Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои ҷаҳон ба интихоботи Русия


Вазири умури хориҷии Фаронса ҳодисаи Русияро "интихоботи русӣ" номид.
Вазири умури хориҷии Фаронса ҳодисаи Русияро "интихоботи русӣ" номид.

Ин вокунишҳо аз табрикҳои муҳтотона, орзуи ҳамкориҳои оянда, танқиду накуҳиш ва дар моварои ин ҳама аз сукути маънидор низ таркиб ёфтаанд.

Ба назар мерасад, аксаран онҳое садо баланд мекунанд, ки худро масъули як вокунише ба ин маъракаи Русия медонанд. Мамолики дигар ё ин заруратро надоранд ва ё паёмашон вижаи раҳбарони Русия аст, на барои ом.

Ба натиҷаҳои эълонкардаи Кумисюни марказии интихоботии Русия, Дмитрий Медведев дар курсии раёсатҷумҳурии ин кишвар Владимир Путинро иваз хоҳад кард.

Президенти Амрико, Ҷорҷ Даблю Буш, гуфт, хуш аст, бо Медведев ҳамкорӣ кунад. Раиси Кумисюни Аврупо, Хосе Мануэл Бароззо изҳори эътимод кард, ки Бруссел ва Маскав коршарикии стратегиро таҳким хоҳанд дод.

Сухангӯи ин кумисюн, Кристиан Ҳоҳман афзуд, Аврупо хоҳони беҳбуди муколама бо Русия аст: "Аз нигоҳи мо, муколама ҳамеша беҳтар аз бастани дар аст. Ин аст, ки мо мехоҳем, Русияро ба баррасии амиқи ҳамаи масъалаҳои дуҷониба ҷалб кунем. Аз ҷумла нигарониҳо аз озодии матбуот, рушди демократия, озодии таҷаммуъ, нигарониҳо аз ҳуқуқи инсон ва ғайра."

Сарвазири Бритониё, Гордон Браун, гуфт, ба ҳукумати нави Русия аз руи рафтораш баҳо хоҳад дод.

Аммо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аз хилофкориҳо дар интихоботи президентии Русия изҳори таассуф карда, вазири умури берунаи Фаронса, Бернар Кушнер, онро интихоботе ба сабки русӣ номид, ки натиҷаҳояш аз пеш маълуманд.

Дар ҳоле ки Шӯрои Аврупо ба номи Дмитрий Медведев табрикномаи гамре фиристода, хостори таҳкими равобити Аврупо бо Русия шуд, Андреас Гросс, раҳбари ҳайати нозирон аз Маҷмаъи порлумонии ин шуро, яке аз чанд гурӯҳи ками нозирони байнулмилал, ба хабарнигорон дар Маскав гуфт, "имкониятҳои демократии интихобкунандагони рус" беистифода монданд.

Ҷаноби Гросс мегӯяд, интихобот дар дастрасии баробари номзадҳо ба расонаҳои ахбори мо ва маҳфилҳои иҷтимоӣ пешрафте ба бор наовард ва адолати интихоботро зери шубҳа гузошт.

Узви дигари ин ҳайат, Найгел Эванс мегӯяд, мақомоти Русия мебоист интихобкунандаро сазовори эътимоди бештар мекарданд ва сабқатро бо рақибони арзанда ба роҳ мегузоштанд.

Ширкаткунандагони як сабқати арзанда, аммо на дар Русия, балки Амрико, Ҳилларӣ Клинтон ва Барак Обама, ҳарду аз интихоботи Русия интиқод карданд. Клинтон пирӯзии Медведевро оғози марҳилаи ақибнишинии демократия дар Русия номид ва Обама, бо дилсардӣ тазаккур дод, ки интихоботи Русия на озод буд ва на одилона.

Аммо гармтарин паёми табрикӣ ба Маскав аз Белград фиристода шуд. Сарвазири Сербия, Войислав Коштунитса гуфт, Медведев "пирӯзии бузурге" ба даст овард. Ба қавли матбуъот, ин посухи Сербия буд ба пуштибонии Русия аз Белград дар масъалаи Косово.
XS
SM
MD
LG