Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба қатли тоҷику доғистонӣ бовар кард


Кумитаи бозрасии додситонии Русия эътироф кард, ки навори видеоии куштори як тоҷик ва доғистонӣ, ки соли гузашта дар интернет пахш шуд, ҳақиқист.

Бино ба хабари Кумитаи тафтишот, ҳуввияти яке аз кушташудагон маълум шудааст. Вай шаҳрванди Доғистон аст. Қаблан вазорати умури дохилаи Русия гуфта буд, навор санҳасозӣ шудааст. Ва акнун Кумитаи бозрасии додситони Русия эълом кард, ки навор ҳақиқӣ аст ва бозрасиро вазорати умури дохилаи Русия дар ҳамдастӣ бо пулиси ҷиноии Олмон идома хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки сардабири рӯзномаи интернетии «Кавказский узел» Григорий Шведов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина мо таҳқиқоти рӯзноманигорӣ анҷом додаем. Шахси кушташуда Шомил Удманов аз деҳаи Султонянгиюрти ноҳияи Қизилюрти Доғистон аст. Як сол пеш вай ба Русия барои кор рафта буд ва аз моҳи августи соли 2007 бедарак шудааст. Падар, бародар ва хоҳараш аз навор ӯро шинохтаанд.

Григорий Шведов афзуд, дар ин бора онҳо ба мақомоти бозрасӣ борҳо муроҷиат кардаанд, бародари кушташуда ба Маскав ҳам рафтааст. Вале мушоҳида нишон дод, ки бозрасӣ ба тафтиш таваҷҷуҳ надорад. Сабаб ин аст, ки бозрасӣ намехоҳад мавзӯъи низоъи байниқавмӣ, ба вижа куштор дар ин замина, мавриди тафтишоти мустақил қарор бигирад.

Коршинос ҳамзамон бо истиқбол аз хабари Кумитаи бозрасии Русия ибрози умедворӣ кард, ки муҷримони ҳодиса пайгирӣ ва боздошт мешаванд.

Галина Коженикова, ҳуқуқшинос ва муъовини раиси маркази таҳлилии «Сова» ҳам ба ҳамин назар аст. Вай мегуяд, аслан мавзеъи додситонӣ чунин аст, ки «ҷасад нест - парванда ҳам нест». Дар мутобиқат ба ин мавзеъ додситонӣ то шиносоии яке аз кушташудагон боре ҳам эълом накард, ки бозрасӣ идома дорад ё не. Наворро тафтиш карданд, ки воқеъист ё сохта ва хулоса карданд, ки сохта аст. Пахшкунанди наворро тафтиш карданд ва дигар ҳеҷ. Ҳуқуқшинос афзуд, акнун ки эъломияи расмии пайвандони шахси кушташуда интишор шудааст. Ба ҳар ҳол умед аст, ки парванда тафтиш хоҳад шуд.

Навори седақиқаӣ, ки «Қатли тоҷик ва доғистонӣ» унвон дорад, 10 августи соли 2007 пашх шудааст. Дар он манзараи қатли бераҳмонаи ду одам сабт шудааст. Якеро мепаронанд ва дигареро сар мебуранд. Масъулияти ин кушторро кадом як ҳизби «Натсионал-сотсиалисти русӣ» бар уҳда гирифтааст. Барои пахши чунин навори сангдилона донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Майкопи Русия Виктор Милков ба як соли зиндон маҳкум шудааст. Вай эътироф кардааст, ки наворро аз шахси номаълум дарёфт кардааст. Ва аммо муаллифи навор ҳанӯз маълум нест ва, ба эътиқоди коршиносон, бозрасӣ барои ҷӯстӯҷи вай то ҳол ҷиддан иқдом накардааст.

XS
SM
MD
LG