Пайвандҳои дастрасӣ

Миллатгароёни Русия ахиран бо имзои санаде таҳти унвони «Паймони 8 июн» иттиҳодияе бо номи «Ҷунбиши миллии рус» ташкил карданд.

Ба «Ҷунбиши миллии рус» ҳизби «Русияи Кабир», «Ҷунбиши мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ», ҷунбиши «Мардум» ва «Ҷунбиши иҷтимоъии рус» шомил шудаанд.

Ба гуфтаи Алексей Навалний, ҳамраиси ҷунбиши мавсум ба «Мардум», яке аз ҳадафҳои «Ҷунбиши миллии рус» танзими муҳоҷирати корӣ аст, то шаҳрванди Тоҷикистон аз нодорӣ ҳангоми бозгашт ба ватан дар Русия даст ба куштор ва ғорат назананд.

Вай ҳамзамон гуфт, мо барои он муттаҳид мешавем, ки ба муҳоҷират ва фасоде, ки ба Русия хатар дорад, ҷавоби оқилона бидиҳем.

Раиси «Ҷунбиши мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ» Александр Белов дар конфронси «Ҷунбиши милли рус» тайи суханони худ хостори қатъи қабули донишҷуёни қафқозӣ ба мактабҳои олии Русия шудаааст. Белов донишҷуёни қафқозиро барангезандаи низоъ байни ҷавонони омад ва таҳҷой номидааст.

Раииси ҷунбиши «Гвардияи ҷавон» Иван Демидов, муаллифи санаде бо номи «Тарҳи русӣ», гуфтааст тамоми мардуми Русия рус ҳастанд ва дар ин кишвар давлатӣ миллӣ бояд сохта шавад.

Ин дар ҳолесст, ки муҳофизи ҳуқуқ, раиси гуруҳи Хелсинки Вотч дар Маскав Людмила Алексеева мегуяд, пуштибонӣ аз миллатгароён дар кишвари сермиллат баробар ба марг аст.
Муҳофизи ҳуқуқ таъкид кард, ки миллтагароӣ барои Русия хатари аз ҳамма ҷиддист ва метавонад муҷиби фурупошии он шавад Чи зарурат аст, ки барои рус будан ва ватани худро дӯст доштан худро миллатгаро ном биниҳӣ ва дар ҷунбиши миллатгароён паноҳ бубарӣ?

Ҳамзамон маркази омӯзиши афкори омма «Левада–сентр» эълом кардааст, ки 58 дарсади мардуми Русия аз шиори «Русия барои русҳо» ҷонибдорӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар Русия беш аз сад миллат зиндагӣ дорад ва ҷумҳуриҳои миллие ба мисли Тотористон, Бошқирдистон, Чеченистон, Доғистон ва ғайра сарқонун ва парчаму нишону мазҳабу суннатҳои худро доранд.


Конфронси ваҳдати миллатгароёни рус дар Маскав дар ҳошия се задухурди пай дар пайи ҷавонони маҳаллӣ бо ҷавонони қафқозӣ баргузор шуд. Намояндагони ҷунбишҳои миллатгаро гуфтаанд, афзоиши задухурди ҷавонони славянӣ бо қафқозӣ зуҳуротест пешгӯишаванда ва табиӣ. Ба гуфтаи онҳо, дар кутоҳмуддат вазъ боз ҳам бадтар хоҳад шуд.

Бино ба омори маркази таҳлилии «Сова», дар Русия 70 ҳазор скинхед аъзои гурӯҳҳои миллатгаро мебошанд. Аз дасти онҳо дар панҷ моҳи соли равон 70 нафар хориҷиён, аз ҷумла 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, кушта шудаанд.

Ташкили «Ҷунбиши милли рус» ва имзои «Паймони 8 июн»-ро муҳофизи ҳуқуқи башар Людмила Алексеева марҳали нави ҳаракати миллатгароӣ дар Русия номидааст ва орзу кардааст, ки дерпо набошад.

XS
SM
MD
LG