Пайвандҳои дастрасӣ

Ричард Боучер аз Душанбе дидан мекунад


Ричард Боучер, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ

Ричард Боучер, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ

Ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ Ричард Боучер рӯзи душанбе, 20 апрел, аз пойтахти Тоҷикистон боздид мекунад.

Як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар ҷараёни дидор ва мулоқотҳои оқои Боучер бо мақомоти Тоҷикистон баррасии ҷузъиёти қарордодест, ки истифодаи ҳарими ҳавоӣ ва қаламрави Тоҷикистон ба манзури транзити молҳои ғайринизомӣ барои таъмини нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистонро иҷозат медиҳад.

Амрико дар мавриди транзити молҳои ғайринизомӣ то ҳол бо Русияву Қазоқистон ва Узбакистон, ки мисли Тоҷикистон бо Афғонистон марзи мустақими тӯлонӣ дорад, низ тавофуқ бастааст. Ричард Боучер рӯзи чоршанбеи гузашта айни масъала – истифодаи роҳҳои заминӣ ва ҳарими ҳавоии Туркманистон – ба хотири транзити молҳои ғайринизомӣ ба Афғонистонро дар Ишқобод бо раиси он ҷумҳурӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов баррасӣ кард. Ёвари вазири хориҷаи Амрико ба дунболи ин мулоқот гуфт, Вошингтон умедвор аст, ки тавофуқ бо Туркманистон бар сари ин масъала ҳатман ба даст хоҳад омад.

Ба эътиқоди бархе, тайи солҳои охир, ҳадди ақал аз соли 2005 ба ин тараф Амрико зоҳиран ба Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи чандоне нишон намедод. Аммо Ричард Боучер дар Ишқобод гуфт, ки маъмурияти нави Амрико рӯи Осиёи Марказӣ таъкиди бештар мекунад. Оқои Боучер дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ташреҳ кард, ки таъкиди бештар чӣ маъно дорад:

“Ба назари ман, сафарҳо, сафарҳои сатҳи олӣ, равобити саросарӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамҷавор рӯи масоили Афғонистон ва равобит дар бахшҳое, чун кишоварзӣ ва энержӣ. Мо ба қадри кофӣ фаъол ҳастем, вале дар масоили барқ ва мавзӯъҳои дигари назири ин мо хеле фаъолтар хоҳем шуд. Аммо ман фикр мекунам, шумо шоҳиди сафарҳои бештаре ба ин минтақа хоҳед шуд. Мо талош дорем ҳаҷми барномаҳои имдодии худро низ биафзоем. Ва мо мехоҳем бо кишварҳои Осиёи мкрказӣ рӯи масоили Афғонистон ва мавзӯъҳои дигар ҳамкории хеле танготанг дошта бошем.”

Вошингтон дар ҳоле мехоҳад рӯзи Осиёи марказӣ таъкиди бештар кунад, ки ба эътиқоди гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар, кишварҳои Ғарб, минҷумла Амрико, манфиатҳои амниятиву энержии худ дар ин минтақаро назар ба масоили ҳуқуқи башар болотар гузоштаанд. Ба бовари бархеи дигар, ниҳодҳои демократӣ ва худи таҷрубаи демократия дар ин қаламрав аз ҷониби ҷомиаи байналмилалӣ, аз ҷумла аз сӯи Амрико ба таври бояду шояд расидагӣ намешавад.

Аммо Ричард Боучер дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар посух ба ин иддаҳо гуфт, “ман фақат он чиро бигӯям, ки худ анҷом медиҳам. Дар ҳар мулоқоте, ки ман доир мекунам, ва ҳар боре, ки ман ба ин ҷо сафар мекунам, масоили ҳуқуқи башар дар баробари масоили дигар ҳамеша матраҳ мешавад. Ман ба тозагӣ ду рӯзро дар Туркманистон ба сар бурдам. Мо кулли масоил – сар карда аз Афғонистон то масоили энерживу маорифу кишоварзӣ ва демократияву ҳуқуқи башарро баррасӣ кардем. Ва мо ҳамеша талош мекунем, рӯи ҳамаи ин масоил мурур кунем. Мо як мавзӯъро гаравгони мавзӯъи дигар намекунем, вале дар ҳар як сафар ва ҳар як мулоқоти ман дар ҳар як кишвари Осиёи марказӣ масоили ҳуқуқи башар ҳамеша матраҳ ҳаст.”

