Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Э. Раҳмон бо тоҷикон дар Русия


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Э. Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 21 феврал дар Маскав бо намояндагони муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот кард.

Вале намояндагони ҷунбиши иҷтимоъии «Муҳоҷирони кории Тоҷикистон» ба ин мулоқот роҳ наёфтанд. Мулоқоти раиси ҷумҳур бо созмони «Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия» дар меҳмонхонаи «Президент-отел»-и Маскав пушти дарҳои баста гузашт. Дар он ба ҷуз хабарнигороне, ки дар рикоби раиси ҷумҳури аз Тоҷикистон омадаанд, дигар хабарнигорон роҳ наёфтанд, аз ҷумла бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар Маскав.

Нуктаҳои калидии ин мулоқотро ба радиои Озодӣ дар Маскав, узви раёсати созмони «Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия» аз Санкт-Петербург Назари Мирзода арза кард. Вай гуфт, қарор буд, ки мулоқот ҳудудан як соат идома ёбад, вале чор соат тул кашид.

Лозим ба ёдоварист, ки «Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия» рӯзи 5 октябри соли гузашта таҳти сарпарастии сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо ширкати як идда аз созмонҳои минтақавии муҳоҷирони тоҷик баргузор шуд ва пизишки тоҷики муқими Маскав Абдулло Давлатов раиси он интихоб гардид.

Ҳамзамон рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Маскав гурӯҳи дигари муҳоҷирон бо баргузории ҷаласаи дигар, ҷунбишеро бо номи «Муҳоҷирони кории Тоҷикистон» таъсис доданд ва низомии бознишаста Кароматуло Шарифовро раис интихоб карданд. Дар ин ҷаласа намояндагони сафорати Тоҷикистон ширкат надоштанд. Ба мулоқоти раииси ҷумҳури рӯзи панҷшанбе дар Маскав намояндагони «Муҳоҷирони кории Тоҷикистон» даъват нашуданд.

Ин масъаларо раиси созмони «Муҳоҷирони кории Тоҷикистон» Кароматулло Шарифов ки ба қавли худаш аз 42 созмони минтақаии муҳоҷирон намояндагӣ мекунад, шарҳ дода, парокандагии муҳоҷирони тоҷик ва ба ду ҷиноҳи бузург ҷудо шудани онҳоро номатлуб номид ва ҳарду гуруҳро ба ваҳдат даъват кард.

Нусхаи даъватномаи мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон. Маскав, 21 феврали соли 2008

Дар ҳамин ҳол сабаби ба мулоқот роҳ надодани хабарнигорон номаълум боқӣ мемонад. Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар пурсиш ба исрори чандинбораи бахши тоҷикии радиои Озодӣ, ки ҳамвора муроқиби аҳволи муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия аст, шоми чоршанбеи охир баъди сукути дароз посух дод, қарор ин аст, ки ба ҷуз наворбадор, аккос ва хабарнигори хоси раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот ҳеҷ хабарнигори дигар иҷозат дода нашавад.

Ин дар ҳолест, ки дар мулоқоти ҳамсон, руасои ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Арманистон ҳамроҳ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар ҳамин «Президент отел» ширкат кардаанд ва нишасти онҳо аз тариқи расонаҳои хабарии Русия ба таври густурда пахш шуд.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар нахустин боздиди худ аз Маскав дар дафтари оҷонси давлатии ИТАР-ТАСС дар робита ба бедоди пулиси Русия дар қиболи муҳоҷирони Афғонистон эълом кард, «ман бо истифода аз ҳузури хабарнигорон талаб мекунам, ки бедод бас карда шавад».
Аммо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз суҳбати хабарнигорон дар ҳоле сарфи назар кард, ки тайи ҳафтаи ахир 3 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули як зан, аз дасти миллатгароён кушта ва 6 нафар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи Владимир Пронин, раиси пулиси шаҳри Маскав, танҳо дар пойтахт тайи соли 2007 959 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамлаи скинхедҳо қарор гирифтаанд. Беш аз 5 ҳазор муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Русия ба сар мебаранд, беш аз 50 ҳазор муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз Русия ихроҷ шудаанд ва то 5 сол ҳақи бозгашт ба Русияро надоранд. Бархе аз расонаҳои Русия вожаи тоҷикро ба истилоҳи таҳқиромез табдил додаанд.

Ин дар ҳолест, ки донишмандони пажуҳишгоҳи мардумшиносии Фарҳангистони Русия тайи як таҳқиқоти густурда ҳануз дар соли 2002 дар рӯзномаи «Независимая газета», чопи Маскав, ба мақомоти Тоҷикистон тавсия карда буданд, аз матбуот барои боло бурдани эътибори кишвар, давлат ва мардуми худ истифода намоянд, ба далели ин ки ҷаҳони имрузаро се чиз - иттилоот, пул ва кадр - идора мекунад.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқот бо муҳоҷирон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, сари мизи гуфтушунид нишаст, вале мавзуъи суҳбат эълом нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG