Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буҳрони дипломатии Маскав ва Вошингтон


Шон Маккормак, сухангуи вазорати хориҷаи Амрико

Шон Маккормак, сухангуи вазорати хориҷаи Амрико

Маскав ва Вошингтон дар муносиботи дипломатии худ таърихи тулонии ихроҷи диплумотҳои якдигарро доранд.

Чунин раванд ҳатто бо афтодани пардаҳои фелезӣ низ қатъ нашуд. Чунин кор дар ҳамин рӯзҳо низ иттифоқ афтод. Намояндаи Кохи Сафед мегуяд, ихроҷи кунунӣ мисли ихроҷи солҳои ҷанги сард чандон душманона нест. Сухангум Кохи Сафед гуфтааст, ихроҷи ду фиристодаи низомии Амрико ё атташеи низомӣ аз Маскав дар посух ба ихроҷи ду дипломати Русия аз Вошингтон дар шаш моҳи ахир будааст. Вазорати хориҷаи Русия ва сафорати Русия дар Вошингтон аз додани тавзеҳот дар бораи ин ихроҷ худдорӣ кардаанд.

Вазорати дифоъи Амрико низ гуфтааст, ки роҷеъ ба ин масъала суҳбат намекунад. Шон Маккормак, сухангуи вазорати хориҷаи Амрико, танҳо ин нуктаро ёдовар шудааст, ки ин ихроҷ муҳим нест ва Русия дар ин замина даст ба иқдоми ҷавобӣ задааст. Ба гуфтаи вай, Амрико моҳи ноябр як корманди вазорати дифоъи Русия ва як моҳи пеш як нафари дигарро аз Амрико ихроҷ кардааст. Вай гуфт, "русҳо дар бораи ихроҷ ба мо баъзе сабабҳо пешниҳод кардаанд. Мо бовар дорем, ки ихроҷ мудаллал нест. Вале ҳамаи мо медонем, ки дар ҷаҳони дипломатия гоҳ-гоҳе чунин мешавад".

Шон Маккормак, сухангуи вазорати хориҷаи Амрико, аз додани тавзеҳот дар бораи сабабҳои ихроҷ худдорӣ кард ва гуфт, Вошингтон ба чунин рафтори Русия даст ба иқдоми ҷавобӣ нахоҳад зад: "Мо нигарон ҳастем. Пофишорӣ намекунем, ки даст ба иқдоми баъдӣ мезанем. Албатта ҳама вақт мо ҳақ дорем, ки даст ба иқдоми баъдӣ занем, вале дар мавриди кунунӣ ман мебинам, ки мо дар ҷавоб даст ба ҳеҷ иқдоми баъдӣ намезанем".

Дар давоми чанд соли гузашта муносиботи миёни Амрикову Русия то андозае сард шудааст. Бо вуҷуди ин ки Ҷорҷ Буш дар давоми раиси ҷумҳурии худ Влодимир Путин, раиси ҷумҳури пешини Русияро дусти худ ном мебурд, вале миёни ин ду нафар ихтилофоти ҷиддии назар низ вуҷуд дошт. Нақзи ҳуқуқи башар дар Русия ва талошҳо дар робита бо тавсеъаи НАТО дар кишварҳои зери нуфузи Русия аз ҷумлаи чунин ихтилофот ба шумор мераванд. Сухангуи вазорати хориҷаи Амрико мегуяд, ихроҷи ду дипломати Амрико аз Русия боъиси ташдиди ихтилофоти ду ҷониб нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG