Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони байнулмилалии ҳоvии ҳуқуқи башар «Ҳюман Райтс Вотч» гузориши тозаи худро дар мавзӯъи нақзи ҳуқуқи башар дар Ингушистон муаррифӣ кард.

Ба навиштаи муаллифони гузориш, дар ҳошияи фаъолшавии дастаҳои мусаллаҳи пинҳонкор дар ҷумҳурии Ингушистон теъдоди нақзи ҳуқуқи башар, аз сӯи кормандони сохторҳои қудратӣ ҳам меафзояд. Даҳҳо сокинони Ингушистон рабуда, шиканҷа ва бе ҳукми додгоҳ қатл карда шудаанд.

Намояндаи созмон Рэйчел Дембер дар маросими муаррифии гузориш гуфт, ҳамла ба мардуми осоишта аз сӯи кормандони давлатӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ ҷинояти сангин аст. Вай афзуд, ҳукумати Русия, чун ҳар як мақомоти дигар ҳаққи қонунии анҷоми бозрасӣ ва таъқиби ҷинояткоронро дорад, вале ин амал бояд дар мутобиқат бо меъёрҳои миллӣ, байнулмиллалӣ ва башарӣ анҷом шавад. Дар айни ҳол боиси таассуф аст, ки мақомоти Русия ин меъёрро муроъот намекунанд.

Муаллифони гузориш аз қавли мардуми деҳаи Алиюрти Ингушистон навиштанд, ки «низомиёни сар то по мусаллаҳ ба деҳ медароянд, одамонро мезананд ва бозпас мераванд, ҳеҷ кас тавзеҳ намекунад. Мақомоти ҷумҳурӣ ва фармондеҳии сохторҳои қудратӣ гӯё намедонанд, ин корро кӣ кард. Ин тоқатфарсост».

Муҳаққиқи созмони Ҳюман райтс Вотч дар Русия Татяна Локшина мегуяд, вазъи дохилии Ингушистон феълан замони амалҳои низомии поксозӣ дар Чеченистони чанд соли пешро ба ёд меорад. Хулосаи муҳофизони ҳуқуқ ин аст, ки вазъ дар ин ҷумҳурии қафқозии Русия, бо 300 ҳазор аҳолӣ, солҳои ахир шадидан буғранҷ шудааст ва агар тадбирҳои лозим андешида нашавад, Ингушистонро бӯҳрони густурдаи башарии шабеҳ ба Чеченистон фаро мегирад.

Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳурии Ингушистон Мурод Зязиков тайи чанд нишасти хабарӣ эълом кардааст, ки вазъ дар кишварро дар даст дорад. Ин дар ҳолест, коршиносон, аз ҷумла сардабири рӯзномаи электронии «Кавказский узел» Григорий Шведов, мегуянд, Зязиков дар кишвараш аз эҳтироми хос бархурдор нест, ҳамвора бо мухолифин дар сангар қарор дорад. Пуштибони аслии Зязиков Кремлин аст, вале идомаи ин хушунат ба суди Маскав ҳам нахоҳад буд.

Гузашта аз ин, моҳи марти соли равон намояндагони Анҷумани фавқулоддаи мардуми Ингушистон тайи як паём аз мақомоти олии Русия В. Путин ва Д. Медведов хоста буданд, ки барои нармсозии вазъ дар ҷумҳурӣ мусоидат намоянд.

Созмони дидбони ҳуқуқ ҳам ба унвони ҳукумати Русия, Шӯрои Аврупо ва дигар ҳамкорони байнулмиллалии Русия тавсиянома таҳия кардааст. Муҳофизони ҳуқуқ ба ҳукумати Русия тавсия кардаанд, ки амалияи эъдомҳои ғайридодгоҳӣ, ғоибшавии ҷабрӣ, одамрабоӣ ва дигар намудҳои поймолсозии ҳуқуқи башар аз сӯи сохторҳои қудратӣ дар Ингушистон бе таъхир қатъ карда шавад.

XS
SM
MD
LG