Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши бегонаситезӣ дар байни ҷавонони рус


Вазорати корҳои дохилаи Русия эълом кард, ки дар миёни ҷавонони ин кишвар падидаи нажодпарастӣ ва миллатгароӣ боз ҳам афзоиш ёфтаааст.

Бино ба омори ин вазорат, аз аввали сол то кунун гурӯҳҳои миллатгарои рус ба шаҳрвандони хориҷӣ беш аз 58 маротиба ҳамла кардаанд, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта 10 дарсад зиёд аст. Муҳофизони ҳуқуқ, ки дар Русия борҳо мақомоти амниятӣ ва давлатро аз афзоиши бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ ҳушдор дода буданд, мегӯянд, мақомоти интизомӣ ҳушдорҳои онҳоро ба инобат намегиранд ва беҳавсалагии ин мақомот дар роҳи мубориза бо ситезаҷӯӣ сабаби доман задани миллатгароӣ ва бадбинии миллатҳои ғайр дар миёни ҷавонони рус мешавад.

Александр Брод, раиси Дидбони ҳуқуқи башар дар Маскав, мегӯяд, мақомот ба сухан ва гузоришҳои онҳо чандон аҳамият намедиҳанд ва давлати Русия низ намехоҳад ин масалаларо ҷиддӣ бигирад. Вай афзуд, «ба иттиллои мо, аз аввали сол то ҳоли ҳозир гурӯҳҳои милатгарои рус бо дар заминаи нафрат ва миллатҳои ғайр ва шеваҳои нажодӣ бештар 93 ҷиноят кардаанд. Ва аз дасти ин гурӯҳҳо 57 нафар атбоъи хориҷӣ кушта ва 116 нафар захмӣ шудаанд. Бештар гурӯҳҳои милатгарои рус дар Маскав, Санкт Петербург, Воронеж, Твер ва ғайра фаолият мекунанд. Аз дасти гурӯҳҳои миллатгарои рус имсол 9 шаҳрванди Қирғизистон ва 9 шаҳрванди Узбакистон, 6 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд ва 54 нафари дигар ҷабр дидаанд. Ҳамчунин аз дасти ин гурӯҳҳои мардуми Қафқозу Аврупо низ ҷабр дидаанд. Вазъ бисёр мушкил аст, мо шоҳиди афзоиши бегонаситезӣ дар ин кишвар ҳастем».

Коршиносон мегуянд, ки афкори бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ дар тамоми ҷаҳон дар ҳоли рушд аст. Аммо дар Русия ки дар он зиёда 100 миллат ба сар мебарад, барангехтани нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ хатари бузург дорад. Юрий Табак, таҳлилгар ва муаллифи китоби мавсум ба «Торикиҳои миллатгароӣ», ки дар бораи навиштаҳои бегонаситезӣ дар рузномаҳо нақл мекунад, доир ба фарқияти бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ дар Русия мегӯяд, «бубинед дар тамоми кишварҳо афкори нажодпарастӣ ва миллатгароӣ афзоиш ёфтааст, ба хусус дар Русия низ. Аммо дар Русия фарқ дар он аст ки атбои хориҷи кушта мешавад ва бояд мақомоти давлат ва нирӯҳои интизомӣ зуд пеши роҳи ин мушкилро бигиранд. Дар тамоми кишварҳо агар инсон бо ангезаҳои нажодпарастӣ ва миллатгароӣ кушта шавад, ин мавзуъ дар саҳифаҳои аввали рузнома чоп ва аз суи ҷомеъа маҳкум карда мешавад. Аммо дар Русия ин чунин куштор ҳар рӯз мушоҳида мешавад ва ин тавр шудааст ки чунин куштор барои Русия як чизи оддист. Мо ҳар рӯз мешунавем, ё тоҷик ё қирғиз ё арманӣ ва ғайраро куштаанд».

Афзоиши бегонаситезӣ як дарди сари мақомоти Русия шудааст. Ахиран Владимир Путин раисиҷумҳури Русия зимни сӯҳбат бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои муштаракулманофеъ қавл дод, ки мубориза бо бегонаситезӣ дар Русияро шадидтар хоҳанд кард. Аммо бархе аз кошиносон ба ин гуфтаҳо шак доранд, ба далели он ки мақомоти Русия борҳо ваъда дода буданд, ки ба ин масъала аҳамият медиҳанд ва муборизаро шадидтар мекунад, аммо онгуна ки худи мақомоту ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд мо ҳанӯз ҳам шоҳиди афзоиши бегонаситезӣ дар ин кишвар ҳастанд.

XS
SM
MD
LG