид, ки ӯ фармондеҳи қушӯнҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, оё дар хотир дорад, ки чӣ касе фармони ворид сохтани воҳид ҳои артиши ба майдонҳои Душанбе ва ба сӯи мардуми бесилоҳ тиркушоиро дар моҳи феврали соли 1990 содир карда буд, ки бар асари он 24 нафар кушта шуд, гуфт: Аз он маврид хеле фурсат гузаштааст. Аммо то ҳанӯз дақиқ намедонам фармони ворид намудани ҷузъу томҳо ва қатли шаҳрандон дар Душанберо кӣ содир карда буд. Кадом гурӯҳҳое бо «Алфа» ин корро анҷом додаанд.
Ин матлабро хабарнигори «Миллат» дар ҳошияи Кунгураи ҷаҳонии рӯзномаҳо ва ҳамоиши сардабирони нашрияҳо дар шаҳри Маскав дар сӯҳбат бо президенти нахусти Иттиҳоди Шӯравии собиқ таҳия кардааст.

Вале ҳафтаномаи «Тоҷикистон» воқеаи дигари дар шаҳри Маска ба вуқӯъ пайвастаро дар матлаби «Шабохун дар Маскав»» ба таҳлил кашида навиштааст, ки донишҷӯёни тоҷикро кӯфтани милисаҳои рус доираҳои дипломатии Тоҷикистону Русияро изтироболӯда кардааст. Ба навиштаи рӯзнома агар то ин дам дар Федератсияи Русия ҳуҷуми мусаллаҳона ба муҳоҷирону хориҷиёни ғайрирус аз ҷониби ба истилоҳ тоссарҳои фашистандеш сурат мегирифт, акнун чунин амалҳои золимонаи инсонбадбинона бевосита бо ширкати кормандони мақомоти қудратии ин кишвар ҷараён мегирад.

Дар зимн ҳафтаномаи «Азия плюс» матлаберо бо унвони «Тоҷиконро бо иштибоҳ зери шиканҷа қарор додаанд» навиштааст, ба ақидаи расонаҳои хабарии Русия 6 июн як нафар милисаи рус бо бо гурӯҳи донишҷӯёни доғистонӣ муноқиша кардаст, ва рӯзи дигар ҳамон милиса бо қасди ситонидани алами худ бо чаҳор панҷ нафар ҳамтои худ ба хобгоҳи донишҷӯён ҳамла кардааст. Ва чун ба хобгоҳ ворид шуданд, дарро ба рӯи онҳо донишҷӯи тоҷик боз карда ва зери лату кӯби милисаҳо қарор гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки «Зиндагӣ» дар сармақолаи худ навиштааст, мебояд ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бар он кӯшад, ин ҳаракати скинхедҳо дар Русия мисоли «Ал қоида» чун ташкилоти террористӣ муаррифӣ гардад.
Дар ҳамин ҳол «Наҷот» нашрияи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон номаи ҷавобии сафорати Русия дар Тоҷикистон ба эътирози вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди зери лату кӯб қарор гирифтани донишҷӯёни тоҷик дар Маскавро ба нашр расонидааст. Нашрия менависад, дар ёддошти ирсол доштаи худ сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов дар марвиди зери лату кӯб қарор гирифтани шаҳрандони Тоҷикистон ба раҳбарият ва мардуми ин кишвар изҳори таассуфи ҳукуматдорон ва ҷомеаи Русияро баён кардааст. Нашрия аз қавли сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон навиштааст дар ин нома моро мутмаин кардаанд, ки ҷониби Русия ҳодисаи мазкурро таҳқиқи амиқ хоҳад кард ва дар зудтарин фурсат гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки нашрияи «Бизнес и политика» дар мавриди ҳамкориҳои кишварҳо дар доираи созмони ҳамкориҳои Шанхай бо истинод ба назари Талбак Назаров , вазири хориҷаи Тоҷикистон навиштаст, созмони мазкур имкон надорад ва нақши иттиҳоди низомиро иҷро нахоҳад кард. Нашрия менависад вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои Шанхай дар мавриди ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва амният дар минтақа талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.
Ва ҳамзамон нашрия хабар додааст, ки масоили ҳамкориҳои СММ ва Тоҷикистон зимни сафари муовини дабири кулли СММ Имроҳим Қамбари ба Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Факти и комментарий» мусоҳибае бо Владимир Сотиров, намояндаи дабири кулли СММ дар Тоҷикистон дар мавриди то як соли дигар тамдид кардани ваколати ин созмон дар Тоҷикистонро анҷом додааст. Оқои Сотиров ба суоли нашрия дар мавриди он ки Тоҷикистон феълан дар кадом вазъ қарор дорад, гуфтааст, Тоҷикистон дар шароити дуввум ва сеюми таҳкими сулҳ қарор дорад.

,
XS
SM
MD
LG