Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия интихоботи раисҷумҳури ин кишвар давом дорад. Раъйдиҳӣ 12 соат – то соати 8 бегоҳи имрӯз идома мекунад.

То ба ин соат дар вилоятҳои шарқӣ ва марказии Русия аллакай фоизи қобили таваҷҷуҳи раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат варзидаанд.

Барои дарёфти мақоми раисҷумҳури Русия дар интихобот чаҳор нафар, аз ҷумла Дмитрий Медведев, муовини аввали нахуствазири Русия ва номзад аз ҳукумати феълӣ, Генадий Зюганов, раиси Ҳизби комунист, Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерал-демократ ва Андрей Богданов, раиси Ҳизби демократ, мубориза хоҳанд бурд.

Дар интихоботи раисҷумҳури Русия нозирони дохиливу хориҷӣ ширкат хоҳанд кард. Вале ҳамзамон бархе аз созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ, ба мисли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, бо ишора ба он, ки натоиҷи интихобот қаблан равшан аст ва дар он гумоштаи Кремлин дастболо хоҳад шуд, нозирони худро ба Русия нафиристодаанд.

Аз замони ифтитоҳи ҳавзаҳои интихоботӣ бархе аз нозирони интихобот дар бораи ҷой доштани ҳолатҳои нақзи қонуну қоидаҳо иттилоъ додаанд. Созмони мавсум ба «Голос», ки намояндагони он дар 40 вилояти Русия аз интихобот назорат мебаранд, дар бораи як қатор ҳодисаҳои фишор ба хабарнигорон ва нозирон дар ҳавзаҳои интихоботӣ, дахолат ба бархе аз шаҳрвандон ҳини раъйдиҳӣ ва тақаллубкорӣ бо баргаҳои овоздиҳӣ хабар додаанд.

Дар интихоботи Русия ҳудуди 109 миллион мардуми ин кишвар, аз ҷумла беш аз як миллион шаҳрванди Русия дар кишварҳои хориҷ, ҳақи овоздиҳӣ доранд. Дар Тоҷикистон субҳи имрӯз шаш ҳавзаи интихоботӣ дар Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кулоб ва Норак кушода шуд ва дар назар аст, ки ҳудуди 20 ҳазор шаҳрванди Русия, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, раъй диҳанд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия тадбирҳои ҷиддии амниятӣ андешида шудааст. Дар ҷамъ дар раванди интихобот амниятро 450 ҳазор кормандони пулис ва низомиёни вазорати корҳои дохилаи Русия таъмин мекнанд.

XS
SM
MD
LG