Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон барои мулоқот бо Боқиев ба Суғд рафт


Эмомали Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 15–уми май, бо як барномаи дурӯзаи корӣ ба Хуҷанд омад.

Дар рӯзи 16–уми май мулоқоти вай бо Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон, дар назар гирифта шудааст. Ба ақидаи коршиносон ва таҳлилгарон, дар ин гуфтугӯ Раҳмон ва Боқиев дар Суғд умдатан масъалаҳои марзӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъи ин кишварҳо дар масъалаи истифодаи захоири обӣ ва энергетикии минтақаро матраҳ хоҳанд кард. Ҳарчанд дар ин маврид мавқеъи ин ду кишвари поёноби захоири обии Осиёи Марказӣ дар баробари кишварҳои болооб – Узбакистон ва Қазоқистон ҳамсон ба назар мерасад, аммо худи ин кишварҳо дар минтақаи марзии Исфараву Ботканд дар истифодаи обу замини фаромарзӣ вориди муноқишаву талош гаштаанд.

Коршинос Бобоҷони Икром мегӯяд, дар вазъи кунунӣ аз ҳалли ин масъалаи калидии танзими истифодаи захоири обӣ, ҳамзистӣ ва ҳамкориҳои ояндаи кишварҳои Осиёи Марказӣ вобастагӣ мегирад. Вай афзуд, ки дар ин шабурӯз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз камобӣ ранҷ мебаранд ва кишварҳои болооби Узбакистон ва Қазоқистон аз Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд, ҳол он ки сарчашмаи асосии рӯдхонаи Сир аз Қирғизистон ибтидо мегирад. Аз ин нигоҳ, ба ақидаи Б. Икром, имрӯз ин масъала беш аз пеш хусусияти фарогир касб карда, даст ёфтани давлатҳо дар ҳалли он дар алоҳидагӣ номумкин ба назар мерасад.

Ба назари коршиносон, матраҳ кардани мавқеъҳои ягона дар нишасти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе дар моҳи август низ аз Тоҷикистону Қирғизистон зарурати мавзеъгириҳои ягонаро овадааст. Онҳо мегӯянд, аз ин нигоҳ сарони ин кишварҳо кӯшиш хоҳанд кард дар ҳалли мушкилоти марзии худ низ ба созиш расанд. Ин ду кишвари поёноби Осиёи Марказӣ бар онанд, ки барои об низ дар баробари нафту газ арзиш муайян карда шавад.

Бароталӣ Қушматов, сарвари кулли департаменти хоҷагиҳои оби Қирғизистон, дар як мулоқоти қаблии худ бо сарони мақомоти оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Хуҷанд ин нуктаро чунин бозгӯ карда буд, ки дар оянда кишварҳои минтақа новобаста ба он ки мувофиқанд ё на, бояд бо назардошти манфиатҳои иқтисодии ҳамдигар дар ҳалли ин мушкил кор кунанд .Ба назари вай, захоири обии энергетикии Тоҷикистону Қирғизистон бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, зеро талабот ба нерӯи барқ сол то сол меафзояд.

Аз сӯи дигар, аз нигоҳи коршиносон, дар мулоқоти раҳбарони ҳар ду кишвар бунёди роҳи Исфара – Душанбе, ки тавассути қаламрави Қирғизистон манотиқи шимоли Тоҷикистон бо манотиқи марказиаш пайванд хоҳад дод, матраҳ хоҳад шуд. Бунёди ин роҳ муҳимтарин барномаҳои иқтисодии кишварҳо арзёбӣ мешавад. Дар ҳоли кунунӣ бо баста шудани гарданаҳои Шаҳристону Анзоб дар фасли сармо Суғд ба Душанбе танҳо як роҳи баромад бо убури хоки Узбакистон дорад.

Ифтитоҳи роҳ тавассути Қирғизистон, ки анҷоми он дар соли оянда дар назар гирифта шудааст, Душанберо аз ин ҷиҳат аз вобастагии Тошканд канор хоҳад бурд.

Аммо дар мавриди муноқашаи Ботканду Исфара сари истифодаи якҷояи обу заминҳои фаромарзӣ коршиносон бар онанд, ки бар онанд , ки ин мушкил, ки даҳсолаҳои идома дорад, бидуни гузаштҳои тарафайн ҳал наҳохад шуд. Коршинос Алии Муҳаммадӣ мегӯяд, дар ин маврид бояд ҳар ду ҷониб гузаштҳо кунанд ва дар ҳалли ин мушкил аз усули ягона кор бигиранд. Вай афзуд, ин дар ҳолест, ки боз будани марзҳои муштараки байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамкории ин ду кишвар дар масоили амниятӣ ва муқобала алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи тундгарои ҷиноӣ ҳассосияти бештар мебахшад. Ба ақидаи вай, ин ду кишвар танҳо бо ҳамоҳанг гардонидани мавқеъҳои худ метавонанд бо кишварҳои болооби рӯдхонаи Сир ва Ому дар мавриди об бар ивази нафту газ вориди музокира шаванд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғд беш аз 600 киламетр марзи муштарак доранд, ки ҳанӯз муайян ва нишонгузорӣ нашудааст. Ва ин аз омилҳоест, ки аз нигоҳи коршиносон, дар истифодаи заминҳои фаромарзӣ мушкил пеш овардааст.

XS
SM
MD
LG