Ричард Боучер, ёвари вазири хориҷаи Амрико, дар ин гуфтугӯи ихтисосӣ ҳамчунин ба нақши Амрико дар ташвиқи ҳамкориҳои бештар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пардохт ва дар ин робита гуфт, “мо бо ҳамаи онҳо ҳамкорӣ дорем, бавижа дар бахши осон кардани тиҷорат. Мо дар мавриди тиҷорат ва сармоягузорӣ қарордод дорем. Дар ҳоле, ки ман ин ҳафтаро дар он минтақа ба сар мебарам, як мақоми дигар аз намояндагии тиҷоратии мо ба хотири мусоидат ба рушди муштараки онҳо бо ҳамаи он кишварҳо пиромуни беҳбуди роҳҳои тиҷорат, беҳбуди қоидаҳои гумрукӣ гуфтугӯ хоҳад кард. Бархе корҳоро мо алакай анҷом додем, аз ҷумла ба бунёди пул байни Тоҷикистону Афғонистон мусоидат кардем. Ин пул бо роҳҳое мепайвандад, ки дигарон, аз ҷумла Ҷопону Чин ва Бонки осиёии рушд бунёд кардаанд. Аммо дар натиҷа шоҳроҳе ба даст омад, ки Алма-Аторо бо Карочӣ мепайвандад. Ҳамин тавр, мо талош дорем бо ин кишварҳо роҷеъ ба қавоид ва фазои тиҷоратӣ кор кунем, то мардум имкони бештари тиҷорат ва дастрасӣ ба бандарҳоро ба даст биёранд. Чунин масоил зиёд аст. Мо рӯи мавзӯъҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ тамаркуз кардаем. Дигарон, аз ҷумла Созмони Милал, бо ин кишварҳо рӯи масоили об ҳамкорӣ доранд. Ва мо ҳамеша рӯи имконоти иртиботи онҳо бо Афғонистон фикр мекунем, аз ҷумла рӯи нирӯи барқ, то ки мутмаин шавем, ки Афғонистон дигар барои онҳо як дарди сар нест, балки як имконияти тозае барои онҳост.”

Таваҷҷӯҳи Амрико ва паймони низомии НАТО ба истифодаи бештар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар амри транзити муҳимот барои нирӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон ба хусус дар пайи афзоиши ҳамалот ба корвонҳои низомӣ дар ағбаи Хайбари Покистон бештар шуд. Ағбаи Хайбар то кунун масири аслии таъмини нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон маҳсуб мешуд, вале ҳамлу нақли молу коло тавассути ин масир дар ин авохир хеле хатарнок шудааст.

Тасмими Қирғизистон, ки аз нерӯҳои Амрико тақозо кардааст, то поёни тобистони имсол пойгоҳи ҳавоии Манас дар ҳошияи Бишкекро тарк кунанд, Вошингтонро водор кард, рӯи таҳқиқи имконоти кишварҳои дигари минтақа ба хотири таъмини нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон бо шитоби бештаре бияндешад. Тоҷикистон транзити молҳои ғайринизомӣ ба Афғонистонро тавассути қаламраваш усулан иҷозат додааст ва тибқи тавофуқ сухан дар бораи аз 150 то 200 контейнер дар ҳафта меравад. Ва ба эҳтимоли ғолиб, Ричард Боучер дар Душанбе ҷузъиёти ҳамин тавофуқро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG