Пайвандҳои дастрасӣ

Думаи давлатии Русия дар ҷаласаи навбатии худ рӯзи чоршанбе созишномаи танзими қарзи давлатии Тоҷикистон аз Русияро ба тасвиб расонд.

Ҳамчунин созишномаи илҳоқӣ дар мавриди бозпардохти вом ба василаи додани маркази оптикии электронии назорати кайҳонии «Норак» ва сармоягузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтудаи-1» дар Тоҷикистон имзо шуд.

Созишномаро Дмитрий Панкин муъовини вазири молияи Русия барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард. Раиси Кумитаи Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракулманофеъ дар Думаи давлатӣ Алексей Островский эълом кард, қарзи Тоҷикистон дар пеши Русия соли 2002 наздик ба 324 миллион доллар буд. Ба гуфтаи раиси кумитаи Дума, Тоҷикистон феълан замони хеле мушкилро ба сар мебарад ва ин қарз барои вай бори сангини дигар шудааст.

Бино ба гузоришот Русия бар ивази ин қарз, 75 садсади саҳмияи нерӯгоҳи «Сангтудаи-1»-и Тоҷикистонро дар ихтиёр гирифтааст ва онро ширкати барқи РАО ЕЭС месозад, дар ҳоле. ки саҳмияи кишвари хориҷӣ дар берун набояд аз 49 дарсад беш бошад.


Ёдовар мешавем, ки созишномаи қарзи Русияву Тоҷикистон моҳи декабри соли 2002 ва бахши илҳоқии он соли 2004 дар Маскав ба имзо расида буд. Бино ба ин ду созишнома, ҷониби Тоҷикистон муваззаф шуд, ки маркази назорати кайҳонии «Норак»-ро ба Русия бидиҳад ва 50 миллион доллар қарзи худ аз Русияро ба эҳдоси неругоҳи барқи обии «Сангтуда-1» сармоягузорӣ намояд.

Мутаххассисон мегуянд, маркази назорати кайҳонии «Норак», ки беш аз 240 миллион доллар арзиш дорад ва парвози тамоми ҷисмҳои парвозкунанда, аз ҷумла беш се ҳазор мушаки ҷосусӣ ва таҳқиқотиро дар умуқи 40 ҳазор километри кайҳон пайгирӣ мекунад, пурра ба ихтиёри Русия дода мешавад. Маркази назорати кайҳонии «Норак» ба ҳадафҳои низомӣ истифода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Панкин, муъовини вазири молияи Русия, дар ҷаласаи Думаи давлатӣ гуфтааст, Русия аз созишнома бо Тоҷикистон амалан иншооти муҳими раҳбурдие ба даст хоҳад овард, ки аз ҳисоб хориҷ кардани он ҳамагӣ як миллион доллар масраф мехоҳад.

XS
SM
MD
LG