Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Фоҳишаҳои мо ҳамто надоранд, аммо Трампро бо ин харидан гумон аст


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, Доналд Трамп барои вақтгузаронӣ бо духтарони сабукпо дар Маскав зарурат надошт, зеро ӯ ба сифати созмондиҳандаи сабқати зебоӣ бо зеботарин занҳои дунё сӯҳбат мекард. "Трамп вақте ба Маскав омад, ҳатто ёд надорам, ки ин кадом вақт буд. Он замон ӯ сиёсатмадор набуд. Мо ҳатто дар бораи ғаразҳои сиёсии ӯ чизе намедонистем", - гуфт Владимир Путин дар нишасти матбуотӣ.

"Трамп танҳо як тоҷир буд"

Ба дунболи ин, дар матбуоти Амрико баҳс оғоз шуд, ки ҳукумати Путин дар тӯли солҳои зиёд гӯё роҳи таъсиррасонӣ бар Трампро, ки борҳо ба Маскав рафта буд, ҷустуҷӯ мекард.

Вай афзуд, "Доналд Трамп танҳо тоҷир ва яке аз сарватмандтарин одамони Амрико буд. Шумо фикр мекунед, ки хадамоти махсус аз пайи ҳар миллонери амрикоӣ мепояд? Албатта не, ин танҳо як ҳарза аст."

"Дуюм. Гӯё Трамп омаду дарҳол ба назди фоҳишаҳои Маскав давид. Ӯ як инсони баркамол аст, ба ғайри ин, солҳо сабқати зебоӣ созмон додааст. Ӯ бо зеботарин занҳои дунё сару кор дошт. Ман ба сахтӣ тасаввур мекунам, ки ӯ барои мулоқот бо духтарҳои сабукпойи мо ба меҳмонхона дивидаст", - афзуд Путин ва таъкид кард, "албатта, фоҳишаҳои мо дар ҷаҳон ҳамто надоранд, аммо гумон намекунам, ки Трамп бо ин харида мешавад."

"Фоҳишагӣ падидаи зишти иҷтимоист, аммо..."

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Владимир Путин дар ин нишасти матбуотӣ гуфт, "фоҳишагӣ - ин падидаи зишти иҷтимоӣ аст. Аммо одамоне, ки маводди тақаллубӣ фармоиш медиҳанд ва онҳое, ки ҳоло бар зидди президенти мунтахаби Амрико пахш мекунанд, месозанду мебофанд ва дар муборизаҳои сиёсӣ истифода мекунанд, онҳо бадтар аз фоҳишаҳоянд, онҳо ягон маҳдудияти маънавӣ надоранд." "Ба назар мерасад, ки баъди гирифтани тамрин онҳо мехоҳанд дар Вашингтон "майдон" ташкил кунанд, то нагузоранд, ки Трамп корашро сар кунад", - хулоса кард ҷумҳури Русия.

BuzzFeed тӯдаи ахлот аст?

Шарҳи Путин дар заминаи гузорише буд, ки шабакаи телевизионии CNN онро 11 январ пахш кард ва дар он омада буд, гӯё Русия алайҳи Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, маводи бадномкунанди хусусӣ ва молиявӣ дорад. Ба дунболи ин, сомонаи BuzzFeed гузориши 35-саҳифаиро дар ин робита нашр кард.

Ба дунболи ин, дар матбуоти Амрико баҳс оғоз шуд, ки ҳукумати Путин дар тӯли солҳои зиёд гӯё роҳи таъсиррасонӣ бар Трампро, ки борҳо ба Маскав рафта буд, ҷустуҷӯ мекард. "BuzzFeed тӯдаи ахлот аст ва онҳо барои ин амал ҷавоб хоҳанд дод. Онҳо аз маъзаратхоҳӣ оғоз мекунанд", - гуфт Трамп дар шарҳи нашри матлабҳои бадномкунанда дар нахустин нишасти матбуотияш, ки рӯзи 11 январ баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG