Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев. "Асои пир ба ҷои пир?"


Дмитрий Медведев, президенти ояндаи Русия.

Дмитрий Медведев, президенти ояндаи Русия.

Раҳбари ояндаи Русия, Дмитрий Медведев бо кадоме аз президентҳои Осиёи Марказӣ наздикии бештар хоҳад дошт?

Бо онки интихоботи президентии Русия ба охирин марҳилаҳои худ мерасад ва гумоне нест, ки натиҷаи ниҳоии он ғайриинтизор касеро ба ҳайрат хоҳад овард, сарони кишварҳои ҳамсуд мулоқотҳои минбаъдаи худро бо Дмитрий Медведев ба ҳайси президенти нави Русия бо як зарра эҳсоси эҳтиёт тасаввур мекунанд.

Вай оё чӣ сиёсатеро дар пеш хоҳад гирифт? Айнан мисли Путин хоҳад буд ва ё бо роҳи дигаре пеш хоҳад рафт? Муносибати шахсии ӯ бо президентҳои дерина чӣ гуна сохта хоҳад шуд?

Ин суолҳо дар ин лаҳзаҳо шояд дар Тошканду Еревон ё Бишкеку Душанбе ҳамзамон матраҳ мешаванд ва ҳукуматҳои кишварҳои муштаракулманофеъ дар пайи ташхису тасҳеҳи сиёсатҳои хеш дар самти Маскав вазъиятро дар Русия бадиққат дунбол мекунанд.

Шояд дар гузашта ҳам гумону шубҳаҳое буда, ки Владимир Путин дар охирин нишасти сарони кишварҳои ҳамсуд, 22?уми феврал дар Маскав таъкид кард, бо нишасти Медведев дар курсии раёсатҷумҳурии Русия тағйири муҳиме дар муносибатҳо пеш нахоҳад омад: "Маҳз бо ӯ, бо Медведев, мо якҷоя, бевосита, ҳамаи тасмимҳои асосиро гирифтаем, аз ҷумла дар сиёсати хориҷии марбут ба Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд.

Аслан, Медведев яке аз муаллифони сиёсати чандинсолаи Русия дар ин самт аст. Биноъан, ба назари ман, дар ин самт ягон тағйири инқилобӣ рӯй нахоҳад дод, зеро Дмитрий Анатолйевич яке аз муаллифони сиёсати Русия дар ин самт мебошад."

Аксари сиёсатшиносон низ бар инанд, ки Медведев ҳамчун президенти, ба истилоҳ, таъинкардаи Путин, сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Путинро идома хоҳад дод. Намунаи барҷастаи ин тадовумро онҳо дар сафари Медведев ба Сербия мебинанд, он ҳам дар рӯзҳои шиддат ёфтани рӯёрӯии Русия бо Ғарб дар масъалаи Косово.

Евгений Волк, раиси Бунёди "Мерос" дар Маскав бо ишора ба ҳамин сафари Медведев ба Белград мегӯяд: "Ин як намоише буд, нишон диҳад, ки сиёсати Русия идомадор аст ва Медведев аз Путин фарқе нахоҳад дошт. Ба ибораи дигар Медведев дар машварат бо Кремл паём медиҳад, ки сиёсати берунаи Русия тағйир нахоҳад кард."

Ин нуктаро худи Медведев низ ҳангоми сафари таърихияш тасдиқ кард. Вай гуфт, мақсади асосӣ аз ин сафари кӯтоҳ таъкиди пуштибонии Русия аз Сербия дар муқобили эъломияи истиқлолияти Косовост. Мо Сербияро як давлати якпорча мешуморем, ки ҳуқуқаш ба ҳамаи қаламрави он густариш дорад. Вале бархе аз коршиносон мегӯянд, набояд аз Медведев такрори қадам ба қадами роҳи Путинро интизор буд. Онҳо ба тафовутҳои ду раҳбар ишора мекунанд.

Дар ҳоле ки Путин дастпарварди хадамоти амнияти Русия аст, Медведев дар хонаводаи профессорҳо тарбия гирифта, устоди донишгоҳ, мӯътоди фанновариҳои компютерӣ ва ҳам соҳибкори бозорёб будааст.

Бо вуҷуди он ки ҳам Путин ва ҳам Медведев аз мактаби ҳуқуқдони саршинос ва раҳбари фоқиди Петербург, Анатолий Собчак гузаштаанд, Медведев ба дастгоҳи марказии ҳукумати Русия на бо пешниҳоди Путин, балки машварати собиқ раиси дафтари президент Елтсин, Волошин омадааст. Ва дар давраи кор дар ин дастгоҳ ва ҳамчунин мудирияти ширкати азими "Газпром" бо бархе аз президентҳои Осиёи Марказӣ равобити қаблӣ низ доштааст.

Равоншиносон пас аз таҳқиқи хислатҳои Медведев гуфтаанд, вай бештар пайрав ва иҷрокунанда буда, дар марҳилаҳои ҳассос эҳтиёткорона, аммо қатъӣ маҳорати шахси пешбар ва тасмимгирандаи мустақилро низ нишон додааст. Биноъан, бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки агар на дар марҳилаи аввал, шояд дар давоми кори худ, Медведев ҳувият ва истиқлоли бештар нишон диҳад.
XS
SM
MD
LG