Пайвандҳои дастрасӣ

Русия боз Роғунро мехоҳад


Тасмими бозгашти дубораи Русия дар симои ширкати РАО ЕЭС ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ахиран ба яке аз мавзӯъҳои меҳварии таҳлилгарони сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон табдил шудааст.

Дар ин сӯҳбатҳо бештар ба ин суол посух пайдо кардани мешаванд, ки оё воқеан Русия нерӯгоҳи Роғунро бунёд карданист ва ё боз ҳам анҷоми тарҳи мазкурро ба дарозо кашида ва дар зимн аҳдофи минтақавии худро амалӣ хоҳад кард?

Тасмими дубораи ширкати Русия дар бунёди нерӯгоҳи Роғунро раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин як ҳафта қабл дар Душанбе дар поёни нишасти сарони кишварҳои узви созмони иқтисодии АвруОсиё эълон карда буд. Ба дунболи ин Анатолий Чубайс, раиси ширкати РАО ЕЭС-и Русия, низ се рӯз қабл пас аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҷониби Русия дар бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун омода аст.

Ба назари таҳлилгарони тоҷик, Русия боз ҳам сарнавишти Роғунро дар дасти худ гирифтанист. Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки тарроҳони тасмимоти ахири Русия дар мавриди ширкати ин кишвар дар бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун, яъне Владимир Путин, раиси ҷумуҳур ва Анатолий Чубайс, раиси ширкати РАО ЕЭС тақрибан дар нимаҳои соли оянда курсиҳои худро тарк хоҳанд гуфт. Пас ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад, ки сарнавишти нерӯгоҳи барқи обии Роғун чӣ хоҳад шуд ва он афроде, ки ба курсии раисҷумҳури Русия ва раиси ширкати РАО ЕЭС хоҳанд омад, сиёсати онҳо бо Тоҷикистонро идома медиҳанд ва ё на?

Ин ҳам боз дар ҳолест, ки Узбакистон ҳанӯз ҳам хилофи бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон аст. Ахиран вазири хориҷаи ин кишвар Владимир Норов дар ҷаласаи маҷмаи кулли СММ гуфтааст тарҳҳои энержии обии кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ва Қирғизистон худро бе машварати зарурӣ бо Ӯзбакистон ва бидуни дарназаргирии омилҳои эколожӣ амалӣ кунанд, кишвараш масъалаи пардохти ҷубронро дар ҳузури ин ин кишварҳо хоҳад гузошт.

Яъне тарҳи Роғун ба мавзӯъи хеле ҳасоси минтақаӣ табдил шудааст ва, ба гуфтаи таҳлилгарон, Русия низ чунин вонамуд мекунад, ки бе дахолат ва ҳузури ин кишвар ин масъала бе ҳал боқӣ хоҳад монд.

Иддае аз таҳлилгарон тоҷик ҳадафҳои ниҳонии Русия аз ин тарҳро ном мебаранд. Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, Русия аз ширкат дар Роғун ҳадафҳои худро дорад ва мехоҳад бо бунёди нирӯгоҳ тавлидоти аслии барқи Тоҷикистонро дар даст дошта ва аз тариқи он, дар сурати содироти ин барқ ба Афғонистон ва Покистон, ба ин кишварҳои зери нуфузи Амрико то ҳадде фишор биёрад. Вай ҳамчунин мехоҳад бо ҳузураш дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон нуқтаи заъфи кишвари ҳамсояи он ва кишвари барояш муҳими ин минтақа - Узбакистонро зери даст дошта бошад.

Аммо феълан мақомоти энержии Тоҷикистон мӯътақиданд, ки ин бор тасмими Русия дар бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун ҷиддӣ аст. Русия ҳам дар робита ба таъсиси консорсиуми байналмилалии бунёди нирӯгоҳи Роғун бо Бонки ҷаҳонӣ мулоқоти нахустини худро анҷом додааст, аммо натиҷаи ин мулоқот ҳанӯз мушаххас нест.

XS
SM
MD
LG