Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси журналист дар "девонахона"


Эътирози намояндагони созмони “Хабарнигорони бидуни марз” дар Париж дар робита ба марги хабарнигори рус - Анна Политковская
Эътирози намояндагони созмони “Хабарнигорони бидуни марз” дар Париж дар робита ба марги хабарнигори рус - Анна Политковская

Гузориши солонаи созмони “Хабарнигорони бидуни марз” (ХБМ) вазъи озодии матбуот дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро бад номидааст.

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” дар гузориши солонааш мақомоти расмии кишварҳои ҷаҳонро дар “нотавонӣ, буздилӣ ва дурӯягӣ” дар амри дифоъ аз озодии баён айбдор карда, гуфтааст, “бемӯҳрагии бархе аз кишварҳои Ғарб ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба зиёни озодии матбуот анҷом мешавад.” Дабири кулли ин созмон Роберт Менард аз ҷумла таҳти фишори кишварҳое чун Эрону Узбакистон ақиб нишастани Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро мисол оварда, Иттиҳоди Аврупоро ба интиқод кашидааст, ки нисбат ба ҳокимони худкомае, ки таҳримоти ин созмон асарашон намекунад, қатъият нишон намедиҳад.

“Хабарнигорони бидуни марз” ҳамин тавр дар гузориши солонааш вазъи озодии матбуот дар аксари кишварҳои шӯравии пешинро бад ва бархӯрди аксари давлатҳои пасошӯравӣ нисбат ба матбуотро “ғайридӯстона” хондааст. Элза Видал, раҳбари бахши Аврупо ва Шӯравии собиқ дар ин созмон, гуфт, вазъ барои хабарнигорон дар бахши аъзами кишварҳои шӯравии собиқ, аз ҷумла дар Русия, бад шудааст.

Ин созмон дар гузориши солонааш мегӯяд, хабарнигороне, ки раҳпаймоии эътирозии мухолифинро пайгирӣ мекарданд, дар Маскав, пойтахти Русия ҳамагӣ ҳафтае пеш аз интихоботи парлумонӣ боздошт шуданд. Тайи соли гузашта дасти кам ду хабарнигори рус ба табобати иҷборӣ дар бемористонҳои амрози равонӣ маҳкум шудаанд. Ин таҷрубаи дар чашми ҷомеъа “ақлгумкарда” нишон додани мунаққидони давлат, ки дар даврони Шӯравӣ фаровон истифода мешуд ва акнун дар Русия дубора ба он бармегарданд, боқии мардумро аз мухолифати ошкор алайҳи режим манъ мекунад.

Элза Видал аммо мегӯяд, вазъи озодии матбуот дар Беларус бамаротиб бадтар аз ҳар куҷои дигар буда, тайи соли гузашта заррае беҳ нашудааст. Ба қавли ӯ, дар масъалаи таъқибот ва сонсур Беларус худ як нусхаи хеле монанди Иттиҳоди Шӯравист. Дар Озарбойҷон низ айни таъқиби хабарнигорони мустақил ва мухолифи давлат аз сӯи мақомоти расмӣ тайи соли гузаштаи 2007 низ идома пайдо кардааст.

Аммо дар Украина вазъи матбуот баъди инқилоби норанҷӣ ва ба қудрат расидани Виктор Юшенко хеле беҳтар шудааст. Вале ба эътиқоди намояндаи “Хабарнигорони бидуни марз”, таҷзияи ин кишвар ва матбуоташ ба сангарҳои мухталифи сиёсӣ дар кайфияти кори расонаҳо низ таъсири сахте гузоштааст ва аз ин рӯ, ҳатто ин кишварро ҳам наметавон ба сифати намунаи ибрат дар масъалаи озодии баён овард.

“Хабарнигорони бидуни марз” вале вазъи озодии матбуот дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказиро бад хондааст. Аммо Элза Видал, раҳбари бахши кишварҳои Аврупо ва Шӯравии собиқ дар ин созмон, мегӯяд, намешавад гуфт, ки вазъ дар ҳама кишварҳои ин минтақа яксон аст. Ба гуфтаи вай, «Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дучори мушкилоти сахте нестанд, ки як хабарнигори узбак ҳар рӯз ба он сарукор мегирад. Ин кишварҳо гирифтори мушкилоте ҳам нестанд, ки дар кишварҳои мустабиде чун Туркманистон вуҷуд доранд».

Туркманистон дар гузориши солонаи ин созмон, ки маҷмӯъан вазъи озодии матбуот дар 98 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад, дар баробари Эритрея ва Куриёи Ҷанубӣ ҳатто яке аз давлатҳои аслии таъқибкунандаи матбуот унвон шудааст.

XS
SM
MD
LG