Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

К. Райс барои сипари мушакӣ ба Чех меравад


Коршиносон сафари вазири корҳои хориҷаи ИМА ба Прагаро гоми умда дар роҳи истиқрори сипари мушакии Амрико дар Аврупои Марказӣ меноманд.

Интизор меравад, зимни сафараш Кондолиза Райс, вазири корҳои хориҷаи ИМА, бо мақомоти Прага созишнома дар бораи насби радари зидди ҳамалоти мушакь дар қаламрави ин кишварро ба имзо расонад.

Вошингтон мегӯяд, ҳадаф аз насби ин система ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии кишварҳои саркаше монанди Эрон ва Куриёи Шимолӣ мебошад, ки бо Амрико душманӣ доранд ва мушакҳои дурпарвоз низ месозанд. Баъди имзои созишнома онро бояд порлумони Ҷумҳурии Чех ба тасвиб расонад, ки ба ақидаи таҳлилгарон кори саҳл нахоҳад буд. Тибқи назархоҳиҳо аз се ду қисми аҳолии ин кишвар ҷойгиршавии системаро нолозим хондаанд.

Бо вуҷуди ин Вошингтон умед дорад Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон якдилона тарҳи пешниҳодкардаашро дастгирӣ мекунанд ва Кондолиза Райс зимни сафараш ба ҳар кадом аз ин кишварҳо имтиёзҳоеро пешниҳод карданист, ки бояд аҳолиро қаноатманд намояд.

Як ҳафта пеш Лаҳистон эълом дошт, ки ба ҷойгиркунии 10 мушаки амрикоь то ҳол розигиашро надодааст ва гуфтушунидҳо дар ин бора идома доранд. Сокинони Лаҳистон ба ин лойҳа низ шадидан мухолифанд.

Русия тарҳи Амрико барои ҷойгиркардани сипари зидди мушакӣ дар аврупои Марказиро таҳдид ба амнияти худ хонда, гуфтааст, ки ин тарҳ ба сабқати нави мусаллаҳшавӣ замина мегузорад. Москва ҳушдор дод, ки агар сипари зидди мушаки насб гардад, мили мушакҳои худро ба сӯи Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех мегардонад.

Райс кушиш хоҳад кард, ки зимни сафараш ба Прага мақомоти Маскавро дубора итминони хотир диҳад, ки ин тарҳ барои Русия ягон хатар эҷод намекунад. Қаблан раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш зимни мулоқоташ бо раисиҷумҳури собиқи Русия Владимир Путин ба ин ҳадаф расида натавонист. Бо вуҷуди ин онҳо таъаҳҳуд карда буданд, ки барои аз байн бурдани танишҳо гомҳои муштарак бардоранд.

Тибқи нақша, насби система бояд соли 2009 оғоз ёфта, дар солҳои 2012 ё 2013 ба кор дарояд. Чунки бино бар иттилоъи истихборотии Амрико, соли 2015 Эрон қобилияти партоби мушакҳо ба қаламрави ИМА-ро хоҳад дошт. Чанде пеш Эрон дар бораи истеҳсоли мушаки нави «Ашуро» хабар дод, ки гуфта мешавад қодир ба парвоз дар масофаи 2000 километр мебошад ва метавонад Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ховари Миёнаро мавриди ҳадаф қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG