Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳои НАТО барои амалиёти вижа дар Ҳилманд


Садҳо хонаводаи афғон, ки дар вилояти Ҳилманд дар қаламрави зери назорати Толибон ба сар мебаранд, маҳалли зисти худро тарк мекунанд. Интизор меравад, дар ин вилоят амалиёти густардаи нерӯҳои НАТО ва артиши Афғонистон сурат бигирад.

Залмайхон яке аз ҳазорон нафар сокинони вулусволи Марҷаи вилояти Ҳилманд аст, ки баъд аз сарусадоҳо дар бораи амалиёти густардаи зидди Толибон дар ин минтақа маҳали зисти худро тарк кардааст. Имрӯзҳо сарусадоҳо дар гардиш аст, ки ин амалиёт ҳар лаҳза метавонад оғоз шавад.

Залмайхон мегӯяд, "мо деҳаи худро барои он тарк кардем, ки дар рӯзҳои наздик дар он ҷо ҷанг ва бомбборон шурӯъ мешавад. Ман мехоҳам бачаҳои худ ва хонаводаи худро наҷот диҳам".

Чунин сару садоҳо на танҳо Залмайхон, балки ҳазорон нафари дигар аз сокинони вилояти Ҳилмандро дар остонаи амалиёти нируҳои НАТО ва артиши Афғонистон нигарон кардааст.

Хабарнигори радиои Озодӣ дар вилояти Ҳилманд дар гузориши худ мегӯяд, сокинон ба вулусволиҳои атроф ба Бобоҷӣ, Нодалӣ, Герешк фирор мекунанд. Бисёриҳо роҳ ба сӯи Лашкаргоҳ-маркази виляоти Ҳилманд ё минтақаҳои наздик ба Қандаҳорро пеш гирифтаанд ва он ҷойҳоро барои худ то андозае амн медонанд.

Дар истгоҳи Лашкаргоҳ автобусҳое, ки аз Марҷа меоянд, пур аз фирориҳо мебошанд. Гузашта аз ин дар имтидоди роҳ мошинҳо зиёди борбарро метавон дид, ки молу дороии ин хонаводаҳоро аз Марҷа интиқол медиҳанд.

Мавлодод, ронандаи як мошини борбар, ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфтааст, дар рӯзҳои ахир вай аз ин роҳ даҳҳо бор рафту омад кардааст.

Ҳазорон сокини Ҳилманд дар остонаи амалиёти НАТО маҳалли зисти худро тарк мекунанд
Ғулом Форуқ Нурзай дар вилояти Ҳилманд раҳбарии бахши паноҳҷӯёнро бар ӯҳда дорад. Вай дар бораи вазъи пешомада мегӯяд, "мо як кумиссиюни фаврӣ ташкил додем ва 15 000 нафар паноҳҷӯро ба нақша гирифтаем. Як ҳайатеро ҳам барои дидор бо мақомоти кӯмакҳои башарии СММ барои аҳолии ҷануби Афғонистон фиристодаем. Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Барномаи хорбори СММ ва Оҷонси паноҳҷӯёни СММ ин нақшаи моро пазируфтанд".

Нурзай ба радиои Озодӣ гуфтааст, аҳолии маҳал аз амалиёти низомӣ ба таври ваҳшатбор нигарон мебошанд. Ба гуфтаи вай, баъзе аз сокинон дар хонаҳои худ зиндагиро идома медиҳанд, зеро ҷое барои рафтан надоранд. Вале вақте, ки амалиёт шурӯъ мешавад, сели паноҳҷӯён ба Лашкаргоҳ ва минтақаҳои наздик ба Қандаҳор сарозер мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, "ҳоло ҳудуди 400 то 500 хонавода ба Лашкаргоҳ омадаанд. Кумиссиюни фаврии мо ин мардуми беҷошударо сабти ном мекунанд. Мо дар мактаб маркази паноҳҷӯён ташкил додаем ва ба зудӣ онҳоро ба он ҷо мебарем".

Ҳоҷӣ Акбар Муҳаммад, сокини Марҷа мегӯяд, амалиёти Толибон дар ин минтақа ногузир аст, зеро Толибон аҳолиро метарсонанд ва муқаррароти худро ҷорӣ мекунанд. Ҳамзамон дар атрофи марҷа нерӯҳои НАТО ва артиши Афғонистон посгоҳҳои худро мегузоранд, то онҳо аз фирори Толибон аз минтақа пешгирӣ кунанд.

Дар вилояти Ҳилманд тақрибан 10 000 нерӯи НАТО зери фармондеҳии Британия ва ҳудуди 15 000 нафари дигар нерӯҳои дарёии Амрико мустақар мебошанд. Интизор меравад, ки дар амалиёт ҳазорон нафар нерйҳои дигари Афғонистон низ ба онҳо ҳамроҳ шаванд.
XS
SM
MD
LG