Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Мушкили мардикорон осон мешавад


Тибқи тарҳи як қонуни нав дар Русия, муҳоҷирони корие, ки аз ин ба баъд ба Русия меоянд, ҳуқуқ доранд дар меҳмонхонаҳои ин кишвар сабти иқомат кунанд.

Тарҳи ин қонунро ки ҳукумати Русия таҳия кардааст, Думаи давлатӣ рӯзи дуввуми июл хоҳад пазируфт. Ба ҷонибдорӣ аз ин тарҳ аз 450 намояндаи порлумон 376 нафар раъй додаанд. Бино ба тарҳи нави қонуни федералӣ, ба меҳмонхонаҳо иҷозат дода мешавад, ки муҳоҷиронро сабти иқомат бикунанд ва ин хабарро ба хадамоти федералии муҳоҷират ирсол намоянд.

Муҳофизони ҳуқуқ аз ин иқдоми мақомоти Русия ки мушкили муҳоҷиронро осон мекунад, истиқбол карданд, вале ҳамзамон дар андешаи ин ҳастанд, ки дар тарҳи нави қонун чандин мушкили дигар ҳалношуда боқӣ мемонад.

Ҳуқуқшиноси созмони «Муҳоҷират ва ҳуқуқ» Манзура Каримова мегуяд, ин қонун мушкили аввали муҳоҷиронро, ки сабти иқомат аст, осон мекунад, вале ҳануз ҳалли ниҳоии масъала нест, зеро муҳоҷир ҳамзамон бо сабти иқомат, иҷозатномаи кор ҳам бояд дошта бошад. Дар акси ҳол хеҷ корфармо вайро ба кор намегирад.

Ҳуқуқшинос ҳамчунин таъкид кард, ки феълан муҳоҷирони корӣ барои дарёфти сабти иқомат ва иҷозатномаи кор то 12 ҳазор рубл, муъодили 500 доллар, ба миёнаравҳо, ки аслан раҳбарони ҷомеъаҳои тоҷикони муқими Русия ҳастанд, мепардозанд. Маълум нест, ки қонуни нав харҷи муҳоҷиронро кам мекунад, ё не.

Ва аммо Лидия Графова, раиси ҷунбиши дидбони ҳуқуқ, мавсум ба «Анҷумани созмонҳои муҳоҷирин», гуфтааст, иловае ки Думаи давлатӣ ворид кард, имкон медиҳад, ришвахорӣ дар ин замина камтар шавад.

Бино ба гузоришот, дар Русия ҳудудан аз 5 то 7 миллион муҳоҷир ба сар мебарад, ки наздик ба 2 миллиони онҳо ғайриқонунӣ мебошанд. Муҳоҷире, ки ғайриқонунӣ ба сар мебарад, аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима медиҳад. Соҳибхонае ҳам, ки муҳоҷирро пазируфтааст ва дар вақт вайро сабти иқомат накардааст, то 4 ҳазор ва корфармо то 500 ҳазор рубл ҷарима медиҳад.

Шумораи муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия аз 400 ҳазор то 1 миллион гуфта шудааст. Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия эълом кардааст, тавоноии назорати чунин шумораи бузурги муҳоҷиронро надорад. Тарҳи нави қонуни муҳоҷиратии Русия тирамоҳ фаъол мешавад ва аз он ба баъд муҳоҷирон метавонанд, дар меҳмонхонаҳо сабти иқомат намоянд.

XS
SM
MD
LG