Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав ва Тошканд лулаи нави газ месозанд


Нахуствазири Русия Владимир Путин ҳини боздид аз Тошканд, 2-уми сентябри 2008

Нахуствазири Русия Владимир Путин ҳини боздид аз Тошканд, 2-уми сентябри 2008

Маскав ва Тошканд дар мавриди эҳдоси як лулаи гоз аз Туркманистон тавассути Узбакистон ба Русия ба тавофуқ расиданд.

Ба гуфтаи Владимир Путин, нахуствазири Русия, Туркманистон ва Узбакистон судури гози худро сол то сол афзоиш медиҳанд ва эҳдоси чунин лула метавонад судури физояндаи гози ин ду кишварро ба бозорҳои ҷаҳонӣ таъмин кунад. Оқои Путин баъд аз мулоқот бо президент Каримов дар Тошканд имрӯз, 2-уми сентябр, зимни суханони худ ба матбуъот изҳор дошт, ки гози Узбакистон бо нархҳои аврупоӣ харидорӣ хоҳад шуд ва чунин тавофуқот бо Узбакистон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Владимир Семаков, намояндаи "Лукойл"-и Русия, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, "ҷониби Узбакистон гози худро мефурушад. Вале барои мо ин тарҳ хеле муфид аст, барои он ки мо табиатан гозро на бо нархҳои дохилии Русия мефурушем, балки метавонем бигӯем, ки бо нархҳои байнулмиллалӣ мефурушем".

Ҷониби Русия аз додани ҷузъиёти бештар дар бораи сохтмони ин лулаи гоз худдорӣ кард, вале Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон изҳор дошт, ки лулаи нав дар баробари ду лулаи дигари гоз, ки аз солҳои Шӯравӣ мондаанд ва қабл аз расидан ба Русия аз Туркманистону Узбакистон ва Қазоқистон мегузаранд, сохта мешавад. Ба гуфтаи оқои Каримов, Узбакистон барои судури гоз хостори ҳамкорӣ бо Русия аст: "Мо омодаем қаламрави худро барои сохтмони ин лулаи гоз бигзорем, ки аз Узбакистон мегузарад. Мо дар он мафиъати худро мебинем, пеш аз ҳама манфиати тиҷоратӣ. Ва, албатта, мо уҳдадориҳои худро дар баробари Русия низ иҷро мекунем".

Ин изҳороти Каримов дар ҳоле садо медиҳад, ки Русия бо Чин ва Ғарб барои дастрасӣ ба захоири ғании энержӣ дар Осиёи Марказӣ, ба вижа дар Туркманистон, рақобат мекунад. Туркманистон қавл додааст, ки бо вуҷуди душвориҳои ҷуғрофиёӣ ва сиёсӣ судури гозу нафтро ба Русияву Чин ва Аврупо афзоиш медиҳад. Аз сӯи дигар, талошҳои Русия барои таҳкими равобит ва густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марҳалае мушоҳида мешавад, ки муносиботаш бо Ғарб барои эътирофи ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетиёи Ҷанубӣ сард шудааст.

XS
SM
MD
LG