Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони тоҷик дар истироҳатгоҳи «Игуменка»


Дар яке аз рӯзхои тобистони соли ҷорӣ истироҳатгоҳи «Игуменка»-и вилояти Твер, ба қавле, ба «тоҷикмаҳалла» табдил ёфт.

Убайд Окимбеков

Ҳар ҷо нигарӣ, чеҳраи гарми тоҷикиро мебинӣ. Аз ҳар гушае ҳарфи тоҷикӣ мешунавӣ ва ҳатто аз сӯйи толор садои дафу рубоби тоҷикӣ ба гуш мерасад. Духтаракону писарони дустрӯй бо либоси зебову мавзуни тоҷикӣ диққати ҳамагонро ба сӯйи хеш ҷалб карданд.

Ба ин истироҳатгоҳи хушманзари соҳили Волга аз Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Самара, Новокузнецк, Перм, Липецк ва соири шаҳру вилоятҳои дигари Русия 70 кӯдаки тоҷик бо сарпарастии 10 саргурӯҳ ва устодон барои истироҳат омаданд.

Соли панҷум аст, ки Созмони Иҷтимоии тоҷикони Русия - «Нур» барои фарзандони аъзоёни ин созмон барномаҳои истироҳатӣ ва омӯзишӣ дар риштаи «инсоншиносӣ» доир мекунад. Ҳадаф аз он - ошно сохтани атфол бо маънавиёт, расму оин ва фарҳанги

миллии хеш мебошад.

Кӯдакон вобаста ба синну сол ва дараҷаи донишашон ба гурӯҳи хурдсолон (аз 11 то 13-сола) ва наврасон (аз 14-16-то сола) тақсим мешаванд зеро, ҳар гурӯҳ барномаи хоси таълимии худро дорад.

Усули таълим – раҳпаймоӣ аз назарияи илмӣ ба сӯйи амалия аст, яъне дар давоми рӯз тифлакон бо таъриху фарҳанг, дину оин, пояҳои одобу ахлоқи миллӣ ва шоҳасарҳои адабиёти классикии форс-тоҷик ошно шуда, шомгоҳон дар заминаи донишҳои ҳосилшуда ҳаргуна намоиши ибратомезу дилошубро ба саҳна мегузоранд.

Намоишномаҳои «Калила ва Димна», «Ҳазору як шаб», «Мунозираи ҳайвонот бо одамон» («Ихвон-ус-сафо») ва «Шоҳ Махмуд ва вазири оқил» басо пандомез, ибратбахш ва таъсирбахш буданд. Кӯдакон дар мавриди ба саҳна гузоштани ҳар мавзӯъ таърихи гузаштаро бо диққат омӯхта, бо дасти худ тамоми лавозимоти саҳна, аз ҷумла либосҳои рангоранги шарқи қадим, шамшер, сипар, табарзин, найза, тиру камон, тахту кулоҳ ва дигар навъи олотро тайёр карданд. Гурӯҳи калонсолон намоиши «Тӯйи шугнонӣ»-ро ба дараҷаи аъло нишон доданд.

Дар баробари ошно шудан бо фарҳанг ва оини худ кӯдакон, албатта, рақсу сурудҳои замонавии русӣ, аврупоӣ ва шарқиро низ моҳирона иҷро карданд. Бояд зикр кард, ки аксарияти кӯдакон бори аввал қадам ба сӯйи худшиносӣ заданд, бори аввал бо забони модариашон суруд хонданд, ва бори аввал рақсҳои тоҷикиро иҷро карданд. Вале боз ҳам меваи аввал ширину гуворо буд. Рақси помирӣ дар иҷрои Фотима ва Фахриддин аз вилояти Екатеринбург то ҳол ҳам пеши назарам ҷилвагар аст.

Мардумони маҳаллие, ки дар «Игуменка» истироҳат мекарданд, ҳамчунон мухлиси ҳунари кӯдакони мо гашта буданд ва ҳар шаб ба толор ҳозир мешуданд. Иддае ҳатто бар он буданд, ки мо хосатан кӯдакони лаёқатмандро гирд овардаем.

Дар поёни истироҳат аз саргурӯҳамон - доктори кӯдакон Шаҳлои Муродалӣ - сокини шаҳри Самара, ки дар корҳои ташкилотӣ тули ин чанд рӯз басо заҳмат кашида буд, пурсидам: «Оё кор бо кӯдакон барои шумо мушкил нест?»

Вай гуфт: «Албатта чандон осон нест, вале чун аз ранҷи мо билохира ганҷ ҳосил шуд, ман аз чунин ранҷ лаззат мебарам, мисли он, ки кишоварзи ранҷбар аз бардошти ҳосилаш лаззат мебарад ва мисли варзишгаре, ки баъди азият аз ғолибияти худ лаззат мебарад. Вақте, ки дили кӯдаконро ба даст меорӣ, вақте, ки дар рӯзи охир дар гирди гулхан тифлакон ҷамъ меоянд, дар қалби кас як суруре пайдо мешавад, зеро эҳсос мекунӣ, ки бо меҳнати худ мардумро бо ҳам дӯст гардонда ва ба асли худ пайваст намудӣ. Ба ҳамин хотир ман соли чаҳорум аст, ки тобистон мураххасӣ гирифта, ба унвони ризокор бе музд бо кӯдакон кор мекунам ва аз созмони «Нур» ҷиҳати фароҳам овардани чунин шароити мусоид барои кӯдаконамон сипосгузорам».

Барномаҳои аз тарафи кӯдакон таҳияшуда, бояд дараҷаи муассирияти мавзӯъҳои таълимиро собит намояд. Албатта, дар давраи нисбатан кутоҳи омӯзиш ба маъно ва моҳияти осори бузургони гузаштаи мо, аз қабили Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Румӣ, Шайх Аттор ва дигар муттафакирон сарфаҳм рафтан ва осори таҳлилшударо ба маърази намоиш гузоштан кори саҳл нест. Вале, чуноне, ки дидем, кӯдакони хушзеҳн тавонистанд моҳияти осори классиконро ба хубӣ дарк намоянд.

XS
SM
MD
LG